Душанбе мизбони намошигоҳи байналмилалии Тоҷикистон-2019

Рӯзҳои 24-26 октябри соил ҷорӣ дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2019” баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Утоқи бозаргонӣ-санъатии Тоҷикистон, ширкаткунандагони тадбир дар майдони 600 метри мураббаъ маҳсулоти худро намоиш хоҳанд дод. Ҳадафи аслии намоишгоҳ рӯнамоии маҳсулоти ширкату корхонаҳои кишварҳо мебошанд.

Утоқи бозаргонӣ-санъатии Тоҷикистон таҳти пуштибонии ҳукумати кишвар мубтакири намоишгоҳ аст.

Дар намоишгоҳ Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон, Чин, Қазоқистон, Русия ва Эрон маҳсулоти худро рӯнамоӣ мекунанд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти заминаҳои энержӣ, таробарӣ, логистика, санъати сабук, кимиёӣ ва кӯҳӣ, мошинсозӣ, фулӯзот, кишоварзӣ, беҳдошт ва гардишгарӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар чорчӯби намоишгоҳ ду нишасти соҳибкорон барпо хоҳад шуд. Нахустин нишасти сеҷониба рӯзи 24 октябр бо ширкати Тоҷикистон, Афғонистон ва Беларус барпо хоҳад шуд. Дар нишасти дувум, ки рӯзи 25 октябр баргузор мешавад, соҳибкорони ширкаткунандаи намоишгоҳ дидор мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад