Ирсоли беш аз 60 вагон кумакҳои Тоҷикистон ба мардуми селзадаи Қазоқистон

Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Қазоқистон барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ беш аз 60 вагон ёриҳои башарӣ фиристод.

Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Қазоқистон барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ беш аз 60 вагон ёриҳои башарӣ фиристод.

Корвонҳо бо ёриҳои башарии Тоҷикистон рӯзи 19 апрели соли 2024 аз шаҳри Душанбе тариқи қатора дар 50 вагони боркаш ва аз шаҳри Хуҷанд тавассути 11 вагону 13 мошини боркаш ба самти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳузури намояндагони масъули Тоҷикистон ва Қазоқистон ба роҳ баромадаанд

Ёриҳои Тоҷикистон ба мардуми Қазоқистон аз хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва болопӯши хонаҳо иборат буда, дар маҷмуъ беш аз 3 ҳазору 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Бар асари селу боришоти шадид дар 5 вилояти Қазоқистон 4870 хонаи истиқоматӣ вайрон шуда, ба иқтисоди ин кишвар зарари зиёд расид.

Дар умум ба далели офатҳои табиӣ беш аз 100 ҳазор нафар аз сокинони Қазоқистон, аз ҷумла беш аз 38 ҳазор кӯдак кӯчонда шуданд. Наздики 7500 нафаре, ки хонаҳояшон зери об монд, то ҳол дар маконҳои муваққат ба сар мебаранд.

Қазоқистон як кишвари аз нафту газ ва маъданҳои табиӣ бойтарин ва аз лиҳози масоҳат ва ҳаҷми иқтисодаш бузургтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қазоқистон солона 261 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба наздики 11 миллиард доллар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон қариб 24 маротиба зиёдтар аст.

Аммо ин дар рӯзи сахтӣ ба кумаки кишвари тавоное чун Қазоқистон расидани кишвари кӯчаке чун Тоҷикистонро боз ҳам бузургу арзишмандтар нишон медиҳад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Масъалаи ирсоли кумаки башардӯстона ба сокинони аз обхезӣ зарардида дар Қазоқистон зимни суҳбати телефонии презиентҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқи худ Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.

Бар хабари манбаъ, сарони ду давлат вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад