Бозҳам яке дигар аз аъзои “Гурӯҳи 24” дар Русия “гум”ва  дар Боздоштгоҳи Душанбе “ёфт” шуд

Пайвандонаш гуфтанд, бо гузашти чанд ҳафта дараки Сулаймон Ҷобировро ёфтанд. Ин муҳоҷири 43-солаи тоҷик 8-уми апрел дар шаҳри Самараи Русия ба таври мармуз "гум" шуда буд.

Пайвандонаш гуфтанд, бо гузашти чанд ҳафта дараки Сулаймон Ҷобировро ёфтанд. Ин муҳоҷири 43-солаи тоҷик 8-уми апрел дар шаҳри Самараи Русия ба таври мармуз “гум” шуда буд.

Ҳоло, ба иттилои наздиконаш, дар Боздоштгоҳе дар шаҳри Душанбе аст ва ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24”, созмони мухолифи ҳукумат, муттаҳам мешавад.

Яке аз пайвандони Сулаймон Ҷобиров рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Як муфаттиш ба падараш тамос гирифта, гуфтааст, Сулаймон дар Боздоштгоҳ аст ва иттиҳомаш ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24”. Падараш ба Душанбе рафт ва бо ӯ гап зад. Аз аҳволаш хабардор шуд. Вакили мудофеъ дорад”.

Талошҳои мо барои гирифтани назари мақомот то ин дам натиҷа надод. Муфаттишон ба пайвандони Сулаймон Ҷобиров гуфтаанд, ӯ тайи тақрибан даҳ соли охир таҳти ҷустуҷӯ буд.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи “Гурӯҳи 24”, рӯзи даҳуми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Сулаймон Ҷобиров ҳашт сол боз узви ин созмон нест ва ҳеч робитае бо онҳо надорад.

Саидӣ афзуд :

“Соли 2016 дар як ҷаласаи созмон довталабона аз узвияти “Гурӯҳи 24″ даст кашид ва дигар ҳеч майле барои ҳамкорӣ ё пайвастан нишон надод”.

Сулаймон Ҷобиров зодаи ноҳияи Вахш ва соҳиби шаш фарзанд аст. Солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Самараи Русия қарор дошт.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин созмони мухолифи ҳукумат, норӯшан аст. Онҳо дар моҳҳои феврал ва марти имсол дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. То ҳол дар куҷо ва таҳти чӣ шароит будани онҳо маълум нест.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Манобеи наздик ба мақомоти Тоҷикистон рӯзи 20 марти соли 2024  ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” тасдиқ карданд, ки раиси ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24“ Сӯҳроб Зафарро алакай ба Тоҷикистон овардаанд.

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдоди” дар фурудгоҳи Душанбе гуфт, ӯ ва ба эҳтимоли ғолиб як ё ду нафар аз ёрони наздикашро ҳанӯз рӯзи ҷумъаи гузашта, 15 марти соли 2024 бо парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Истанбул ба Душанбе оварданд.

Ҳамсуҳбати “Бомдоди”нақл кард:

“Он рӯз тарафҳои шом буд, ки ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Истанбул расид. Баробари дар фурудгоҳ нишастанаш як микроавтобуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо афсарони мусаллаҳ ба назди зинаҳои ҳавопаймо рафта истод. Аввал Сӯҳроб Зафар ва ҳамроҳонашро фароварданд, баъд ба мусофирони дигар иҷозати фаромадан доданд. Ростӣ, намедонам, ки як нафари дигар буд ҳамроҳаш ё ду нафар. Вале танҳо набуд Сӯҳроб Зафар”.

Ин ва боз як манбаи дигари наздик ба мақомоти амниятӣ ба “Бомдоди” гуфтанд, ки он рӯз ҳатто раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Саймумин Ятимов барои гирифтану бурдани Сӯроб Зафар шахсан ба фурудгоҳ омада буд. Идомаи матлаб дар …  

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад