Бузургтарин тамрини низомии шаш кишвар дар наздикии марзҳои Афғонистон

Тамринҳои муштараки низомии 6 кишвари Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо номи “бародарии шикастнопазир 2019” дар наздикии марзҳои Афғонистон оғоз шуд.

Александр Лопин, фармондеҳи неруҳои низомии минтақаи марказии Русия дар ин замина изҳор дошт: “имрӯз тамриноти муштарак байналмилалӣ бо номи “бародари ишикастнопазир 2019” дар хоки Тоҷикистон, оғоз шудааст. Дар ин тамринот 6 кишвари Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доранд.

Вай афзуд: “бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти нопойдори ҷаҳонӣ ва авзои вахим дар Афғонистон, иқдомоти муштараки кишварҳои ширкаткунанда, нишонгари азми кишварҳои мо барои таъмини амният дар минтақа бар мабнои қонун аст.”

Размоиши “бародарии шикастнопазир 2019” дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар аввалин марҳила тавассути неруҳои вокуниши сареъи минтақаи Осиёи марказӣ, амалиёти зиддитеррористӣ барои аз байн бурдан ва масдуд кардани гурӯҳҳои размӣ ва ҷудосозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ анҷом хоҳад шуд.

Дар марҳилаи дувум неруҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, амалиётеро барои ҳифзи сулҳ дар Осиёи марказӣ анҷом хоҳанд дод, ки дар ин ҷамъ кишварҳои Арманистон ва Беларус ҳам изофа хоҳанд шуд, ин машқҳои низомӣ то 24 октябр баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад