Эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмии шаҳрвандон, байни кишварҳои ИИАО

Эътирофи унвонҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ИИАО бидуни тақозои ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва расмиёти зиёдатӣ сурат мегирад.

Эътирофи унвонҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ИИАО бидуни тақозои ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва расмиёти зиёдатӣ сурат мегирад.

Ба гузориши манбаъ:

Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмӣ шурӯъ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.

Созишномаи миёни кишварҳои узви иттиҳодия дар ин бора аз 2 май эътибори қонунӣ пайдо кард.

Дар иттилоия омадааст:

“Аз 2 май Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷаҳои илмӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки 8 июни соли 2023 дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё ба имзо расида буд, эътибор пайдо кард”.

ИИАО қайд кард, ки ҳоло ҳуҷҷатҳои миллӣ дар бораи дараҷаи илмии шаҳрвандони кишварҳои “панҷгона”-и Авруосиё барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар давлати дигари иттиҳод ба таври худкор эътироф карда мешаванд.

КИАО таъкид кардааст, ки ин ба истиснои ҳолатҳое мебошад, ки дорандагони ин гуна ҳуҷҷатҳо барои ба қабул шудан ба корҳое довталаб шаванд, ки дар онҳо ёрдампулиҳои давлатӣ ё имтиёзҳо барои гирифтани дараҷаи илмӣ муқаррар гарданд.

КИАО таъкид кард:

“Созишнома ба баланд бардоштани ҳаракати мутахассисони баландихтисос нигаронида шудааст ва ба рушди озодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард”.

Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.

Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.

Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар мавриди он, ки шомил шудани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба кӣ писанд нест, номзади илмҳои таърих Евгений Коренев назар дод.

Пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасдиқи муваффақияти ин созмон хоҳад буд.

Ин андешаро номзади илмҳои таърих, коршиноси Пажуҳишгоҳи масоили актуалӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии ВКХ Русия, Евгений Коренев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.

Вай гуфт:  идомаи матлаб дар …

 

ИИАОунвонҳои илми
Comments (0)
Add Comment