Тоҷикистон мизбони мусобиқаи байналмилалии “Grand Slam Dushanbe-2024”

Соли  равон  дар шаҳри Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” баргузор хоҳад шуд.

Соли  равон  дар шаҳри Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” баргузор хоҳад шуд.

Ин мусобиқа бо ташаббуси  раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо доир карда мешавад.

Аввалин мусобиқаи байналмилалии “Grand Slam Dushanbe-2024” рӯзҳои 3-5 май ба нақша гирифта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки соли гузашта дар пойтахт аввалин бор “Grand Prix Dushanbe-2023” баргузор гардид, ки дар он ҷудокорони 40 кишвари олам ширкат намуда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад