Русия ИДМ ва ИИАО-ро дар авлавияти ҳамкориҳои иқтисодии худ донист

Дар консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад.

Дар консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад.

Ба гузориши манбаъ:

Ҳамкории Русия бо кишварҳои узви ИИАО ва Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳким ёфта истодаанд, изҳор дошт ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Санкт-Петербург Екатерина Лебедева дар сӯҳбат бо Sputnik.

Вай таъкид намуд, ки яке аз самтҳои аслии равобити иқтисодию сиёсии Русия, ин ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.

Ҳамкориҳои гуманитарӣ низ бо ин кишвар дар авлавият қарор дошта, аз маориф то тандурустиро фаро мегирад, афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Лебедева, мавҷудияти ҳудуди ягонаи гумрукӣ ва муштаракоти забонӣ барои роҳандозии равобит, аз ҷумла додугирифт мусоидат мекунад.

ТПП, ки аз ҷумла санадҳои содиротиро низ медиҳад, бар асоси ин ҳуҷҷатҳо содироти коло асосан ба кишварҳои узви ИИАО ва Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоли густариш аст, илова намуд вай.

Ӯ афзуд, ки аз ҷониби дигар низ талошҳо амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла дар мавриди таъмини маҳсулоти нассоҷию кишоварзӣ, ба монанди меваю сабзавот.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.

Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.

Дар миёнаҳои моҳи август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҳама навъҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ қобили амаланд, аммо иқтидори онҳо ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст, мегӯд сухангӯи раисҷумҳури Русия.

Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Федератсияи Русия номида.

Ӯ қайд кард, ки Русия муносибатҳои дуҷонибаи қариб бо ҳамаи онҳо ба ҷуз Гурҷистон ва Молдова дорад.

Вай дар мусоҳиба бо сомонаи “Аргументы и факты” гуфт:  Идомаи матлаб дар …

 

ИДМИИАОРусия
Comments (0)
Add Comment