Сайидҳасан Насруллоҳ: вокуниши қатъии ҶИЭ дар роҳ аст!

Сайидҳасан Насруллоҳ, дарбири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар тозатарин суханронии худ ба баррасии охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон пардохт.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба ҳамлаи ахири режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ гуфт: Амрико, Исроил ва тамоми ҷаҳон ин пайғомро гирифтаанд, ки вокуниши Эрон дар пеш аст ва ин ҳаққи ин кишвар аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба муносибати маросими бузургдошти Ҳизбуллоҳ барои шаҳодати сардор Зоҳидӣ ва ҳамразмони ин шаҳид дар натиҷаи ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: агар ҳақиқатҳои иқдомоти шаҳид Зоҳидиро ошкор кунем, мушкили афродеро, ки набояд ҳувияташон ошкор шавад, дорем ва дар ин сурат дастоварди душманро бузург хоҳем кард ва аз сӯи дигар агар ин ҳақиқатҳоро нагӯем, шояд ҳаққи ин шаҳидро адо накарда бошем. Ҳузури Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Сурия ва Лубнон ба соли 1982 ва вуруди Исроил ба Лубнон бозмегардад. Имом Хумайнӣ дар он замон дар қайди ҳаёт буданд ва ҷанги таҳмилӣ ба Эрон дар ҷараён буд. Дар он замон аъзои Сипоҳи посдорон дар ҷабҳаҳо буданд, аммо ба далели вуруди онон ба Лубнон, аъзои сипоҳ барои рӯёрӯӣ бо ишғолгарон ба Лубнон ва Сурия омаданд.

Вай афзуд: нерӯҳои эронӣ ба Забдонӣ дар Сурия омаданд, аммо дар натиҷаи баровурди вазъият тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳе аз афсарон ва аъзои Сипоҳи посдорон барои ангезиши муқовимати мардумӣ, интиқоли таҷриба, машварат, омӯзиш ва пуштибонии лоҷестикӣ боқӣ бимонанд. Афсарон ва афроди Сипоҳи посдорон ба минтақаи Ҷаннато дар Лубнон омаданд ва нахустин урдугоҳи омӯзишӣ дар ин минтақа барпо шуд.

Насруллоҳ гуфт: бо таҳаввулоти рӯйдода дар Сурия тайи соли 2011 мусташорони эронӣ ва нерӯҳое аз гурӯҳҳои муқовимат низ дар ин минтақа ҳозир шуданд. Ба назар мерасид рӯйдодҳои Сурия ба муқовимати минтақа низ осеб мезанад.

Бузургтарин ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Сурия

Вай идома дод: ишғолгарони консулгарии Эронро ҳадаф қарор доданд ва мусташорони низомии эронӣ ба шаҳодат расиданд. Ин дар ҳоле буд, ки ҳузури онон дар ин маҳал масъалаи табиӣ ва дар қолаби урфҳо буд. Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ низ дар хусуси нақши консулгарии Эрон дар Димишқ ба баҳс пардохтанд.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: ҳамла ба мусташорони эронӣ дар консулгарии ин кишвар дар Димишқ бузургтарин таҷовузи Исроил ба Сурия аз солҳо пеш ба шумор меояд. Ин ҳамлаи Исроил ба далели шикасти ҷанг дар Сурия анҷом мешавад, ки Исроил низ дар он нақш дошт.

Вай афзуд: ҳамла ба мусташорони эронӣ дар Сурия бахше аз равшантарин ва қонунитарин набарди асосӣ, яъне набард бо душман аст. Ҳамлаи Исроил ба мусташорони эронӣ 2 мавриди ҷадидро дар бар мегирад. Нахустин маврид ҳамла ба хоки Эрон аст, ки ба маънои таарруз ба Эрон ба шумор меояд. Мавриди дувум низ сатҳи террор аст; зеро шаҳид Зоҳидӣ, раиси мусташорони эронӣ дар Лубнон ва Сурия буд.

Вокуниши Эрон дар роҳ аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: баровурдҳо ба ин мавзуъ ишора дорад, ки душман дар баровурдҳои худ дар ҳамла ба консулгарии Эрон иштибоҳ кардааст ва ин мавзуъ дар мавзеи Эрон ва вокуниш мавриди интизор аз сӯи ин кишвар намуд ёфтааст. Амрико, Исроил ва тамоми ҷаҳон ин пайғомро гирифтаанд, ки вокуниши Эрон дар пеш аст ва ин ҳаққи ин кишвар аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: душман ҷанги аланиро эълон карда ва қасди ҳамла ба нерӯҳои эрониро дорад ва дар ин ҳол мусташорони эронӣ, ки хадамоти бузургеро дар сатҳи муқовимат дар минтақа ироа доданд, ҳадаф қарор медиҳад.

Вай афзуд: ин ҳамла аз дарки Исроил нисбат ба нақши посдорони мусташор дар минтақа дар сатҳи муқовимат бармехезд. Душман эълон кардааст, ки ҳадаф аз ин ҳамлаҳо ихроҷи мусташорони эронӣ аз Сурия аст, аммо бо вуҷуди хунҳое, ки бо ин ҳадаф рехта шуд натавониста онро муҳаққақ кунад ва онҳо барои пуштибонӣ аз муқовимат дар Фаластин ва Лубнон ва ҳимоят аз Сурия боқӣ мондаанд.

Насруллоҳ идома дод: иддаоҳое, ки дар хусуси инки Эрон дар Сурия тасмимгир аст ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест ва кумакҳое, ки Эрон дар ҷараёни ҷанг анҷом дода барои ин буда, ки торикдилон, террористҳо ва исроилиҳо бар минтақа тасаллут пайдо накунанд. Ин мавзуъ як фаризаи муқаддас аст.

Робитаи ҳоҷӣ Зоҳидӣ бо Лубнон аз соли 1998 шурӯъ шуд

Вай афзуд: ҳоҷӣ Зоҳидӣ монанди дигар ҷавононе буд, ки сутуни инқилоби исломӣ ба шумор мерафтанд. Ӯ аз ҷавонӣ масъулиятҳои бузургеро ба дӯш кашид ва ин фармондеҳиҳоро майдони набард ба вай супурд. Ӯ ҷонбози ҷангӣ буд ва дар солҳое, ки бо мо гузаронд ин ҷароҳот рӯи вай асар мегузошт. Робита иҳоҷӣ Зоҳидӣ бо Лубнон аз соли 1998 шурӯъ шуд; замоне, ки шаҳид Қосими Сулаймонӣ ҳидояти нерӯи Қудсро ба даст гирифт ва Ӯро ба унвони масъули сипоҳ дар минтақа баргузид.

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: ҳоҷӣ Зоҳидӣ давраи авҷаш аз соли 2000-ро ҳамроҳи мо буд ва дар он замон 4 солро сипарӣ кард ва пас аз озодии ҷануби Лубнон бо ободонӣ ва омодасозӣ барои муқобила бо душман бо мо ҳамроҳӣ кард. Ҳоҷӣ Зоҳидӣ дар соли 2008 ва пас аз шаҳодати шаҳид Имод Муғния ба Лубнон бозгашт ва дар он замон рӯи бозгашти вай ба ин минтақа иҷмоъ вуҷуд дошт ва то соли 2014 ба муддати 6 сол дар инҷо монд. Вай дар соли 2020 ба Лубнон бозгашт ва то замони шаҳодаташ дар инҷо буд. Ӯ 14 сол аз зиндагии муборакшро дар миёни мо сипарӣ кард ва беҳтарин ёвар, пуштибон ва мушовир буд ва бо қудрат дар канори мо ҳузур дошт.

Вай афзуд: шаҳид Зоҳидӣ муҳоҷир ба сӯи Худо буд. Ӯ хонаводаашро тарк кард ва дар миёни мо зиндагӣ кард ва дар бештари вақтҳо Ӯ ва ҳамсараш аз азизонашон ба дур буданд. Шаҳид Зоҳидӣ фармондеҳи муҷоҳид ва фидокор буд, ки шубона рӯз барои хидмат ба муқовимат талош мекард ва бисёр фурӯтан, сареҳ, насиҳатгар, дӯстдор, ҷиддӣ ва кӯшо буд ва аз дарду ғами мо меранҷид ва бо шодии мо шод мешуд.

Шавқи ҳоҷӣ Зоҳидӣ барои шаҳодат

Насруллоҳ гуфт: шаҳид Зоҳидӣ дар охирин дидор ба ман гуфт, ки ин бор барои шаҳодат омадаам ва набояд маро аз рафтан ба ҷабҳа ва ҷануб манъ кунӣ. Зеро ман бо вуҷуд инки аз рӯз нахуст Тӯфони Ақсо мехост ба ҷабҳа бипайвандад Ӯро аз ин мавзуъ манъ кардам.

Вай афзуд: шаҳид Зоҳидӣ пас аз шаҳодати ҳоҷӣ Қосим назди мо омад ва гуфт, ки омадаам то ба вазифаи худ амал кунам, аммо умедворам шаҳид шавам ва ба ҳоҷӣ Қосим бипайвандам. Ӯ аз бародарон мехост, ки барои шаҳодаташ дуо кунанд. Ин вижагии фармондеҳон аст; онҳо барои таҳаққуқи пирӯзӣ иқдом мекунанд, мавзуе, ки ҳам як барномаи шахсӣ ва ҳам як барнома барои уммат аст, аммо шаҳодат, дидор бо Худо ва расидан ба биҳишт як барнома ва муваффақияти шахсӣ аст.

Вазъияти ошуфтаи саҳюнистҳо 6 моҳ пас аз ҷанг

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: Исроил дар бузургтарин ҷанги худ дар минтақаи мо ба сар мебарад. Онҳо мегӯянд, ки пас аз 6 моҳ ҷанг беш аз ниме аз асиронро бознагардондаем, вориди Рафаҳ нашудаем, ҳамчунон зангҳои ҳушдор дар атрофи Навори Ғазза ба садо дармеоянд ва кушта шудани афсарон ва низомиёни бештаре эълон мешавад.

Вай афзуд: сухани худи исроилиҳо аз шикасти Исроил ҳикоят дорад. Дар охирин назарсанҷии суратгирифта аз сӯи рӯзномаи Меориу перомуни назари шаҳракнишинон дар бораи натоиҷи ҷанг равшан шуд, ки 62 дарсад аз онон норозӣ ва 29 дарсад аз онҳо розӣ ҳастанд ва 9 дарсад аз онон низ намедонанд, ки розӣ ҳастанд ё не.

Насруллоҳ идома дод: Нетаняҳу аз воқеият ба дур аст. Ӯ рӯзи якшанбе гуфт дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳон ба Ӯ мегӯяд, ки шикаст хӯрда гуфт, ки Исроил пирӯз шудааст! Галант дар атрофи Ғазза ҳузур дошт ва аз нобудии Ҳамос сухан мегуфт, аммо чанд соат баъд онҳо дар Хонюнус бо шикаст мувоҷеҳ шуданд ва нерӯҳояшон хору залил аз ин минтақа хориҷ шуданд.

Давлати Амрико шикасти худро фаҳмид

Вай гуфт: тамоси ахир байни Байден ва Нетаняҳу, ончиро мо дар хусуси тавоноии Амрико дар эъмоли фишор ба Исроил мегуфтем, равшан кард, зеро давлати Амрико ба шикасти худ пай бурд. Аз ҷумла эътирозҳое, ки дар дохили режим (сарзаминҳои ишғолӣ) ба Нетаняҳу анҷом мешавад ин аст, ки онҳо бидуни Амрико таҷҳизоте дар ихтиёр нахоҳанд дошт ва наметавонад на алайҳи Ғазза ва на алайҳи Лубнон вориди ҷанг шаванд.

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: Байден иддао кард, ки ба далели куштори нерӯҳои имдодӣ ба Нетаняҳу фишор оварда ва аз Ӯ хостааст, ки иқдомотеро сурат бидиҳад. Пас аз он раиси Ситоди кулли артиши Исроил фармондеҳи типпи ноҳолро азл кард ва фармондеҳи минтақаи ҷануб ва яке аз фармондеҳони типи ноҳолро тавбих кард; ин иқдом дар урфи низомӣ мавзуи бузург ба шумор меояд.

Чароии фишори Байден ба Нетаняҳу

Вай афзуд: ин рухдодҳо худ боиси маҳкумияти Амрико аст, зеро танҳо барои нерӯҳои имдодӣ даст ба иқдом зад ва пас аз шаҳодати беш аз 30 ҳазор нафар ба эъмоли фишор алайҳи Нетаняҳу даст назад. Имрӯз ин сухан дар миён аст, ки ҳизби демократ ба далели мавозеаш дар қиболи ҷанг алайҳи Ғазза раъйи бархе иёлатҳоро аз даст хоҳад дод ва ин масъала Байденро ба сӯи эъмоли фишор ба Нетаняҳу барои дастёбӣ ба тавофуқ дар Қоҳира ва вуруди кумакҳо ба Ғазза савқ додааст.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: эълони оташбас дар Ғазза шикасти шахсӣ барои Нетаняҳу, ҳизби Ликуд, Ибни Гуер ва Исмутрич ба шумор меояд, зеро онҳо ба далели шикасташон дар маърази таҳқиқот қарор хоҳанд гирифт. Пас аз тамоси Байден, Нетаняҳу ҳам эълон кард, ки нерӯҳояшро аз Ғазза ақиб нишондааст ва як типро дар дохили он боқӣ нигаҳ доштааст. Коршиносони стратегӣ аз ин иқдоми Нетаняҳу мутааҷҷиб шуданд.

Вай афзуд: яке аз шартҳои Ҳамос ба намояндагӣ аз гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ва меҳвари муқовимат ақибнишинӣ аз Навори Ғазза ва кушоиши иртиботи шимол ва ҷануби ин борика аст. Мумкин аст душман пеш аз онки ин хоста дар гуфтугӯҳо ба масъалаи илзомӣ мубаддал шавад, ба ин шарт тан дода бошад ва аз Ғазза хориҷ шуда бошад.

Сарнагунии паҳподи Ҳирмис нишонаи тавонмандии падофандии муқовимати Лубнон аст

Насруллоҳ гуфт: мо як паҳподи Ҳирмиси 900-ро сарнагун кардем; паҳподе, ки ифтихори санъати Исроил ба шумор меравад. Пас аз ин рухдод арзиши низомӣ ва тиҷории он аз байн рафт. Мо намехоҳем мушакеро, ки ба ин паҳпод бархурд кард, баён кунем.

Вай афзуд: душман интавр баён кард, ки сарнагунии ин паҳпод гузар аз хатҳои қирмиз ба шумор меояд. Мо ба онҳо мегӯем чӣ касе гуфта, ки мо аз хатҳои қирмиз рад намешавем?

Насруллоҳ идома дод: аҳамияти ин амалиёт дар он аст, ки мо паҳподи Ҳирмисро дар хатҳои муқаддам сарнагун кардем ва душман бо ин мавзуъ тавонмандиҳои падофанди ҳавоии муқовиматро дарк мекунад.

Фитнаафкании аҳзоби лубнонии ғарбгаро

Вай афзуд: дар рӯзҳои гузашта ҳамзамон бо солгарди ҷанги шуми дохилӣ иттифоқе дар даруни кишвар рух дод, ки қобили сукут нест. Мо ба ҳаркас, ки дар мавриди тасмими ҷанг ва сулҳ дар пайи мо аст мегӯем, ки чӣ касе дар он замон ҷангро оғоз кард? Оё шумо тасмими кишварӣ гирифтед ё аз ҷониби худатон ин тасмимро гирифтед?

Насруллоҳ идома дод: инҳо пас аз онки размандагони муқовимати Лубнон дар баробари душмани тамоми лубнониҳо истоданд ба муҷодала дар хусуси муқовимати Лубнон мепардозанд. Дирӯз шахсе рӯбуда шуд ва ҳизби нерӯҳои лубнонӣ, ҳизби Катоиб ва телевизионҳои шум вориди амал шуданд. Онҳо чунин баён карданд, ки Ҳизбуллоҳ ин шахсро рубудааст. Мо суханоне шунидем, ки ёдовари ҷанги дохилӣ буд.

Вай афзуд: ҳаводорони онҳо ба хиёбонҳо рехтанд ва сухан аз аслиҳа кшидан бар асоси ин, ки онҳо аҳзоби сиёсии демократик ҳастанд шунидем. Ин дар ҳоле аст, ки кинаҳои дафншуда дар синаи онон омили ин иқдом буд. Дар соли гузаштаи мелодӣ пас аз рубуда шудани шайх Рифоъӣ ашхос ва аҳзоби лубнонӣ ва дар раъси онҳо ҳизби нерӯҳои лубнонӣ, Ҳизбуллоҳро ба рубудан ва куштани вай муттаҳам карданд. Мо 4 рӯз мунтазир мондем ва дастгоҳҳои амниятӣ ба лутфи Худо эълон карданд, ки ин ҷиноят мавзуи хонаводагӣ будааст.

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: равшан шудани сарнавишти ин фарди рубудашуда ҳамчун расвоии воқеӣ барои 2 ҳизби нерӯҳои лубнонӣ ва Катоиб буд ва равшан мекунад, ки онҳо аҳли ҳаққу ҳақиқат нестанд, балки аҳли фитна ва ба думболи ҷанги дохилӣ ҳастанд. Дар ин кишвар ҳаркас монеъ аз ҷанг ва фитна шавад, муттаҳам мешавад ва касоне, ки нахуст муттаҳам мешаванд дугонаи мо (Ҳизбуллоҳ ва ҷунбиши Амал) аст; зеро мо дар “Таюна” дар ҳоли набардем ва дар ҷиҳати ҳифозат аз сулҳи дохилӣ нисбат ба ҳуқуқи худ сукут мекунем ва монанди дирӯз муттаҳам мешавем ва сукут мекунем. Дирӯз талош карданд, ки аҳолии Ҷабилро битарсонанд ва паёмҳои таҳдидомезро ирсол карданд. Ин иқдом, иқдоми бисёр бисёр хатарнок аст. Онҳо бояд мизони хатари ин иқдомро дарк кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад