Марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди Назорати ҷиддии СПАД

Гузариши лоиҳа ба сатҳи Шӯрои доимии СПАД ба қабули қарор дар бораи тасвиби ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард, гуфт Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гузариши лоиҳа ба сатҳи Шӯрои доимии СПАД ба қабули қарор дар бораи тасвиби ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард, гуфт Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба гузориши манбаъ:

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ СПАД ба назорати ҷиддӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон идома медиҳад.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки барномаи байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҷиҳати таҳкими марз ниҳоӣ шуда, барои баррасӣ ба Шӯрои доимии ин иттиҳодия пешниҳод шудааст.

ВКХ хабар додааст:

“Дар ин бора аз 27 феврал то 1 март дар Маскав ҷаласаи намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои СПАД ва ҳамчунин аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи тарҳи ин барнома баргузор шуд”.

Онҳо ҳамчунин қайд карданд, ки интиқоли ин лоиҳа ба сатҳи Шӯрои доимӣ барои қабули қарор дар бораи тасдиқи ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.

Шӯрои доимии СПАД аз намояндагони ваколатдори кишварҳои узви ин созмон иборат буда, ҳамкориҳои мутақобиларо дар давраи байни иҷлосияҳои Шӯрои СПАД, ки ба ҳайати он сарони давлатҳо шомил аст, ҳамоҳанг мекунад.

Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ интизор дорад, ки ин барнома соли 2024 тасдиқ шавад.

Вай гуфт, ки дар ин бора ҳанӯз соли 2023 ба нақша гирифта шуда буд, аммо бо сабабҳои техникӣ ин раванд ба соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд.

Охири моҳи июни соли 2023 Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард, ки дар он сарони ниҳодҳои дипломатии ин созмон омодагии худро барои расонидани кӯмак дар мубориза бо таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон ба амнияти минтақа тасдиқ карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар таҳия ва тасдиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як гурӯҳи кории махсус таъсис дода шудааст.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи мақсадноки байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар авоили моҳи март баргузор мешавад.

Дар ин бора Виктор Василев, намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар умури СПАД дар мусоҳиба бо РИА “Новости” изҳор дошт. Идомаи матлаб дар …  

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад