Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рухсатнома ҳангоми транзитро лағв хоҳанд кард

Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки ба истифодаи воситаи нақлиёти сабтшуда дар давлати дигар, зимни ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад.

Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки ба истифодаи воситаи нақлиёти сабтшуда дар давлати дигар, зимни ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад.

Ба гузориши манбаъ:

Гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки протоколи тағйироти дахлдор ба созишнома бо Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ имзо шуд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки мувофиқи протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.

Низоми нав баъди тасвиби протокол аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад, илова намуд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Мутобиқи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни ду кишвар, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо, рухсатнома талаб карда мешуд.

Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад, тавзеҳ дод манбаъ.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, дар айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз музокироти ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва имзои протоколи навбатии марзӣ хабар додааст.

Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми шаш рӯз барои аломатгузорӣ намудани марз сари мизи музокирот нишастанд. ВУХ-и Тоҷикистон аз имзо шудани протоколи марзӣ хабар дод.

Бино ба гузориши манбаъ, рӯзҳои 9-14 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад