Паёми Ҳамос ба тамоми раҳбарони ҷаҳони Ислом

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо таъкид бар инки муқовимат танҳо гузина барои поён додан ба ишғолгарӣ дар минтақа аст ва мардуми Фаластин то расидан ба ҳуқуқи худ ба тақобул бо душман идома медиҳанд аз раҳбарони уммати арабии исломӣ хост барои таваққуфи таҷовузҳои саҳюнистҳо зидди Ғазза иқдом кунанд.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар паёме хитоб ба раҳбарон ва намодҳо ва уламои уммати арабӣ ва исломӣ аз онҳо хост иқдоми фаврӣ ва ҷиддӣ барои таваққуфи таҷовузҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ва наҷоти мардуми Фаластин анҷом диҳанд ва Исроилро дар сатҳи сиёсӣ ва дипломатик мунзавӣ кунанд.

Исмоил Ҳания дар ин паёми худ ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон хитоб ба раҳбарон ва намодҳо ва уламои уммати арабӣ ва исломӣ гуфт: аз раҳбарон ва намодҳо ва уламои уммати арабӣ ва исломӣ мехоҳем иқдоми таъсиргузор дар сатҳҳои мухталифи сиёсӣ ва дипломатик ва ҳуқуқӣ барои таваққуфи таҷовузҳо алайҳи миллати мо ба вижа дар Ғазза ва низ барои ҳимоят аз Масҷидулақсо анҷом диҳанд.

Ҳания бо таъкид бар лузуми эъмоли фишор бар кишварҳои ҳомии режими саҳюнистӣ бо ҳадафи маҷбур кардани ин режим ҷиҳати таваққуфи ҷанг ба шакли фаврӣ ва беқайдушарт эълон кард: мардуми мо имсол дар ҳоле ба истиқболи моҳи шарифи Рамазон мераванд, ки дар маърази шанеътарин ҷиноятҳо дар ҷанги наслкушии душман алайҳи Ғазза қарор доранд.

Вай дар идомаи паёми худ бар суръат расондани кумакҳо дар сатҳи ғизо ва дорӯ ва сарпаноҳ барои мардуми Ғазза ва боз шудани гузаргоҳҳо ҷиҳати имдодрасонии мустамар ва таъмини комил ва фаврии ниёзҳои мардуми Ғазза таъкид карда изҳор дошт, ки бояд муҳосираи Ғазза ба шакли комил поён ёбад ва раванди бозсозии Ғазза оғоз гардад.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос ҳамчунин хостори анҷоми талошҳои бештар барои муҳокимаи режими ишғолгар ва ифшои ҷиноятҳои ин режим ва мунзавӣ кардани он дар сатҳи сиёсӣ ва дипломатик ба хотири ҷиноятҳои ҷангӣ ва зидди башарӣ, ки ин режим алайҳи мардуми Фаластин анҷом медиҳад, шуд.

Исмоил Ҳания дар идома тасреҳ кард: ишғолгарӣ решаи ҳамаи мушкилот ва адами субот дар минтақа будааст ва идомаи он бо усул ва қонунҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Созмони Милал дар тазод аст ва танҳо бо расидани миллати Фаластин ба ҳаққи худ дар истиқлол ва озодӣ аст, ки ин мушкил поён меёбад ва марҳилаи ҷадид ва мутафовите дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон эҷод мегардад.

Вай дар поёни паёми худ гуфт: мо ба шумо ва ҳамаи озодагон ин итминонро медиҳем, ки мардуми мо ба сарзамини худ пойбанданд ва ба гузинаи муқовимат ба унвони роҳи машруъ ҷиҳати поён додан ба ишғолгарӣ имон доранд. Ин мардум ҳар андоза ҳам, ки ниёз ба фидокорӣ бошад, ба муқобила бо ҳамаи тавтеаҳои душман, ки ҳадафи он ҳазфи масъалаи Фаластин аст, идома хоҳанд дод ва ҳамаи ҷиноятҳои ваҳшиёнае, ки ишғолгарон анҷом медиҳанд, ҳаргиз сабаби ақибнишинии мардуми Фаластин аз муқовимат ва идомаи роҳашон намешавад ва ин роҳ то расидани миллати Фаластин ба озодӣ ва истиқлол, барпоии кишвари мустақилли фаластинӣ бо ҳокимияти комил ва ба пойтахтии Қудс ва расидан ба ҳаққи бозгашт ва таъйини сарнавишт идома хоҳад дошт.

Ин дар ҳоле аст,ке чанд рӯз қабл ҳам гурӯҳҳои фаластинӣ дар баёнияе барои кампайни «тӯфони Рамазон» фарохон доданд ва эълон карданд: аз ҳамаи виҷдонҳои бедор ва зинда дар саросари ҷаҳон мехоҳем, ки бузургтарин иқдоми расмӣ ва мардумии ҷаҳонӣ дар сатҳи миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалиро дар моҳи мубораки Рамазон таҳти унвони «тӯфони Рамазон» барои пирӯзии ормони одилонаи Фаластин ва таҳти фишор қарор додани душман барои таваққуфи ҷанги наслкушии он алайҳи мардуми мо ва шикасти тавтеаҳои ишғолгарон анҷом диҳанд.

Гурӯҳҳои фаластинӣ таъкид карданд: мо мехоҳем, ки ин ҳаракат ва тӯфони ҷаҳонӣ шомили фаъолсозии ҳамаи шаклҳои таҳрим ва қатъи ҳаргуна кумакрасонӣ ба ишғолгарон, эълони эътисобот дар майдонҳо ва арсаҳои умумӣ ва баргузории роҳпаймоиҳо дар ҳамаи пойтахтҳо ва шаҳрҳо бошад. Мо ба ҳаққи миллати худ дар озодӣ ва таъйини сарнавишт ва бозгашт ба сарзамини худашон ва ташкили кишвари мустақилли Фаластин ба пойтахтии Қудс таъкид мекунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад