Фурӯ рехтани сутунҳои Исроил – 01

 Саҳюнистҳо имрӯз бештар аз ҳар замоне ба фикри рафтан ё мондан дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд, зеро дар асари ҳаводиси чанд соли ахир ба хусус баъд аз амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” ва амалиёти “Ваъдаи содиқ” ҳафт сутуни режими хабис фурӯ рехта ва ин шикаст ҳамчунон идома дорад.

Солҳо пеш ба тадриҷ як миллион саҳюнист қасд карданд, ки дигар ба Фаластини ишғолӣ барнагарданд, аз ин рӯ ба кишварҳои ғарбӣ рафтанд. Бо ин ҳол 6-7 миллион саҳюнист ҳамчунон боқӣ монданд. Онҳо дар ҳафтоду ҳафтумин соли ишғолгарӣ бо мушкили бақои режим рӯбарӯ ҳастанд, дағдағае, ки аз оғоз ҳамзоди Телавив будааст. Саҳюнистҳо пас аз 7 октябр шароити хоссе барои тасмимгирӣ касб карданд. Ин шароит онҳоро водор мекунад то барои мондан ё рафтан беҳтар тасмим бигиранд. Ҳарчанд инсон дар интихоб озод аст, аммо интихобҳои дуруст бештар ба раҳоӣ ва интихобҳои нодуруст ғолибан ба гирифторӣ меанҷомад. Яҳудиёне, ки солҳо пеш тасмим гирифтанд, ки режимро раҳо кунанд, имрӯз ба тасмими худ меболанд ва афроде, ки нахостанд ё натавонистаанд афсӯси зиёд доранд. Чӣ меъёрҳое тағйир ёфта, ки ин гурӯҳ гирифтори тарс ва изтироб ва водор ба тасмимгирии ҷиддӣ намоянд? Дар ин навишта ба чанд далели муҳими ин вазъият ишора мешавад.

  1. Фурӯ рехтани сутуни амниятӣ, иттилоотӣ ва низомӣ

Ҳайбати режим тайи як раванди тадриҷӣ дучори фурӯпошӣ шудааст. Ин ҳайбату бартарӣ абъоди гуногуне дорад, ки дар ҳар марҳила бахше аз он осеби тармимнопазир дидааст. Дар 7 моҳи гузашта, саҳюнистҳо ду бор осебҳои хеле ҷиддӣ дидаанд. Аввал дар 7 октябри 2023, ки неруҳои муқовимат дар минтақаи Навори Ғазза бе воҳима аз қудрати режим аз хутути тамос гузашта ба минтақаи саҳюнистнишини ғилофи Ғазза дар амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” даромаданд. Нокомии дастгоҳҳои иттилоотӣ дар кашфи омодагии амалиёт, нотавонии марокизи пажӯҳишӣ дар равандшиносӣ ва пешбинии вазъият ва нотавонии неруҳои низомии ҳозир дар минтақа дар дафъи ҳамлаи муқовимати Ғазза, расвоии тамомаёр барои Телавив буд. 7 октябр танҳо ба хотири иҷрои махфиёна ва муваффақият дар майдон ба ҳайбати режим зарба назад, балки ба иқдомоти боздорандаи саҳюнистҳо пеш аз ин воқеа низ осеб расонд. Саҳюнистҳо тайи ҷанги соли 2006 бо Лубнон талош карданд, бо вайронии густарда дар маҳаллаи Зоҳияи шаҳри Бейрут, ба дигарон нишон диҳанд, ки ҷанг бо Телавив ба харҷаш намеарзад, ки «докторини Зоҳия» ном гирифт. Амалиёти 7 октябр ин мавзуъро, ки ба гумони саҳюнистҳо боиси боздорандагӣ барои режим мешуд, барбод дод. Дувумин бор амалиёти «Ваъдаи содиқ» буд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон онро дар посух ба ҳамлаи режим ба бахши консулии сафораташ дар Димишқ ва ба шаҳодат расондани 7 мусташори низомӣ ба хусус ду сардори эронӣ дар таърихи 1 апрели 2024 анҷом дод. Теҳрон шомгоҳи 14 ва бомдоди 15 апрел бо партоби садҳо паҳподи интиҳорӣ ва даҳҳо мушаки Круз ва баллистик, муҳимтарин пойгоҳи ҳавоии режим бо номи «Навотим» дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ва як пойгоҳи ҷосусӣ дар «Ҷабалуш-шайх» дар баландиҳои ишғолии Ҷавлонро ҳадаф гирифт. Ҳарчанд Яман пеш аз ин бо ҳамла ба режим дар соли 2023 ба нахустин давлати ҳамлакунанда пас аз соли 1973 табдил шуд, аммо бо амалиёти “Ваъдаи содиқ”, Теҳрон бори дигар хотираи ҳамлаи густардаи соли 1973-ро зинда кард.

  1. Фурӯ рехтани сутуни иқтисодӣ ва рифоҳӣ

Яир Лапид, нахуствазири собиқи режим ва яке аз раҳбарони мухолифони давлати Нетаняҳу ахиран аз рушди паёпайи нархи коло дар сарзаминҳои ишғолӣ шикоят карда мегӯяд: «Ҳар 5 дақиқа» як паёмак дар бораи афзоиши нархҳо меояд, ки метавонад табақаи миёнаро нобуд кунад; табақае, ки яке аз меъёрҳои бархурдории ҷомеа ба ҳисоб меояд. Лапид мегӯяд: Шаҳракнишинон барои харид аз мағозаҳо чунон бепул шудаанд, ки бояд қарз бигиранд.

Расонаи ибризабони Калкалист се моҳ пеш, ки вазъият каме беҳтар буд, гузориш дод, ки харҷи харид аз мағозаҳо моҳиёна 370 шекел (ҳудуди 100$) барои ҳар хонавода бештар шудааст. Аз аввали январи 2024 ширкатҳо то 25% нархҳоро зиёд кардаанд. Ин оморҳо танҳо вазъи бади умумии режимро нишон медиҳад, аммо вазъият барои ҷангзадагон бадтар аз ин аст. Дар ғилофи Ғазза бархе аз шаҳракнишинон ба хонаҳои худ барнагашта ва бисёре аз хонаҳо ва зерсохтҳои осебдида ҳанӯз бозсозӣ нашудаанд.

Дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ вазъият бадтар аз ғилофи Ғазза аст, чун дар маҳдудаи амалиётҳои низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон зиндагӣ доранд. Ҳамлаҳои муқовимати Лубнон то 5-10 километрии даруни манотиқи шимолии режим боиси холӣ шудани 28 шаҳрак шуда ва 100 ҳазор саҳюнистро овора кардааст. Ҳарчанд иддао мешавад, ки аз 65 ҳазор шаҳракнишини ғилофи Ғазза танҳо 15 ҳазор нафар ба ин минтақа бознагаштаанд, аммо дар шимол шароити амниятӣ боис шуда, ки тамоми гурезаҳо вазъияти худро ҳифз карда ва бознагарданд. Аз ин рӯ илова бар дарди оворагӣ, нигаронӣ аз сармоя ва бекориро низ бояд ба дӯш кашанд. Ҳар рӯз, ки аз ҷанг дар шимол мегузарад, манозил, зерсохтҳо, заминҳои кишоварзӣ, коргоҳҳо ва корхонаҳои бештаре хароб мешаванд. Ин вазъият боис шуда, ки шимоли сарзаминҳои ишғолӣ аз даст биравад, чун дар шимол фаластиниҳо низ дар аксарият ҳастанд ва гурехтани саҳюнистҳо сабаби афзоиши нисбати ҷамъиятии фаластиниҳо шудааст. Ба гузориши расонаҳо ва соҳибназарон танҳо раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳои ҶИЭ дар амалиёти “Ваъдаи содиқ” беш аз 1 миллиарду 350 миллион доллар харҷ бар режим бор кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад