Интихоби муҳоҷири меҳнатӣ баъд аз санҷишҳои ҷиддӣ

Дар Русия муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро ба таври интихобӣ ба кор қабул мекунанд

Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар маркази муҳоҷирати Русия баъди санҷишҳои ҷиддӣ барои кор интихоб мекунанд

Ҳамаи муҳоҷирон бояд ба ҳамаи талаботҳои пешбинишуда омода буда, аз ҷумла курси забони русиро бояд гузаранд.

Пеш аз сафар ба Русия шаҳрванд дар Тоҷикистон  санҷида мешаванд, ки  қайди суди дорад ё на.

Лоиҳаи мазкур дар асоси созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон ба Думаи давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод шудааст.

Владимир Груздев, роҳбари идораи Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносҳои Русия гуфт: “Аз Тоҷикистон ба Русия алакай муҳоҷирони кории омӯзонидашуда меоянд, ки маҳорату малака ва кордонии онҳо алакай аз санҷиш гузашта шудааст. Ҳамчунин муҳоҷирон аз санҷиши тиббӣ гузашта, ба таёрии касбӣ, омӯзиши забони русию асосҳои қавонини Русия фаро гирифта мешаванд. Дар ин ҳол пешбинӣ шудааст, ки санҷиши тиббӣ дар ҳудуди Русия гузаронида шавад”.

Худи созишнома дар бораи иҷозаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия баҳори соли ҷорӣ ба имзо расида шуда буд.

Ин созишнома баҳри тартибу низоми муҳоҷирати меҳнатӣ пешбинӣ шудааст, ки дар заминаи таваҷуҳи ҳарду ҷониб амалӣ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад