Тарсу ваҳшати ғарбиҳо ва саҳюнистҳо аз вокуниши ҶИЭ

Изҳороти саҳюнистҳо дар бораи вокуниши ҶИЭ нишон аз тарс ва ваҳшати онҳо дорад, ки ҳомиёни ин режим восита шудаанд то ё Эрон аз тасмим ҳамла ақибнишинӣ кунад.

Изҳороти мақомоти режими саҳюнистӣ дар бораи вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле нишон аз тарс ва ваҳшати онҳо дорад, ки ҳомиёни ин режим восита шудаанд, то ё Эронро аз ин кор мунсариф кунанд ё навъе боздорандагӣ дар муқобили ҶИЭ эҷод кунанд.

Бо гузашти наздик ба ду ҳафта аз таҷовузи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ва убури ин режими ҷаълӣ аз хатти қирмизи ҶИЭ дар қоидаҳои даргириҳои Сурия, ҳоло Телавив мунтазири вокуниши Эрон аст. Пас аз анҷоми ин ҳамла умуми таҳлилгарон мутаваҷҷеҳи тафовути решаӣ ва асосии ин ҳамлаи Телавив ба мусташорони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба даъвати расмии мақомоти сурӣ дар ин кишвар ҳузур доштанд, қарор гирифтанд ва интизор доранд, ки посухи Эрон қотеона бошад. Саррези чунин нигоҳе табдил ба як пешбинии ҳатмӣ дар фазои афкори умумӣ шуд.

Ба назар мерасад, баъд аз таъкидҳои муҷаддади Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ дар бораи танбиҳи ҳатмӣ ва пушаймонкунандаи режими саҳюнистӣ ба хотири иштибоҳ дар ҳадаф қарор додани як макони дипломатик, ки ҳамчун хок кишвар дониста мешавад, мақомоти низомии Эрон тасмим ба амалиёти печидае гирифтаанд ва ин масъала ба ваҳшати саҳюнистҳо афзудааст.

Илова бар ин дар дастрас будани танаввуи гузинаҳои эҳтимолӣ дар бораи навъи вокуниши Эрон аз истифода аз паҳпод ва мушак алайҳи ишғолгарон тавассути Эрон гирифта то дигар нерӯҳои муқовимати минтақа то ҳадаф қарор додани мустақими таъсисоти саҳюнистҳо дар дохили Фаластини ишғолӣ ё хориҷи он аз сӯи Эрон ё муқовимат ва дигар ибҳомот ва гузинаҳои муртабит бо посухи Эрон, бар ҳароси саҳюнистҳо афзудааст.

Дар идома ба бархе аз эътирофоти мақомоти режими Исроил ва ҳомиёни он дар бораи вокуниши Эрон, ҳарос аз ҳамлаи Эрон ва дар ниҳоят бархе рафторҳои ин режим барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳамлае пардохта шудааст.

Изҳорот ва тамҳидоти мақомоти саҳюнист ва ҳомиёни он нисбат ба вокуниши Эрон

Ҷон Керби, ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи ҷумъа эътироф кард, ки таҳдиди Эрон (посухи қотеъ ба таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ) воқеӣ ва қобили иҷро аст ва Амрико онро ҷиддӣ мегиред.

Рӯзномаи Ҳооретс дар титри яке аз таҳлилҳои худ рӯзи панҷшанбе навиштааст: «гуфтани ногуфтаниҳо: Исроил шикаст хӯрдааст; шикасти мутлақ.»

Чем Луинсун, таҳлилгари Ҳооретс дар ин матлаб навиштааст: «мо бохтаем. Ба ҳақиқат бояд эътироф кард. Нотавонӣ дар эътироф ба ин ҳақиқат, ҳар ончиро лозим аст дар бораи равоншиносии фардӣ ва тӯдаии Исроил бидонед, ба таври хулоса баён хоҳад кард».

Вай дар идома навиштааст: «воқеияте ошкор, қобили пешбинӣ ва сареҳ вуҷуд дорад, ки бояд онро дарёфт, фаҳм ва пардозиш карда ва сипас аз он натоиҷе барои оянда истихроҷ кард. Эътироф ба инки бохтаем, аслан ҷолиб нест ва ба ҳамин далел аст, ки ба худамон дурӯғ мегӯем».

Илова бар тарсе, ки бар мақомот ва низомиён ин кишвар ғолиб шудааст, бархе аз шаҳракнишинон низ дучори мушкилоте шуданд; шуморе аз шаҳракнишиноне, ки ба далели ҷанг аз шаҳракҳо тахлия шуда ва ба таври мураттаб ба парлумон муроҷиа ва эътирози худро нисбат ба авзоашон эълон мекунанд, таъкид мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир гурусна буда ва пул ва ғизо надоранд.

Изҳори назари мақомоти режими саҳюнистӣ дар бораи паёмадҳои ҳамла ба Ғазза, ҷануби Лубнон ва ҳамла ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ҳамагӣ нишон аз тарсу ваҳшати онҳо дорад. Ин ҳарос дар аркони низомит режим ҳам ба равшанӣ пайдо аст ба тавре, ки нерӯи ҳавоии артиши ин режим аз тарси посухи талофиҷӯёнаи ҶИЭ, ба ҳолати омодабоши комил даромадааст. Артиши ин режим илова бар ин ва ба унвони бахше аз арзёбии вазъият, тасмим ба тақвият ва фарохони нерӯҳои захира барои сомонаҳои падофанди ҳавоӣ гирифта шуд.

Ҳамла ба сафорати Теҳрон дар Димишқ паёмадҳои ҷиддӣ барои амнияти режими саҳюнистӣ дар бар доштааст ва бо таъкиди мақомоти баландпояи Эрон дар бораи вокуниши расмии Эрон ин режим худро барои ин даргирӣ муҳайё мекунад. Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар ин бора изҳор дошт :«мо аз нима соли қабл дар ҷанг ба сар мебарем, бо тамоми таҳдидҳо бархурд хоҳем кард, барои ҳамла омода ҳастем; дар рӯзҳои оянда ҳушёрӣ ва омодагӣ зарурӣ аст».

Ҳамчунин бо ба садо дар омадани ожири ҳушдор дар манотиқи мухталиф сарзаминҳои ишғолӣ ба хотири тарси нуфузи паҳподҳо ва мушакҳо, шароити амнияти равонии сокинони сарзаминҳои ишғолӣ комило ба ҳам рехтааст.

Дар сояи тарси саҳюнистҳо аз вокуниши Эрон ба ҷинояти ахири Исроил дар ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ ва ба шаҳодат расондани ҷамъе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорон, манотиқи шимолии сарзаминҳои ишғолии худро барои ташдиди даргириҳо бахусус аз самти ҷануби Лубнон омода кардаанд.

Шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ эълон кард шаҳрдори Ҳейфо хостори таҳияи телефони хонагӣ ва анбор кардани дорӯ ва ғизо аз тарси вуқуи ҷанг дар марзҳои шимолӣ шудааст. Шаҳрдори Ҳейфо ҳамчунин хостори омодасозии паноҳгоҳҳо ва фароҳам кардани шароити тахлияи сокинон дар сурати вуқуи ҷанг шудааст.

Фармондеҳи ҷабҳаи дохилии Исроил эълон кард, ки аз тамоми мардум мехоҳад, то худро барои ҳузур дар паноҳгоҳҳо омода карда ва маворид ва васоили мавриди ниёзи эълоншударо таҳия то бо худ ба онҷо баранд.

Бо ин ҳол қафасаҳои фурӯшгоҳҳо дар манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ аз рӯзҳо қабл холӣ аз коло шудаанд ва латмае, ки ин шароит ва аз кор афтодан бархе марокиз аз ҷумла бандари Илот ба иқтисоди ин режим ворид кардааст аз назари бисёре аз таҳлилгарон бисёр сангин будааст.

Миёнаравии ҳомиёни Исроил ва ҳушдорҳои Эрон

Чанде пеш Муҳаммади Ҷамшедӣ, муовини сиёсии президенти ҶИЭ дар шабакаи иҷтимоии Х баён карда буд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми мактуб ба Амрико ҳушдор додааст, ки дар доми Нетаняҳу наафтад. Вай хитоб ба амрикоиҳо навишт: «канор бикаш, то зарба нахурӣ.»

Бо ин ҳол ба гуфтаи вай дар посух, Амрико аз Эрон дархост кард, ки аҳдофи амрикоиро ҳадаф қарор надиҳад.

Риёкории Амрикоииҳо дар рӯзҳои баъд бо мавозеи Байден ва тими вай бештар аён шуд. Байден шаби гузашта дар талош барои таҷдиди ҳимояти Амрико аз идомаи ҷиноятҳои саҳюнистҳо гуфт, ки ба амнияти Исроил мутааҳҳид аст. Ӯ ба Эрон тавсия кард, ки даст ба иқдоми талофиҷӯёна алайҳи аҳдофи Исроили назанад.

Бо ин ҳол ғарбиҳо ба ин мавозеи басанда накарда ва талошҳо барои воситагарӣ ҷиҳати мунсариф кардан ва тавсия ба хештандории Эрон доштанд, ки дар мӯҳтавои гуфтугӯҳои Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вази умури хориҷаи ҶИЭ ба ҳамтоёни худ дар Берлин, Лондон, Австралия, Туркия, Италия, Иморот, Қатар ва… қобили мушоҳида аст. Бо ин ҳол дар ҳамаи ин тамосҳо низ мақомоти Эрон бар мулоҳизаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумла онки посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдоми ваҳшиёна ва бархилофи урфи дипломатики режими саҳюнистӣ, дифои машруи Эрон мебошад, таъкид доштанд.

Ройзаниҳои дуҷониба ва чандҷонибаи Вазорати умури хориҷа аз муҳимтарин кунишҳои дипломатики Эрон барои таъкид бар маҳфуз будани ҳаққи Эрон дар посух ба таҷовузҳо ва танбиҳи Исроил ба хотири ҳамлаи ҷинояткоронаи ахир дар Димишқ буд.

Ғарбиҳо илова бар ин шайтанатҳо тавсияҳое ба шаҳрвандонашон карданд ва хостанд ба манотиқе, ки эҳтимолан қобилияти таниш доранд, сафар накунанд. Вазорати хориҷаи Фаронса дар баёнияе ба шаҳрвандони худ дар бораи сафар ба «Эрон, Лубнон ва Фаластин» ҳушдор додааст.

Ба ҷуз Париж, Вашингтон ва Лондон низ баёнияе дар бораи хуруҷи шаҳрвандони худ нашр карда ё аз шаҳрвандони худ хоста буданд ба сарзаминҳои ишғолӣ сафар накунанд. Сафорати Амрико дар Фаластини ишғолӣ аз тарси посухи Эрон дар ҳушдоре ба кормандони худ ва хонаводаҳояшон тавсия кардааст, ки аз калоншаҳри Телавив, Қудси ишғолӣ ва Бъри Шабаъ хориҷ нашаванд.

Бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ парвозҳо ба мақсади сарзаминҳои ишғолӣ рӯ ба ҳолати таълиқ даровардаанд ва ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои саҳюнистӣ эълон кардаанд, то чанд рӯз пеш 28 сафорат ва консулгарии саҳюнистҳо ба далели таҳдидҳои Эрон муваққат баста шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад