Пешравиҳои Русия дар Украина ҳамчунон идома дорад

Вазорати дифоъи Русия эълом кард, ки артиши ин кишвар контроли рустое дар наздики шаҳри Донетскро ба даст гирифтааст ва пешравиҳои Русия ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Русия рӯзи душанбе эълом кард, ки неруҳояш контроли рустои Новемихайловка дар 40 километрии ҷануби ғарбии шаҳри Донетски Украинаро ба даст гирифтаанд, ки дувумин пешравӣ дар 2 рӯзи ахир аст.

Ситоди кулли артиши Украина дар гузориши худ эълом кард, ки неруҳои ин кишвар ҳамчунон дар талош ҳастанд монеъи пешравии артиш Русия шаванд.

Вазорати дифоъи Русия дар баёниая эълом кард, ки неруҳои артиши ин кишвар мустақар дар ҷануб, Новемихайловкаро ба таври комил тасарруф кардаанд ва вазъияти токтикиро дар хатти муқаддам беҳбуд бахшидаанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷмҳури Украина рӯзи якшанбе аз Вашингтон хост то ба суръат интиқоли бастаи кумакии Амрико ба Украина шитоб бахшид. Гуфта мешавад таслиҳоти дурбурд ва системаҳои дифоъи ҳавоӣ аввалавиятҳои аслии ин бастаи кумакӣ ҳастанд.

Керемл рӯзи душанбе гуфт, ки кумакҳои ҷадиди Амрико вазъиятро дар хатти муқаддам тағйир нахоҳад дод.

Таҳлилгарони низомӣ мегӯянд сайли таслиҳоти Ғарб бояд шонси Киевро барои ҷилавгирӣ аз пешрафти Русия дар шарқи Украина афзоиш диҳад, аммо гузоришҳо ҳокӣ аз ин аст, ки Украина ҳамчунон бо камбуди неруи инсонӣ дар майдони ҷанг мувоҷеҳ аст.

Лондон аз бузургтарин бастаи кумакии низомӣ ба Украина рӯнамоӣ мекунад

Дар ҳамин росто дар ҳоле, ки Вашингтон ба тасвиби ҳудуди 61 миллиард доллар будҷаи ҷадид барои Киев наздиктар шудааст, Лондон низ барномаҳоеро барои ироаи бузургтарин бастаи кумаки низомии Биритониё ба Киев ошкор кардааст.

Шабакаи русии “Роша Тудей” гузориш кард, нахуствазири Англис “Риши Сунак” имрӯз (сешанбе) дар сафар ба «Варшава» барои гуфтугӯ бо ҳамтои полшаии худ Доналд Туск расман тарҳи кумакҳои ҷадид ба Украинаро эълом хоҳад кард.

Дафтари Риши Сунак дар баёнияе эълом кард, ки бастаи фавқ ба арзиши 617 миллион доллар аст ва шомили беш аз 400 василаи нақлия, 60 қоиқ ва теъдоди фошнашудае аз мушакҳои дурбурди «Сояи тӯфон» аст ва онро «бузургтарин арзаи муҳиммоти ҳаётӣ» хонд.

Риши Сунак дар тавҷеҳи ин кумаки молии чанд сад миллионӣ, муддаӣ шудааст «дифоъ аз Украина дар баробари ҷоҳталабиҳои ваҳшиёнаи Русия барои амнияти мо ва тамоми Аврупо ҳаётӣ аст.

Вай идома дод «агар ба Путин иҷоза дода шавад, ки дар ин ҷанги мутаҷовизона пирӯз шавад, дар марзи Полша мутаваққиф нахоҳад шуд».

Ҷадидтарин даври кумакҳои таслиҳотии Лондон, кумакҳои низомии Биритониё ба Киевро фақат дар соли ҷории мелодӣ ба 3 миллиард павнд мерасоанд. Ин баста ҳамчунин шомили 1600 мушаки таҳоҷумӣ ва падофанди ҳавоӣ ва наздик ба 4 миллион гулӯлаи муҳиммоти силоҳҳои сабк хоҳад буд.

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи шанбе ҳафтаи ҷорӣ, бастаи амниятии 61 миллиард доллариро пас аз моҳҳо ҷанҷол дар Конгресс бар сари дархости ҷумҳурихоҳон аз Кохи Сафед ба манзури тақвияти амнияти марзи бо Мексика, ба тасвиб даровард. Ин лоиҳа ҳамакнун бояд ба тасвиби Сано бо аксарияти демократҳо ва имзои раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дарояд.

Бо инҳол, рӯзномаи англисии «Финаншл Таймс» ба нақл аз мақомҳои украинӣ ва таҳлилгарони низомӣ гузориш кард, ки бастаи ҷадиди кумаки 61 миллиард долларии Амрико, гарчи мумкин аст, муқовимати Киев дар баробари Русияро афзоиш диҳад, аммо барои мутаваққиф кардани мавҷи даргирӣ бо Русия кофӣ нахоҳад буд.

Ранди Ҷорҷ, раиси ситоди артиши Амрико ба муваффақиятҳои Русия дар тақвияти санъати дифоъӣ ва пешравӣ дар майдони ҷанг тайи ду соли гузашта, ба рағми фишори шадиди таҳримҳо алайҳи Русия изъон кард ва гуфт, ки тавоноии дифоии Маскавро набояд дасти кам гирифт.

кишварҳои ғарбӣ аз оғози ҷанги Русия ва Украина дар феврали 2022, садҳо миллиард доллар кумак ба Киев ироа кардаанд. Кумакҳои низомӣ ба Украина дар соли 2022 бо муҳиммоти тӯпхона ва омӯзиш оғоз шуд ва акнун ин кумакҳо ба тонк, сомонаҳои дифои ҳавоии пешрафта, мушакҳо ва муҳиммоти хӯшаӣ густариш ёфтааст.

Ба тозагӣ Вилям Бернс раиси Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) ба аъзои Конгресс ҳушдор дод, ки агар акнун бастаи кумакӣ ба Украинаро тасвиб накунед, Киев то поёни соли (2024) бозандаи ҷанг хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад