Байден: эҳтимолан то душанбе шоҳиди тавофуқи оташбас дар Ғазза бошем

Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки ба ҳосил шудани тавофуқи оташбас дар Ғазза то душанбеи оянда умедвор аст.

Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки ба ҳосил шудани тавофуқи оташбас дар Ғазза то душанбеи оянда умедвор аст.

Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден шаби гузашта ибрози умедворӣ кард, ки то ҳафтаи оянда як оташбас миёни Исроил ва Ҳамос барқарор шавад.

Байден, ки дар ҷамъи хабарнигорон дар Нию-Йорк сӯҳбат мекард, дар посух ба саволе дар бораи таҳаввулоти Ғазза гуфт: «ман умедворам, то душанбеи ҳафтаи баъд мо як тавофуқи оташбас дошта бошем..»

Вай афзуд, мушовири амнияти миллии Кохи сафед ба ман гуфтааст, ки мо наздик ҳастем, аммо ҳанӯз анҷом нашудааст.

Шабака NBC News пеш аз ин гузориш дода буд, ки Қатар воситаи музокироти ҳафтаи ҷорӣ миёни Ҳамос ва Исроил буда ва музокирот миёни мақомоти амрикоӣ, исроилӣ, қатарӣ ва мисрӣ дар Париж баргузор шудааст.

Ҷак Соливон, мушовири амнияти миллии Кохи сафед рӯзи якшанбе гуфта буд, ки намояндагони музокиракунанда дар бораи куллиёти «тавофуқи озодии гаравгонҳо» ва оташбаси муваққат дар Ғазза ба тафоҳум расидаанд.

Вай ҳамчунин гуфтааст, музокироти ғайримустақими Миср ва Қатар бо Ҳамос дар ҷараён аст, чаро, ки дар ниҳоят онҳо бояд дар бораи озодии гаравгонҳо мувофиқат кунанд.

Соливон дар айни ҳол таъкид кард, ки ба далели инки музокирот ҳанӯз дар ҷараён аст, наметавонад ҷузъиёти бештаре ироа кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад