Бидуни ҳимояти Амрико ояндаи Исроил ба поён хоҳад расид

Чак Шумер  дар мусоҳиба бо Ню-Йорк Таймз бо ибрози нигаронӣ аз шароити буҳронӣ дар арозии ишғолӣ дар пайи сиёсатҳои кобинаи Бенямин Натаняҳу гуфт: бидуни ҳимояти Амрико ояндаи режими Исроил ба поён хоҳад расид.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар идомаи ихтилофоти мақомоти амрикоӣ бо сарони кобинаи ҷанги режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар бораи мудирияти ҷанги Ғазза, расонаҳои хабарӣ аз интиқоди дубораи раҳбари аксарияти маҷлиси Санои Амрико зидди Бенямин Натаняҳу, хабар доданд.

Расонаҳои хабарӣ бомдоди имрӯз панҷшанбе гузориш доданд, ки Чак Шумер, раҳбари аксарияти Санои Амрико, дархости Бенямин Натаняҳу, нахуст вазири режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ барои суханронӣ дар ҷамъи демократҳои Саноро напазируфтааст.

Маркази иттилоъ расонии Фаластин низ дар хабаре эълом кард, ки Чак Шумер, раҳбари аксарият дар маҷлиси Санои Амрико дар мусоҳибаи ҷадид бори дигар ба интиқод аз Бенямин Натаняҳу, нахуст вазири режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ пардохт.

Чак Шумер дар гуфтугӯ бо Ню-Йорк Таймз гуфт: Беби (Натаняҳу) метавонад то соли 2026 аз баргузории интихоботи ҷадид ҷилавгирӣ кунад. Нигаронии ман ин аст, ки таҳти раҳбарии ӯ Исроил ба давлати матруд дар дунё ва ҳатто дар Амрико табдил шавад.

Вай афзуд: ман дорам ба омор ва арқом нигоҳ мекунам ва мебинам, ки сайри онҳо ба шиддат нузулӣ аст. Маҷбӯр будам қабл аз инки ҳама чиз хароб шавад ҳарфамро бизанам.

Чак Шумер хотир нишон кард, ки бидуни ҳимояти Амрико ояндаи Исроил ба поён хоҳад расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад