Гуфтугӯи президентҳои Тоҷикистону Туркманистон ба густариши ҳамкориҳо

 Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон дар гуфтугӯии телефонӣ бар густариши ҳамкориҳо таъкид карданд.

Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар гуфтугӯ телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ, 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатик байни ду кишварро табрик гуфт.

Бердимуҳаммадов бо таъкиди муҷаддад ба тамоюл ва омодагии Туркманистон барои густариши пайвастаи ҳамкориҳои чандҷониба бо Тоҷикистон, ибрози итминон кард, ки равобити байнидавлатӣ аз тариқи талошҳои муштарак ба нафъи мардуми ду кишвар тавсеа ва тақвият хоҳад шуд.

Тарафайн густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, равобити фарҳангӣ, башардӯстона ва парлумонӣ ва ҳамчунин соири ҷанбаҳои равобит дар чорчӯби мушорикати роҳбурдиро мусбат арзёбӣ карданд.

Раисҷмҳури Туркманистон бо истифода аз фурсат, аз кумаки шахсии раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷиҳати тавсеаи равобити дуҷониба ташаккур кард.

ТоҷикистонТуркманистон
Comments (0)
Add Comment