Тазоҳуроти ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза дар муқобили сафорати Исроил дар Вашингтон

Садҳо нафар аз мардуми Амрико дар эътироз ба ҳамалоти Исроил алайҳи Ғазза дар муқобили сафорати ин кишвар дар Вашингтон тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, Садҳо нафар аз мардуми Амрико дар эътироз ба ҳамалоти Исроил алайҳи Ғазза дар муқобили сафорати ин кишвар дар Вашингтон тазоҳурот карданд.

Садҳо нафар аз мардуми Амрико дар эътироз ба ҳамалоти Исроил алайҳи Ғазза дар муқобили сафорати ин кишвар дар Вашингтон, ҷое ки Аарон Бушнелл, афсари неруи ҳавоии Амрико дар эътироз ба ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза худсӯзӣ карда буд, тазоҳурот баргузор карданд.

Тазоҳуроткунандагон парчамҳои Фаластин ва дастнавиштаҳое бо маънои “Фаластинро озод кунед”, “Ба ишғолгарӣ поён диҳед”, “Наслкуширо мутаваққиф кунед” ва “Амрико кумак ба Исроилро мутаваққиф кунад” ҳамл карданд.

Муҳаммад Ҳабба, яке аз тазоҳуроткунандагон мегӯяд: То замоне, ки Исроил ва Амрико наслкушии фаластиниёнро мутаваққиф накунанд, хиёбонҳоро тарк нахоҳем кард.

Идомаи ҷиноёт ва куштори занону кӯдакон тавассути режими саҳюнисӣ дар Ғазза

Вазорати тандурустии Фаластин эълом кард, ки ишғолгарони саҳюнисӣ тайи 24 соати ахир, муртакиби 10 ҷинояти ҷадид шудаанд, ки тайи он беш аз 200 нафар шаҳиду захмӣ шуданд.

Бо гузашти 149 рӯз аз ҷанг, шумори шуҳадо ба 30320 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 71533 нафар расид. Ин бахши дигаре аз баёнияи имрӯзи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза аст.

Бар асоси ин гузориш, ишғолгарони саҳюнисӣ тайи 24 соати ахир мӯҷиби шаҳодати 92 нафари дигар ва маҷрӯҳияти 156 нафар шуданд, ки бештари онҳо зан ва кӯдаканд. Ҳанӯз шумори зиёде аз қурбониён дар зери овор ҳастанд ва ба далели мумониати ишғолгарони саҳюнисӣ, имкони расондани бисёре аз маҷрӯҳон ба бемористонҳои нима фаъол дар Ғазза вуҷуд надорад.

Ҳамлаи ҷангандаҳои Исроил ба хонае дар Рафаҳ; 14 нафар аз ҷумла 6 кӯдак шаҳид шуданд

Бар асари бомбаборони хонае дар Рафаҳ, дар ҷануби Ғазза тавассути ҷангандаҳои Исроил 14 нафар аз ҷумла 6 кӯдак ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки теъдоде ҳам зери овораҳо гирифтор шудаанд.

Артиши режими палид ва ҷинояткори Исроил, ки аз ҳафтуми октябри гузашта ҳамалоти вайронкунандаеро ба Навори Ғазза оғоз карда токунун илова ба шаҳодат расондани ҳазорон нафар, зерсохтҳои дармонӣ ва омӯзишӣ ва ибодатгоҳҳоро нобуд кардааст. Ағлаби манотиқи Навори Ғазза дар ҳоли ҳозир таҳти муҳосира қарор доранд ва мардуми Ғазза, ки ба думболи вайронии хонаҳояшон дар чодарҳо ва бархе паноҳгоҳҳои нима хароб зиндагӣ доранд, ниёзи шадид ба ғизо ва ниёзҳои пизишкӣ доранд.

Созмони Милал низ дар бораи вазъияти қаҳтӣ ва гуруснагии мардум бавижа дар шимоли Ғазза ҳушдор медиҳад ва эълом кард, ки  бо вуҷуди онки мизони вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза дар муқоиса бо моҳи январ 50 дарсад коҳиш ёфтааст, режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил иҷозаи вуруди кумакҳо ба хусус ба бахши шимолии Ғаззаро намедиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад