Нишасти Париж ва музокирот оиди оташбас дар Ғазза

Нишасти Париж бо ҳузури бархе мақомот анҷом шудааст ва мухолифону мувофиқон умедвор ба натиҷа ҳастанд, аммо ҳануз ҳосиле аз ин нишаст нашр нашудааст.

Музокирот байни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ бар сари табодули асирон аз тариқи миёнҷиҳо рӯзи ҷумъаи гузашта бо ширкати як ҳайат аз Исроил ба раёсати Дейвид Борниё, раиси созмони иттилооти ин режим (Моссад), Вилям Боронз, раиси созмони иттилооти марказии Амрико (CIA), Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуст вазир ва вазири умури хориҷаи Қатар ва Аббос Комил, раиси иттилооти Миср дар Париж, пойтахти Фаронса баргузор шуд ва маълум нест, ки бо ин нишаст чӣ андоза ҷиноятҳо алайҳи Ғазза қоҳиш меёбад.

Париж пойтахти Фаронса аз тариқи миёнҷиҳо байни режими Исроил ва ҷунбиши фаластинии Ҳамос мизбони нишастҳои ҷадиди музокироти тарафайн барои тавофуқи мубодилаи асирони ду тараф ва барқарории оташбаси башардӯстона аст. То пеш аз ин музокирот барои барқарории оташбас ва мубодилаи асирон миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ бенатиҷа будааст. Аммо ин музокирот ҳам бозтоби зиёде доштааст, ки бархе аз онҳо баён мешавад.

Музокироти оташбас аз забони узви аршади Ҳамос

Яке аз раҳбарони Ҳамос бо ишора ба инки аҳамияти музокироти сиёсӣ камтар аз набарди майдонӣ нест, гуфт, ки ҳеҷ тазмине барои ваъдаҳои Исроил ва таваққуфи таҷовузҳои режими ишғолгар алайҳи Ғазза вуҷуд надорад.

Муҳаммад Назол, аз раҳбарони аршади ҷунбиши Ҳамос ва узви дафтари сиёсии ин ҷунбиш дар суханоне дар бораи раванди музокироти марбут ба оташбас дар Ғазза ва табодули асирон эълон кард, ки мо дар ҳоли анҷоми як набарди музокираи сиёсии шадид ҳастем, ки аҳамияти он камтар аз набарди майдонӣ нест.

Муҳаммад Назол дар гуфтугӯ бо Алҷазира изҳор дошт: мо ба музокирот идома медиҳем ва ҳадафи мо бароварда шудани манофеи мардуми Фаластин аст. Дар ҳоли ҳозир авлавияти мо таваққуфи таҷовузҳо алайҳи мардум Ғазза ва имдодрасонӣ ба онҳо ба вижа дар минтақа шимол аст.

Вай бо ишора ба монеътарошиҳои ишғолгарони саҳюнист дар раванди музокирот гуфт, ки токунун ҳеҷ ваъдае барои таваққуфи таҷовузҳои душман алайҳи Ғазза дода нашудааст. Режими ишғолгар як тарҳи оташбаси муваққат барои табодули асирон ироа дода ва баъд аз он амалиётҳои низомии худро аз сар гирифта ва ҳамла ба Рафаҳро оғоз хоҳад кард.

Ин раҳбари Ҳамос дар бораи баҳсҳои марбут ба идораи Ғазза дар давраи баъд аз ҷанг ва иддаоҳое, ки амрикоиҳо ва саҳюнистҳо ва бархе кишварҳои арабӣ дар ин замина матраҳ мекунанд гуфт: мо ҳеҷ иртиботи расмӣ бо ташкилоти худгардон дар бораи барномаи рӯзи баъд аз ҷанг надорем.

Ин дар ҳоле аст, ки дар идома нишастҳои такмилии музокироти Париж барои оташбас дар Ғазза, нашрияи амрикоии Оксиюс аз пешниҳоди Вашингтон барои оташбаси 6 ҳафтаӣ дар Ғазза дар муқобили озодии 40 асири исроилӣ хабар дод.

Оксиюс ба нақл аз ду манбаи амрикоӣ эълон кард, ки мақомоти амрикоӣ, қатарӣ ва мисрӣ дар ҷараёни нишасти рӯзи ҷумъа дар Париж чорчӯби ҷадид ва дақиқтаре барои муомилаи табодули асиронро ба музокиракунандагони исроилӣ ироа карданд.

Ин вебгоҳи хабарии амрикоӣ афзуд, ки ин манобеъ гузориш доданд, ки чорчӯби нави пешниҳодшуда, ки Ҳамос дар изои оташбаси шашҳафтаӣ ва озодии садҳо асири фаластинӣ дар Телавив, ҳудуди 40 зиндониро озод кунад.

Вазири умури хориҷаи Исроил: амалиёти артиш дар Ғазза мутаваққиф нахоҳад шуд

Исроил Котс ин матлабро дар посух ба саволи шабакаи 14-и Исроил дар бораи фишори давлати Байден бар кобинаи Бенёмин Нетаняҳу барои ҷилавгирӣ аз амалиёти заминии артиши ин режим дар Рафаҳ баён кард.

Вазири умури хориҷаи Исроил афзуд: «кобинаи Нетаняҳу ҷанг алайҳи Навори Ғаззаро мутаваққиф нахоҳад кард; зеро бо бақои Ҳамос дар Ғазза мувофиқ нест.»

Вай изҳор кард: «ташкилоти худгардони Фаластин бахше аз давлати маданӣ дар Навори Ғазза нахоҳад буд.»

Луйд Остин, вазири дифои Амрико, рӯз ҷумъа гуфт: «Исроил қабл аз ҳаргуна амалиёти низомӣ дар Рафаҳ, ба як тарҳи мӯътабар барои тазмини амният ва ҳифозат аз беш аз як миллион фаластинӣ, ки дар ин шаҳр паноҳ гирифтаанд, ниёз дорад.»

Бар асоси баёнияи Пентагон, изҳороти Остин пас аз тамоси телефонӣ байни Ӯ ва Голонт, вазири ҷанги режими ишғолгари Исроил, ки дар бораи амалиёти низомӣ дар Хон Юнус барқарор шуд, баён кард.

Пештар шабакаи амрикоиии CNN панҷшанбеи гузашта гузориш дод, ки давлати Байден ба шиддат барои тазмини оташбас дар Ғазза қабл аз моҳ Рамазон талош мекунад.

Ин шабака ба нақл аз як дипломати огоҳ ба музокирот байни режими Исроил ва Ҳамос, ки бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Амрико дар ҳоли анҷом аст, афзуд: «агар амалиёте алайҳи Рафаҳ анҷом шавад, бояд муомила (бар сари озодии асирони ду тараф)-ро фаромӯш кунем.»

Вай тасреҳ кард: «бо таваҷҷуҳ ба наздик шудан ба моҳи мубораки Рамазон, музокирот байни режими Исроил ва Ҳамос дар ду ҳафтаи оянда бисёр муҳим хоҳад буд.»

Ин дипломат афзуд: «ҳаргуна ҳамлаи низомии режими Исроил дар моҳи Рамазон алайҳи сокинони Рафаҳ, танҳо ба афзоиши таниш дар саросари минтақа мунҷар хоҳад шуд.»

Нетаняҳу: агар Ҳамос аз хостаҳои худ даст кашад, тавофуқ мекунем

Нетаняҳу шомгоҳи якшанбе гуфт: амалиёт дар Рафаҳ чанд ҳафта пас аз оғоз он ба поён мерасад ва агар дар мавзуи мубодилаи асирон тавофуқ кунем, ин амалиёт ба таъхир меафтад.

Вай иддао кард: мисриҳо медонанд, ки ҳадафи мо кӯчондани Фаластиниҳо ба Миср нест ва мо бо онҳо ҳамоҳанг ҳастем ва сулҳ ва равобити мо бо Қоҳира дар хатар нест.

Нетаняҳу афзуд: бо Вашингтон дар мавриди ниёз ба ҷо ба ҷоии ғайринизомиён аз Рафаҳ ихтилофе надорем ва мо онҳоро ба минтақае дар шимоли Рафаҳ ҳидоят хоҳем кард.

Эҳтимоли оташбас дар Ғазза вуҷуд дорад?

Расонаҳои ибризабон гузориш доданд, ки арзёбии ин ҳайати музокирҳкунандаи саҳюнист аз гуфтугӯҳои Париж, ки перомуни куллиёт ва чорчӯби тавофуқи оташбас дар Ғазза ва мубодилаи асирон миёни режими саҳюнистӣ ва муқовимати Фаластин баргузор шуд, мусбат будааст.

Телевизиони режими саҳюнистӣ низ эълон кард, ки ин гуфтугӯҳо рӯи 4 мавзуи матраҳшуда аз сӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос, ки режими саҳюнистӣ бо он мухолифат дорад, тамаркуз доштааст.

Бар асоси гузориши ин манбаи ибризабон ин 4 мавзуи маҳалли ихтилоф иборатанд аз: бозгашти тамоми сокинони шимоли Навори Ғазза ба маҳалли зиндагии худ ва хуруҷи низомиёни артиши режими саҳюнистӣ аз ин минтақа, афзоиши вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза, муддатзамони барқарории оташбас ва шумори асирони фаластинӣ, ки бояд дар баробари озодии асирони саҳюнист назди муқовимат озод шаванд.

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябри 2023, амалиёти ғофилгиркунандаеро бо номи «Тӯфони Ақсо» аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавзеъҳои режими саҳюнистӣ оғоз карда ва зарбаҳои саҳмгине ба саҳюнистҳо ворид карданд; оежими саҳюнистӣ барои ҷуброни шикасти низомӣ ва иттилоотии худ дар амалиёти Тӯфони Ақсо ба ҷой инки бо муқовимати Ғазза даргир шавад, аз ҳамон рӯз иқдом ба бомбаборони минтақҳои маскунӣ, марказҳои дармонӣ ва фарҳангии Навори Ғазза кард, ки дар асари он токунун беш аз 29 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 69 ҳазор нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад