Эрон: Ба таҳкими равобити дифоӣ бо Русия идома медиҳем

Сафири Эрон дар Русия гуфт, Теҳрон қасд дорад ба таҳкими равобити дифоии худ бо Русия идома диҳад.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз хабаргузори ТАСС, Козим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав дар маросиме ба муносибати Рӯзи артиш дар ин кишвар, таъкид кард, ки Теҳрон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ-фаннии худ бо Маскав идома хоҳад дод. Сафири Эрон таъкид кард: Ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ байни Русия ва Эрон алайҳи кишварҳои саюм нест ва танҳо дар ростои таъмини амнияти ду кишвар ва тақвияти субот дар минтақа иҷро мешавад.

Ӯ бархе иддаоҳои кишварҳои ғарбӣ мабнӣ бар истифода аз ҳамкории Русия ва Эрон дар муноқишоти минтақавӣ, аз ҷумла даргирии низомӣ дар Украинаро рад карда ва афзуд: Албатта бар хилофи шароити кунунӣ, Эрон қасд дорад ба тақвияти равобити дифоӣ бо Русия мутобиқ бо қавонини байналмилалӣ идома диҳад.

Ин ҳафта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ибтикори тарафи эронӣ бо Иброҳим Раисӣ, ҳамтои эронии худ телефонӣ гуфтугӯ кард ва дар ҷараёни он, Путин аз ҷумла тамоюли худ барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иҷрои прожеҳои зербиноӣ дар Эронро иброз кард.

Сафири Эрон дар Русия бо ишора ба ин ки амалиёти талофиҷӯёнаи Теҳрон алайҳи Исроил поён ёфта, ҳушдор дод: Дар сурати ҳамлаи Исроил, вокуниши шадидтаре мунтазир онҳо буда ва Теҳрон бо манобеъ ва тавони бештаре посух хоҳад дод.

Ҷалолӣ таъкид кард, ки тарафи эронӣ амалиёти талофиҷӯёна алайҳи режими саҳюнистии Исроилро поён ёфта медонад ва қасди оғози як даргирии Низомӣ дар минтақаро надорад, вале дар сурати идомаи иқдомоти хасмона аз сӯи давлати яҳуд, Теҳрон омодааст бо манобеъ ва тавони низомии бештаре ба онҳо посух диҳад.

Ин дипломати эронӣ гуфт: “Мо муътақидем, ки амалиёти талофиҷӯёна ба поён расидааст, аммо агар режими Исроил ва ҳамдастони ғарбии онҳо тасмим ба иқдомоти муҷаддаде алайҳи кишвари мо бигиранд, мусалламан бо абзор ва тавони низомии ҷиддитаре ба онҳо посух хоҳем дод.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад