Баррасии масоили марзӣ дар дидори вазирони хориҷаи Душанбе ва Бишкек

Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизи худ тайи дидоре масоили марзии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ба нақл аз Спутник, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Жээнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон дар ҳошияи баргузории Форуми дипломатии Анталия масоили марзии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла раванди фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро муҳокима намуданд.

Тавре, ки Вазорати корҳои хориҷии кишвар гузориш додааст, вазирон бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли зудтари масъалаҳои сарҳадӣ, ки аз дастурҳои роҳбарияти олии ду кишвар бар меоянд, таъкид карданд.

Қаблан Муҳриддин изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд дар бораи ҳудуди 100 километри дигари марзи муштарак созиш кунанд. Қитъаи ҳамоҳангнашуда тақрибан 10% дарозии сарҳади давлатиро ташкил медиҳад, афзуд вазири тоҷик ва таъкид намуд, ки ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.

Ӯ тавзеҳ дод, ки “минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондаанд ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд”.

Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад