Афзоиши шумори шаҳидони Ғазза ба беш аз 34 ҳазор нафар

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза имрӯз сешанбе эълом кард, ки шумори шаҳидони фаластинӣ аз замони оғози таҷовузи режими саҳюнистӣ ба ин минтақа ба 34 ҳазору 183 нафар расид.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз расонаҳои фаластинӣ, Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки дар 24 соати гузашта Исроил дар 3 мавриди ҷинояти ҷадид, 32 шаҳрванди фаластиниро дар Навори Ғазза шаҳид ва 59 нафари дигарро захмӣ кард.

Бар асоси ин баёния, аз 7-уми октябри соли гузашта ва ҳамзамон бо оғози амалиёти Тӯфонулақсо токунун 34 ҳазору 183 фаластинӣ дар Ғазза шаҳид ва 77 ҳазору 143 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Гуруҳҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябри 2023, амалиёти “Тӯфонулақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими Исроил оғоз карданд, ки ин режим барои ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, бо ҳимояти Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ, гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ваҳшиёнаи ин минтақа мебошад.

Бар асоси оморҳои эъломӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ 85 дарсад аз аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Ин ҷиноёт сабаб шуд то мақомоти Тел-Авив ба иттиҳоми “наслкушӣ” ба девони байналмилалии додгустарӣ муаррифӣ шаванд.

Артиши режими саҳюнистӣ аз замони оғози амалиёти Тӯфонулақсо бо анҷоми ҳамалоти ваҳшиёна даст ба куштори занону кӯдакони ин борика зада, аммо токунун натавониста ба аҳдофе, ки барои худ таъйин карда аст, даст ёбад. Артиши режими саҳюнистӣ бозгардондани асирони саҳюнист аз Ғазза ва нобудии Ҳамосро аз аҳдофи ҷанг алайҳи сокинони Ғазза эълом кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад