Омори нави шуҳадо ва маҷрӯҳони ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза омори ҷадиде аз шуҳадо ва маҷрӯҳони ҳамлаҳои артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими палиди саҳюнистӣ ба Ғазза эълом кард.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими палиди саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта 8 куштор ва ҷинояти дигарро дар ин борика муртакиб шудааст, ки бар асари он 76 нафар шаҳид ва 110 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза омори ҷадиде аз шуҳадо ва маҷрӯҳони ҳамлаҳои артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими палиди саҳюнистӣ ба Ғазза эълом кард.

Вазорат беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навор Ғазза эълом кард, ки артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими палиди саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта 8 куштор ва ҷинояти дигарро дар ин борика муртакиб шудааст, ки бар асари он 76 нафар шаҳид ва 110 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Ҳамчунин Вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза эълом кард, ки ҳанӯз пайкарҳои зиёде зери овор ва дар ҷодаҳо ҳастанд ва ишғолгарон монеъ аз расидани тимҳои имдодӣ ва кӯмакҳои таъҷилӣ ба маҳалли ҳодиса мешаванд.

Бад-ин тартиб, шумори шуҳадои ҷанг дар Ғазза аз ҳафтуми октябр то ин лаҳза ба 29 ҳазор ва 954 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 70 ҳазор ва 325 нафар афзоиш ёфта аст.

Дар ҳамин робита, Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард ду навзоди ширхораи дигар дар бемористони Камол Адвон дар шимоли Навори Ғазза бар асари гуруснагӣ ва норасоии ғизо ба шаҳодат расиданд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳилоли Аҳмари Фаластин имрӯз бо судури баёниае эълом кард беш аз 10 ҳазор кӯдак дар Навори Ғазза аз осор ва паёмадҳои гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин ҳамчунин дар бораи тадовуми шароити ҷанг алайҳи Ғазза ва муҳосираи ҳамаҷонибаи ин борика ҳушдор дода ва таъкид кардааст, ки ин рухдодҳо ба бадтар шудани вазъияти буҳрони кӯдакони Ғазза мунҷар мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ожонси кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи гузашта бо судури баёнияе дар бораи вазъияти фавқи буҳронии Ғазза ба вижа дар мавзӯъи фуқдони шадиди маводди ғизоӣ барои кӯдакони фаластинӣ, ҳушдор дод.

ЮНИСЕФ дар баёнияе таъкид кард, ки баъд аз гузашти беш аз 4 моҳ аз ҷанг дар Навори Ғазза, як миллион кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза фоқиди амнияти ғизоӣ ҳастанд ва бо буҳрони беҳдоштӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Ин Созмон таъкид кард, ки беш аз 95 дарсади хонаводаҳои фаластинӣ дар Ғазза ваъдаҳои ғизоии бузургсолонро коҳиш доданд то кӯдакон битавонанд ба миқдори ғизои бештаре даст пайдо кунанд.

ЮНИСЕФ тасреҳ кард, ки лозим аст кумакҳои башардӯстона ба шеваи амн ва бидуни қайду шарт ба дасти фаластиниёни хисорат дида дар ҳар нуқта аз Навори Ғазза бирасад.

Аммо дар идомаи ҳамалоти муҷоҳидон ва муборизони фаластинӣ ба мавозеи режими палиди саҳюнистӣ, муборизони Қассом ҳамлаҳои ҷадиде ба мавозеи ишғолгарон анҷом дода ва ду танки артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими палиди саҳюнистиро мунҳадим карданд.

Ба гузориши хабаргузории Шиҳоб, муборизони гурдонҳои Қассом аз амалиёти ҷадиде алайҳи артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими палиди саҳюнистӣ хабар доданд.

Гурдонҳои Қассом дар баёнияе эълом карданд, ки муборизони мо ду танки Мирковаро бо мушаки Ёсин 105 ва Тандум дар ғарби шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза ҳадаф қарор доданд.

Қассом ҳамчунин аз ҳадаф қарор додани низомиёни ишғолгар аз фосилаи сифр ва аз по даровардани низомиёни саҳюнистӣ ва захмӣ кардани як низомии дигар дар наздикии масҷиди Аш-Шофеъ дар ғарби шаҳри Хон Юнус хабар дод.

Соати қабл низ Сароё Ал-Қудс ва гурдонҳои Носир Салоҳуддин бо хумпорае маркази таҷаммӯъи низомиёни палид ва ҷинояткори саҳюнистиро дар шарқи Болиё ҳадаф қарор доданд.

Пеш аз ин низ, гурдонҳои Изуддин Қасом бо судури баёнияе эълом карданд, ки гурӯҳе аз низомиён ишғолгарро дар Хон Юнус аз по даровардааст.

Гурдонҳои Қассом эълом кард, ки гурӯҳе аз неруҳои пиёдаи артиши режими кӯдаккуши саҳюнистиро дар дохили сохтумоне дар минтақаи Абсони бузург дар шарқи Хон Юнус дар ҷануби Гавори Ғазза бо ракети зидди нафар ҳадаф қарор дода ва онҳоро аз по даровардааст.

Қассом ҳамчунин аз ҳадаф қарор додани як нафарбри исроилӣ дар Хон Юнус хабар дод.

Муҷоҳидони гурдонҳои Қассом як нафарбри исроилиро дар минтақаи Абсони бузург дар шарқи Хон Юнус бо ду бомби Шавоз ва Ҷонибия ҳадаф қарор доданд.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад