Путин ва Раҳмон дар Кремл чӣ гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон дар сафари расмӣ ба Русия ва бо даъвати Владимири Путин бо вай дидору гуфтугӯ карадаст.

Мулоқот пас аз режаи низомӣ бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх баргузор шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни музокирот бо раҳбари Русия қайд кард, ки ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл ба обрӯи миллат таъсири ҷиддӣ расонидааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл, ки дар содир кардани он зодагони Тоҷикистон гумонбар мешаванд, ба обрӯи миллат таъсири манфии ҷиддӣ расонидааст.

Раҳмон гуфт: “Терроризм миллату мазҳаб надорад, ватан надорад, мо бояд бо он мубориза барем Мо худамон инро аз сар гузаронидаем ва то ҳол зиёда аз 30 сол аст, ки мубориза мебарем. Мо медонем, ки ифротгароӣ чист”.

Раҳбари Тоҷикистон ба он ишора кард, ки маҳз душманон мехоҳанд миёни ду кишвар низоъ андозанд, аммо Русия барои Тоҷикистон шарики стратегӣ аст.

Раисиҷумҳури Русия ҳам изҳор дошт, ки равобити Маскав ва Душанбе дар аксари бахшҳо фаъолона рушд меёбанд.

Путин гуфт: “Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад”.

Вай афзуд, равобити Маскаву Душанбе дар бисёр бахшҳо фаъолона рушд мекунад.Роҳбари Русия дар ин мулоқот аз ҷумла таъкид кард, ки хадамоти иктишофии ду кишвар барои вокуниш ба хатарҳои террористӣ кор мебаранд.

раҳбари Русия гуфт: “Хадамоти махсуси мо барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ кор доранд. Терроризм- ин таҳдид ба ҳама кишварҳост, ҳам барои Русия ва ҳам Тоҷикистон”.

Путин ҳамчунин ба Раҳмон барои суханони тасаллият пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл изҳори ташаккур кард.

Президенти Русия гуфт: “Шумо яке аз аввалинҳо будед, ки дар робита ба ҳамлаи террористӣ таъзия баён кардед”.

Роҳбарони Тоҷикистону Русия зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор чораандешиҳои муассир барои ҷиҳати рафъи мушкилот дар соҳаи муҳоҷиратро таъкид карданд. Барои ҳалли масоили марбути муҳоҷирати корӣ ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Русия дар муҳлати наздик музокирот анҷом хоҳанд дод.

Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳарду ҷониб дар муҳлатҳои наздик музокирот доир намоянд.
Танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд.

Дар самти мубориза бо терроризм Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зарурати боз ҳам ҷоннок гардонидани ҳамоҳангиҳо ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ду кишварро таъкид карданд, афзуд дафтари матбуоти президент.

Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 май зимни як сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро, барои ширкат дар таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Маскав даъват кард.

Рӯзи ҒалабаРусияТоҷикистонҳамлаи террористиЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment