Дархости мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостаанд, ҷаҳонгардони хориҷиву дохилиро ба як гӯшаи зебои кишвар набаранд, зеро хатари сирояти як бемории хатарнок дар онҷо зиёд аст.

Мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостаанд, ҷаҳонгардони хориҷиву дохилиро ба як гӯшаи зебои кишвар набаранд, зеро хатари сирояти як бемории хатарнок дар онҷо зиёд аст.

ба гузориши манбаъ:

Дархости мазкур дар як номаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои ҷаҳонгардӣ зикр шудааст. Онро рӯзи 28-уми март имзо кардаанд. Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми апрел дид.

Дар он омадааст, бо назардошти онки асри гузашта дар минтақаи кӯҳистонии Саратоғи ноҳияи Айнӣ бемории хатарноки “тоун” хуруҷ карда, 250 нафарро куштааст, беҳтар аст, сайёҳонро ба онҷо набаранд.

Номаро бар асоси тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳия кардаанд, ки гуфтааст, бинобар тағйири иқлим, эҳтимол дорад, манбаъҳои нуҳуфтаи сирояти “тоун” боз шавад ва ба сайёҳон сироят кунад.

Бемории тоун, ки аз хояндаҳо, ба мисли мушу калламуш ва ё суғур метавонад ба инсон гузарад, дар сурати таъхир дар муолиҷа инсонро зуд мекушад.

Бемории мазкур даҳсолаҳо боз дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ду манбаи эҳтимолии беморӣ вуҷуд дорад, ки яке аз ҳам дар Сарағочи Айнӣ ва дигарӣ дар Лахш (Ҷиргатол) аст ва ҳар сол онҷо барои маҳви ангезандаҳои беморӣ корҳои заруриро анҷом медиҳанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

“Камолуддин Мӯъминзода” раиси кумитаи тавсеаи гардишгарии кишвар гуфт: теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар нимсоли аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиши беш аз 34 дарсадӣ доштааст.

Бинобар суханони вай, дар моҳҳои январ – июни соли ҷории мелодӣ ҳудуди 628 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 181 ҳазор ва 867 нафар бештар аст.

Вай афзуд: аз ин теъдод 487 ҳазор 403 нафарро гардишгарони хориҷӣ ташкил доданд, ки 124 ҳазор ва 314 нафар (34.2 дарсад) бештар аз нимаи аввали соли 2022 аст. Аз ин миён, ҳудуди 34 ҳазор нафар аз кишварҳои дӯрдасти хориҷӣ, мобақие, ки беш аз 453 ҳазор нафар баровард шудаанд аз кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ буданд.

5 кишвари аввал, ки шаҳрвандони онҳо бештар ба Тоҷикистон омадаанд, Узбакистон (беш аз 368 ҳазор нафар), Русия (ҳудуди ҳазор нафар), Қазоқистон, Туркия ва Чин ҳастанд.

Раиси кумитаи тавсеаи гардишгарии кишвар ҳамчунин гуфт, ки бар асоси баровардҳо ба таври мутавассит ҳар гардишгар дар Тоҷикистон рӯзона 200 то 250 доллар ҳазина мекунад.

Ба гуфтаи Мӯъминзода панҷумин сол дар Тоҷикистон аст, ки стратегияи тавсеаи гардишгарӣ то соли 2030 иҷро мешавад, ки шомили 3 марҳалаи тавсеаи сареъ (2019-2022), такмили санъатӣ шудани сареъи (2023-2026) ва эҷоди зарфият барои тавсеаи мубтанӣ бар дониш ва навоварӣ (2027-2030) мешавад.

Аз ибтидои соли 2023 дар Тоҷикистон марҳалаи дувуми иҷрои стратегияи тавсеаи гардишгарӣ оғоз шудааст.

Дар ин марҳала таваҷҷуҳи аслӣ ба муаррифии манобеъи гардишгарӣ ба унвони як баранди миллӣ, шаклгирии маҳсулот ва хадамоти гардишгари дар заминаҳои аввалавиятдор, хоҳад буд. Ҳамаи инҳо ба ҷазби гардишгарон аз кишварҳои хориҷӣ кумак мекунад.

Дар тӯли 5 соли гузашта аз оғози иҷрои стратегияи тавсеаи гардишгарӣ дар кишварамон Тоҷикистон беш аз 3.9 миллион нафар ба кишвар сафар кардаанд. Дар соли 2022 аз дар кишвар 999.3 ҳазор гардишгари хориҷӣ боздид карданд, ки 3.4 баробар ё 703 ҳазор нафар бештар аз соли 2021 мелодӣ аст.

Пешбинӣ мешавад, ки то поёни соли ҷории мелодӣ беш аз як миллион меҳмони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад