Паҳлӯҳои панҷгонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс – Телавив аз чӣ метарсад?

Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ҳоле аз роҳ расид ва бо азамат ва шукӯҳи хоссе баргузор шуд, ки рангу бӯи тозае дошт.

Режими саҳюнистӣ ҳароси зиёде аз Рӯзи ҷаҳонии Қудс дорад, зеро озодихоҳон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ин рӯз дар ҳимоят аз мардуми Фаластин даст ба баргузории роҳпаймоӣ заданд.

Ҳудуди 45 сол аз ибтикори Имом Хумайнӣ, раҳбари фақиди ҶИЭ дар муаррифии охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс мегузарад. Рӯзи ҷаҳонии Қудси соли 2024 бо шашумин моҳи наслкушии Режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ҳамроҳ шуд. Аз 7-и октябри 2023 токунун режими саҳюнистӣ беш аз 33 ҳазор фаластиниро ба шаҳодат расонда ва беш аз 75 ҳазор нафарро маҷрӯҳ кардааст. Ҳамин наслкушӣ аз чанд ҷиҳат бар аҳамияти Рӯзи ҷаҳонии Қудс афзудааст, ки дар ин навишта ба бархе аз ин онҳо ишора мешавад.

  1. Исботи чеҳраи ошкори режими саҳюнистӣ

Дунёи ғарб бо баҳрагирӣ аз қудрати расонаии худ ба хусус дар солҳои ахир талош кард аз режими саҳюнистӣ чеҳраи бозигареро, ки ба думболи сулҳ ва амният аст, ба тасвир бикашад. Оддисозии равобит бо бархе аз кишварҳои арабӣ ва сафарҳои мукаррари дипломатик дар ҳамин росто қарор дошт. 6 моҳ ҷанг ва наслкушӣ дар Ғазза, ин чеҳраи ҷаълиро канор зад ва чеҳраи возеҳу ошкори ин режими наслкушро ба афкори умумии ҷаҳонӣ нишон дод.

Ҷинояти бемористони Ал-Маъмадонӣ ва ҷинояти бемористони Аш-Шифо дар Ғазза танҳо ду намунаи аз ин чеҳраи ошкори режими саҳюнистӣ аст. Сиёсати гурусна нигаҳ доштани мардуми Ғазза ба хусус кӯдакон, муҳосираи маконҳо ва марказҳои дармонӣ, ҳамла ба урдугоҳҳои оворагон ва… ҳам бахши дигаре аз ҷиноятҳои нотамоми Телавив алайҳи мардуми Ғазза аст. Иртикоби ин ҷиноятҳо нишон дод мушкили аслии амният, сулҳ ва субот дар минтақаи ғарби Осиё, режими ҷаълӣ ва сохтаи дасти истеъмори ғарб аст. Агарчи дар солҳои гузашта низ ин чеҳраи режими саҳюнистӣ машҳуд буд, аммо имсол бо наслкушии тамомаёр дар Ғазза, ин чеҳра беш аз ҳар замони дигаре собит шудааст.

  1. Исботи дурӯғин будани арзишҳои башарӣ

Омили дигари аҳамияти Рӯзи Қудс дар исботи дурӯғин будани иддаоҳои ҳинҷорӣ ва арзишии ғарб аст. Ғарб ҳамвора иддаои ҳимоят аз ҳуқуқи башарро дорад. Ба баҳонаи ҳуқуқи башар низ таҳримҳои зиёде алайҳи кишварҳои мустақил ва ноҳамсӯ бо худ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон вазъ кард. Агарчи ҳамвора ин дидгоҳ ҳатто аз сӯи назарияпардозон ва таҳлилгарони ғарбӣ вуҷуд дошт, ки ғарб ҳар ҷо манофеаш дар хатар бошад, арзишҳоро қурбонии манофеъ хоҳад кард, аммо наслкушӣ дар Ғазза ин чеҳраи воқеии ғарбро беш аз ҳар рухдоди дигаре нишон дод. Амрико, ки муддаии аслии ҳинҷоргароӣ ва арзишгароӣ дар низоми ҷаҳонӣ аст, дар 6 моҳи гузашта монеи тасвиби 3 қатънома барои таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза шуд ва дар айни ҳол иддао кард ончи режими саҳюнистӣ дар Ғазза анҷом медиҳад, мисдоқи дифои машруъ аст.

Наслкушӣ дар Ғазза лаккаи нанге барои ғарб ва иддаоҳои ҳинҷорӣ ва ҳуқуқи башарии он аст. Раҳбари муаззами инқилоб дар суханроние, ки ба муносибати оғози соли 1403 ҳ.ш анҷом доданд, бо ишора ба ин мавзуъ унвон карданд: “қазияҳои Ғазза нишон дод, ки чӣ зулме ва чӣ зулмате бар дунё ҳоким аст. Ин дунёи ғарб, ин дунёи ба истилоҳ мутамаддин, ки иддаои ҳуқуқи башар ва монанди онро мекунанд, нишон доданд, ки чӣ зулмате бар зиндагии инҳо, бар афкори инҳо, бар амали инҳо ҳоким аст. Беш аз 30 ҳазор нафар қатли ом мешаванд, аз кӯдаки навзод то навҷавонҳо, то ҷавонҳо, то пайраҳо, зан, мард, то беморҳо; давоми муддати кӯтоҳе сию чанд ҳазор нафар аз инҳо нобуд мешаванд, хонаҳояшон хароб мешавад, зерсохтҳои кишварашон аз байн меравад, дунёи мутамаддин нигоҳ мекунад; на фақат ҷилавгирӣ намекунад, кумак ҳам мекунад.”

  1. Хезиши ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз Фаластин

Яке дигар аз мавориди аҳамияти Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар соли 2024 дар ин аст, ки тайи 6 моҳи гузашта хезиши ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва дар маҳкумияти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш шакл гирифтааст. Дар гузашта камтар иттифоқ афтода ва ё ҳатто бесобиқа будааст, ки тазоҳуроти чанд сад ҳазор нафарӣ дар Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва дар маҳкумияти Режими саҳюнистӣ баргузор шавад, аммо дар 6 моҳи гузашта тазоҳуроте бо мушорикати чанд сад ҳазор нафар дар ин кишварҳо баргузор шуд. Ҳатто дар қалби Вашингтон тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин баргузор шуд. Ин хезиши ҷаҳонӣ зимни инки баёнгари шикасти режими саҳюнистӣ ва ғарб дар ҷанг ривоятҳо буд, баёнгари огоҳ шудани афкори умумии ҷаҳонӣ дар бораи воқеияти Фаластин ва ба хусус Ғазза аст. Ин хезиши ҷаҳонӣ ба маънои пазириши мазлумияти мардуми Ғазза тавассути афкори умумии ҷаҳонӣ аст. Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 26 март дар дидори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, мавзуи ҳимояти афкори умумии байналмилалӣ ва ҳамчунин афкори умумии ҷаҳони Ислом ба вижа дунёи араб аз мардуми Ғаззаро муҳим арзёбӣ карданд ва гуфтанд: “иқдомоти таблиғотӣ ва расонаии муқовимати Фаластин токунун бисёр хуб ва ҷилватр аз душмани саҳюнистӣ будааст ва бояд дар ин замина беш аз пеш иқдом шавад.”

  1. Исботи ҳаққонияти муқовимат

Яке дигар аз тафовутҳои Рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол бо солҳои қабл дар ин аст, ки ҳаққонияти муқовимат беш аз ҳар замони дигаре собит шудааст. Наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза нишон дод ҳаргуна созиш бо ин режим натанҳо ба сулҳ ва амнияти бештар барои фаластиниҳо мунҷар нахоҳад шуд, балки ба режим барои ҷиноятҳои бештар ва шадидтар фурсат хоҳад дод. Ҳамчунин наслкушӣ дар Ғазза собит кард танҳо роҳи муқобила бо ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, муқовимат ва тақвияти муқовимат аст.

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ дар рӯзи 20-и март дар ин замина низ унвон карданд: “ин қазия (наслкушӣ дар Ғазза), ҳаққонияти ташкили ҷабҳаи муқовиматро нишон дод. Баъзе матраҳ мекарданд, ки ин ҷабҳаи муқовимат дар ғарби Осиё чӣ лузуме дошт; нишон дода шуд, ки ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар ин минтақа ҷузви ҳаётитарин масоил аст; рӯз ба рӯз ҳам бояд ин ҷабҳаи муқовимат тақвият шавад. Табиӣ аст инсонҳое, ки виҷдони бедор доранд дар ин минтақа, вақте зулми саҳюнистҳоро мебинанд, ки ҳафтод сол аст ин зулм идома дорад, сокит наншинанд, ором наншинанд, ба фикри муқовимат биафтанд; ташкили ҷабҳаи муқовимат барои ин аст; барои мувоҷеҳа бо ин зулми мустамари доимии ҷинояткорони саҳюнист алайҳи миллати Фаластин ва ҳомиёни Фаластин аст.”

  1. Исботи нотавонии режими саҳюнистӣ дар хурӯҷ аз буҳронҳо

Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шароите фаро расид, ки ҳайманаи пӯшолии режими саҳюнистӣ фурӯ пошидааст. Режим дар ботлоқи Ғазза гирифтор шудааст ва тавони дастёбӣ ба аҳдофи низомии матраҳшудаи худ (озодии асирон ва аз байн бурдани Ҳамоси Фаластин)-ро надорад.

Ин режим ҳатто тавони бурунрафти обрӯмандона аз Ғаззаро надорад. Агарчи режими саҳюнистӣ дар ҷанги нобаробар муваффақ шуд Ғаззаро ба вайронае табдил кунад, аммо бомбаборони кӯркӯрона ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиён нишонаи пирӯзӣ нест, балки нишонаи шикасти иддаоҳои саҳюнистҳо мабнӣ бар бартарии иттилоотӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст. Раҳбари ҶИЭ рӯзи 3-и апрел дар дидори мақомоти ин кишвар, режим саҳюнистиро аз ду ҷанба шикастхӯрда дониста ва гуфт: “шикасти аввали онҳо дар рӯзи 7-и октябр ва Тӯфони Ақсо буд, ки режими муддаӣ тасаллути иттилоотӣ ва низомиро мутаҳаммили шикасти иттилоотии азим аз як гурӯҳи муқовимат бо имконоти маҳдуд кард ва ин шикаст ва обрӯрезии режими саҳюнистӣ ҳаргиз тармим нашуда ва нахоҳад шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ шикасти дувуми саҳюнистҳоро шикаст дар дастёбӣ ба аҳдофи эълоншуда дар ҳамла ба Ғазза хонд ва бо ишора ба бархурдории саҳюнистҳо аз ҳимояти ҳамаҷонибаи низомӣ-молӣ ва сиёсии амрикоиҳо аз ҷумла ветои қатъномаҳо ва дурӯғи маҳзи ғайри илзомовар хондани қатъномаи ахир, афзуд: “бо вуҷуди ҳамаи ин ҳимоятҳо, саҳюнистҳо ҳатто натавонистанд ба яке аз аҳдофи эълоншудаи худ даст пайдо кунанд. Онҳо мехостанд муқовимат ва ба таври хос, гурӯҳи Ҳамосро нобуд ва замингир кунанд, дар ҳоле ки имрӯз Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ва маҷмӯаи муқовимати Ғазза бо таҳаммули мушкилот, дар ҳоли зарба задан ба режими ғосиб ҳастанд.”

Натиҷа

Рӯзи ҷаҳонии Қудс ибтикори бунёнгузори кабиру фақиди инқилоби исломии Эрон аст. Режими саҳюнистӣ ҳароси зиёде аз Рӯзи ҷаҳонии Қудс дорад, зеро озодихоҳон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ин рӯз дар ҳимоят аз мардуми Фаластин роҳпаймоӣ баргузор карданд. Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шароите фаро расид, ки режими саҳюнистӣ аз 7-и октябр токунун бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико муртакиби наслкушӣ дар Ғазза шудааст. Инзиҷор ва танаффур аз режими саҳюнистӣ ва Амрико ба болотарин сатҳ дар ҷаҳон расидааст. Рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол метавонад ба ёдмонданитар аз солҳои қабл бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад