Афзоиши 34 дарсадии сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Теъдоди гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2023 нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 34 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Камолуддин Мӯъминзода” раиси кумитаи тавсеаи гардишгарии кишвар гуфт: теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар нимсоли аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиши беш аз 34 дарсадӣ доштааст.

Бинобар суханони вай, дар моҳҳои январ – июни соли ҷории мелодӣ ҳудуди 628 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 181 ҳазор ва 867 нафар бештар аст.

Вай афзуд: аз ин теъдод 487 ҳазор 403 нафарро гардишгарони хориҷӣ ташкил доданд, ки 124 ҳазор ва 314 нафар (34.2 дарсад) бештар аз нимаи аввали соли 2022 аст. Аз ин миён, ҳудуди 34 ҳазор нафар аз кишварҳои дӯрдасти хориҷӣ, мобақие, ки беш аз 453 ҳазор нафар баровард шудаанд аз кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ буданд.

5 кишвари аввал, ки шаҳрвандони онҳо бештар ба Тоҷикистон омадаанд, Узбакистон (беш аз 368 ҳазор нафар), Русия (ҳудуди ҳазор нафар), Қазоқистон, Туркия ва Чин ҳастанд.

Раиси кумитаи тавсеаи гардишгарии кишвар ҳамчунин гуфт, ки бар асоси баровардҳо ба таври мутавассит ҳар гардишгар дар Тоҷикистон рӯзона 200 то 250 доллар ҳазина мекунад.

Ба гуфтаи Мӯъминзода панҷумин сол дар Тоҷикистон аст, ки стратегияи тавсеаи гардишгарӣ то соли 2030 иҷро мешавад, ки шомили 3 марҳалаи тавсеаи сареъ (2019-2022), такмили санъатӣ шудани сареъи (2023-2026) ва эҷоди зарфият барои тавсеаи мубтанӣ бар дониш ва навоварӣ (2027-2030) мешавад.

Аз ибтидои соли 2023 дар Тоҷикистон марҳалаи дувуми иҷрои стратегияи тавсеаи гардишгарӣ оғоз шудааст.

Дар ин марҳала таваҷҷуҳи аслӣ ба муаррифии манобеъи гардишгарӣ ба унвони як баранди миллӣ, шаклгирии маҳсулот ва хадамоти гардишгари дар заминаҳои аввалавиятдор, хоҳад буд. Ҳамаи инҳо ба ҷазби гардишгарон аз кишварҳои хориҷӣ кумак мекунад.

Дар тӯли 5 соли гузашта аз оғози иҷрои стратегияи тавсеаи гардишгарӣ дар кишварамон Тоҷикистон беш аз 3.9 миллион нафар ба кишвар сафар кардаанд. Дар соли 2022 аз дар кишвар 999.3 ҳазор гардишгари хориҷӣ боздид карданд, ки 3.4 баробар ё 703 ҳазор нафар бештар аз соли 2021 мелодӣ аст.

Пешбинӣ мешавад, ки то поёни соли ҷории мелодӣ беш аз як миллион меҳмони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад