Кӯдакони Ғазза дар баробари дидагони ҷаҳониён дар ҳоли марг ҳастанд

Созмони байналмилалии кӯмакрасонӣ барои оворагони фаластинӣ ҳушдор дод кӯдакони Ғазза дар сояи қаҳтӣ ва гуруснагӣ ба тадриҷ дар баробари дидагони ҷаҳониён дар ҳоли марг ҳастанд.

Созмони байналмилалии кӯмакрасонӣ барои оворагони Фаластин (UNRWA) рӯзи шанбе бори дигар дар бораи буҳрони қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Ғазза ҳушдор дод.

Созмони байналмилалии кӯмакрасонии “UNRWA” дар вокуниш ба марги фаластиниён ба далели қаҳтӣ ва гуруснагӣ эълом кард: «кӯдакон дар Навори Ғазза ба тадриҷ ва дар баробари дидагони ҷаҳониён дарҳол марг ҳастанд».

Ин ниҳоди байналмилалӣ изофа кард: «вазъият дар Ғазза бисёр ноумедкунанда буда ва зарурӣ аст, ки коркунони мо бидуни ҳеҷ монее ба хонаводаҳо дар саросари борикаи Ғазза дастрасӣ дошта то ҷони афродро наҷот диҳанд».

Дар шароите, ки талафоти фаластиниён дар ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба 30 ҳазору 410 шаҳид ва 71 ҳазору 700 захмӣ афзоиш ёфта, хабарҳо ҳокӣ аст, ки Исроил иҷозаи вуруди маводи ғизоии мавриди ниёзи мардуми Ғаззаро намедиҳад.

Шабака CNN имрӯз натиҷаи гузориши таҳқиқоти худ дар бораи вазъияти Ғаззаро мунташир кард, ки дар он омадааст, Исроил монеи ирсоли кӯмакҳои инсон дӯстона шомили доруҳои беҳушӣ, кейтҳои зоймон, кисаҳои хоб ба Ғазза мешавад.

Ин гузориш дар шароите мунташир шуд, ки низомиёни артиши ҷинояткори Исроил ҳафтаи гузашта бо ҳамла дар хиёбони Ал-Ришоди Ғазза ҳадди ақал 122 фаластиниро, ки мунтазири дарёфти орд буданд, шаҳид карданд.

Дар ҳамин робита Ожонси кӯдакони Созмонм Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) низ рӯзи якшанбе эълом карда буд марги кӯдакон, ки метрсидем дар Навори Ғазза рӯй диҳад, акнун ба як воқеият табдил шудааст.

Ожонси кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), рӯзи якшанбе дар бораи авзоъи бади кӯдакон дар Ғазза ҳушдор дод.

ЮНИСЕФ эълом кард: «марги кӯдаконе, ки метрсидем дар Навори Ғазза рӯй диҳад, акнун як воқеият аст».

Ожонси кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) изофа кард: «зиндагии ҳазорон кӯдак ва ширхора дар Навори Ғазза вобаста ба иқдомоти фаврӣ дар ояндаи наздик аст».

Бархе манобеи фаластинӣ ҳам эълом карданд танкҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ бо шиллик чанд гулӯла ва ҳамалоти мусалсал ба самти садҳо фаластинии мунтазири расидани мошинҳои орд ва кумакҳо дар минтақаи майдони Ал-Кувайтӣ дар шимоли Навори Ғазза, шиллик карданд.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Навори Ғазза эълом кард: дар куштори ҳавлноки «Исроил» алайҳи фаластиниёне, ки дар наздики майдони Ал-Кувайтӣ дар ҷануби шаҳри Навори Ғазза  мунтазири расидани мошинҳои орд буданд, даҳҳо нафар шаҳид ва захмӣ шуданд.

Бархе шоҳидони айнӣ гуфтанд: танкҳо пас аз расидани ахбор мабнӣ бар вуруди мошинҳои орд, мустақиман ба самти таҷаммӯъ кунандагон оташ гушӯданд, ки мунҷар ба маҷрӯҳ шудани мустақими даҳҳо нафар шуд.

Онҳо хотирнишон карданд: гулӯлаҳо бар сари афроде, ки дар ҷустуҷуи ғизо барои фарзандонашон буданд исобат кард, ки боиси афзоиши талафот шудааст.

Даҳҳо маҷрӯҳ ба бемористони Аш-Шифо дар Навори Ғазза мунтақил шуданд ва бемористор пур аз маҷрӯҳон шуда ва бархе захмиҳо аз ноҳияи шикам ва сина ба шиддат захмӣ шуданд.

Шоёни зикр аст, ки неруҳои ишғолгар бо таваҷҷуҳ ба эҷоди қаҳтии бераҳмона барои фаластиниён, ҳамчунон маконҳои таҷаммӯъи фаластиниҳои мунтазири кумакҳои башардӯстонаро ҳадаф қарор медиҳанд.

Охирин қатли ом имрӯз дар Дайрулбалаҳ ва бомбаборони як мошини кумаки мутааллиқ ба як муассисаи хайрияи Квайтӣ тавассути ишғолгарон буд.

Як ҳавопаймои режими палиди Исроил мустақиман мошини ҳомили кумакҳоро бомбаборон кард, ки дар натиҷаи он 9 фаластинӣ шаҳид ва даҳҳо нафар аз афроде, ки дар атрофи он ҷамъ шуда буданд захмӣ шуданд.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад