Вазъияти фоҷиабори кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза ғайри қобили тасаввур аст

Сухангӯи "ЮНИСЕФ" вазъияти фоҷиабори кӯдакони фаластинӣ дар Навори Ғаззаро ғайри қобили тасаввур тавсиф кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Рикардо Берес сухангӯи ЮНИСЕФ вобаста ба Созмони Милал эълом кард, ки наметавон ба ҳеҷ ваҷҳ шароити фоҷиабори кӯдакон Навори Ғазза ва гуруснагии онҳоро бо калимот тавсиф кард.

Вай баён кард: бояд ин шароити фоҷиабори сокинони Навори Ғазза поён ёбад. Даргириҳо ва ҳамлаҳо дар Навори Ғазза бояд ҳарчи сареътар мутаваққиф шаванд.

Сухангӯи ЮНИСЕФ изофа кард: кӯдакон осебпазиртарин қишр дар баробари қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Навори Ғазза ҳастанд.

Пеш аз ин ЮНИСЕФ эълом карда буд, ки Ғазза табдил ба гӯристони ҳазорон кӯдак ва ҷаҳаннами зинда барои ҳамагон шудааст. Беш аз 80 дарсад аз кӯдакони Навори Ғазза аз  шадид гуруснагӣ ва камғизоӣ ранҷ мебаранд.

Шабакаи Алҷазира рӯзи гузашта ба нақл аз яке аз аъзои тими пизишкии байналмилалӣ мустақар дар Навори Ғазза гузориш дод: мо ҳар рӯз шоҳиди афзоиши теъдоде кӯдаконе ҳастем, ки бо гуруснагӣ ва камғизоӣ, қаҳтӣ ва ташнагӣ мубориза мебаранд.

Дар ҳамин робита Вазорати беҳдошт ва тандурустии Навори Ғазза бо судури баёнияе эълом кард, ки мизони кумакҳои ирсолӣ ба шимоли ин борика бисёр кам буда ва ҷаҳониён шоҳиди барҷой мондани теъдоди бесобиқае аз қурбониёни қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин минтақа тайи рӯзҳои оянда хоҳанд буд.

Дар ин баёния таъкид шудааст: бомбаборони суфуфи интизори фаластиниҳое, ки бо гуруснагӣ шадид дасту панҷа нарм мекунанд табдил ба як иқдоми одӣ шуда, ки ишғолгарони саҳюнист ҳар рӯз онро такрор карда ва ҷаҳониён дар расонаҳо мушоҳида мекунанд.

Вазорат беҳдошт ва тандурустии Навори Ғазза таъкид кард, ки кодри дармонӣ дар ин борика низ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ аст ва беш аз 2 ҳазор тан аз ин неруҳо рӯзи гузашта чизе барои хӯрдан пайдо накарданд.

Ин вазоратхона аз ниҳодҳои байналамилалӣ ва имдодрасонӣ хост барои ирсоли маводди ғизоӣ ба бемористонҳои шимоли Навори Ғазза фавран вориди амал шаванд.

Рӯзи гузашта низ узви кумитаи буҳрони шаҳрдори Навори Ғазза таъкид кард, ки сокинони ин борика бо камбуди шадиди маводди ғизоӣ ва оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Вай тасреҳ кард, ки дар ин минтақа наметавон ба роҳатӣ оби ошомиданӣ ва ғизо пайдо кард.

Манобеи марбута ҳамчунин дар бораи шароити буҳронии кӯдакони Ғазза ҳушдор дода ва эълом карданд, ки Навори Ғазза шоҳиди камбуди шадиди ғизои кӯдакон аст ва дар ин вазъият, ки модарон дар натиҷаи гуруснагӣ қудрати шир додан ба навзодони худро надоранд, шири хушк ҳам ба шиддат камёб аст ва ин буҳрон танҳо марбут ба шимоли нест ва саросари Ғазза аз ин фоҷиа ранҷ мебарад.

Тибқи гузоришҳои марбута токунун чандин кӯдак бар асари гуруснагӣ дар шимоли Ғазза ҷони худро аз даст додаанд.

Аз сӯи дигар ниҳодҳои ҳуқуқи башари дар Фаластин дар гузориши муштарак ҳушдор доданд, ки ним миллион фаластинӣ дар шимоли Ғазза дар маърази хатари ҷиддии марг бар асари гуруснагӣ ва ташнагӣ қарор доранд ва чандин ҳафтааст, ки кумакҳо ба ин минтақа ба таври комил қатъ шуда ва ба далели маҳдудиятҳои шадиде, ки ишғолгарон эъмол кардаанд ва ҷанге, ки аз 5 моҳ қабл токунун идома дорад, ҳамаи маводди ғизоӣ ва доруӣ ба вижа орд дар шимоли Ғазза ноёб шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад