Ҷиноятҳои бераҳмонаи режими саҳюнистӣ алайҳи кӯдакони Ғазза

Кӯдакӣ дар Ғазза акнун ба маънои аз даст додан аст; аз даст додани хонавода, аъзои бадан, ғизо ва ҳар он чи, ки як кӯдак барои зиндагии маъмулӣ ба он ниёз дорад.

Чаҳор моҳ аз замони оғози ҷанги режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи Ғазза дар ҳафтуми октябр мегузарад; Ҳамалоти сангин ва мустамарри режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба ин минтақа, ки 16 соли гузаштаро дар муҳосира ба сар бурда, оворагӣ барои фирор аз марг ва вайрониро рақам задааст.

Ғазза дар пайи муҳосираи комили чаҳор моҳа ва ҳамалоти ҳавоӣ ва заминӣ, акнун ба сарзамини оворагон дар сарзамини модарӣ табдил шудааст; Чаро ки беш аз ниме аз сохтумонҳои Ғазза тахриб шудаанд ва ба шакли физояндае фазоҳои амн ва қобили зиндагӣ дар ин минтақа кам шудаанд.

Дар ин миён кӯдакони мазлуми Ғазза саҳми зиёде аз бори сангини ҷинояти режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистиро бар дӯш мекашанд; Ҳудуди ниме аз тақрибан 29 ҳазор шаҳиди Ғазза, кӯдак ҳастанд.

Кӯдакон ва навзодони Ғазза акнун ҳамзамон, ки намоди муқовимати Фаластин ҳастанд, ранҷи зиёде аз оворагӣ то сӯитағзия, аз марг бар асари бомбаборон то маълулиятро мутаҳаммил мешаванд.

Он чи дар тавсифи вазъияти Ғазза бо унвони ҷанг алайҳи кӯдакон хонда мешавад, ба ин маъно аст, ки Навори Ғазза хатарноктарин макон дар ҷаҳон барои гузарондани кӯдакӣ аст.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки камбуди афсоргусехтаи маводди ғизоӣ, сӯъитағзияи нигарон кунанда ва густариши сареи бемориҳо авомиле ҳастанд, ки метавонад мунҷар ба бурузи фоҷиа дар теъдоди маргумири кӯдакони мазлум дар борикаи Ғазза шавад.

Созмони Милали Муттаҳид афзуд, ки ғизо ва оби солим дар минтақаи таҳти муҳосираи Фаластин бисёр камёб шудааст ва тақрибан ҳамаи кӯдакони хурдсол аз бемориҳои уфунӣ ранҷ мебаранд ва дар азобанд.

Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва барномаи ҷаҳонии ғизо, ҳадди ақал 90 дарсади кӯдакони фаластинии зери 5 сол дар Ғазза ба як ё чанд бемории уфунӣ мубтало ҳастанд. Ҳамчунин 70 дарсад дар ду ҳафтаи гузашта ба исҳол ва дилдард мубтало шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2022 мелодӣ 23 баробар афзоиш ёфтааст.

Гурӯҳи тағзияи ҷаҳонӣ дар гузорише бо таъкид бар шиканандагии вазъияти ғизо дар Ғазза, гуфт, ки вазъият ба вижа дар шимоли борикаи Ғазза хатарнок шуда зеро ҳафтаҳост кумак расонӣ тақрибан ба таври комил қатъ шудааст.

Барраси вазъияти тағзия дар паноҳгоҳҳои оворагон ва марокизи беҳдоштӣ дар шимоли ин борика, нишон дод, ки 15 дарсади кӯдакон ё аз ҳар шаш кӯдаки зери ду сол, як нафари онҳо аз сӯи тағзияи шадид ранҷ мебарад.

Ожонсҳои Созмони Милал мегӯяанд, ки «ин бадтар шудани вазъияти тағзияи» мардум дар арзи се моҳ «дар ҷаҳон бесобиқа аст».

Вазъияти инсонӣ дар борикаи муҳосира шудаи Ғазза рӯз ба рӯз дар ҳоли бадтар шудан аст ва умед ба оташбас ҳамчунон кам рангтар мешавад зеро мақомоти режими палиди ишғолгари саҳюнистӣ бар идомаи кушторҳо ва ҳамла ба Рафаҳ исрор доранд; Ин шаҳр акнун мизбони яку ним миллион овораи Фаластинӣ аст ва ҷамъияти он аз замони шурӯи ҷанг алайҳи Ғазза шаш баробар шудааст.

Дар ҳамин робита сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, ки чанд ҳафтааст ҳеҷ кумаке вориди минтақаҳои шимоли борикаи Ғазза нашудааст.

Ба гузориши Алҷазира, мудири бахши иттилоъ расонии ЮНИСЕФ дар минтақаи Ховари Миёна эълом кард, ки ҳафтаҳост кумаке вориди бахшҳои шимолии борикаи Ғазза нашудааст.

Вай афзуд: 90 дарсади кӯдакони борикаи Ғазза дучори сӯъи тағзия шудаанд. Таваққуфи куштори кӯдакон ниёзманди барқарории оташбаси инсондӯстона аст.

Мудири бахши иттилоъ расонии ЮНИСЕФ дар минтақаи Ховари Миёна баён кард: мо хоҳони кушоиши тамоми гузаргоҳҳои борикаи Ғазза ҳастем. Агар авзои майдонӣ тағйир накунад, шоҳиди рухдодҳои бадтар хоҳем буд.

Рӯзи гузашта низ сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вуқӯъи фоҷиаи башарии маргбор дар Рафаҳ ҳушдор дод ва эълом кард, ки Рафаҳ ба яке аз мутарокимтарин маконҳои ҷаҳон аз назари ҷамъият мубаддал шудааст ва ниме аз сокинони Ғаззаро, ки бештари онҳо ба далели ҷанг чанд бор овора шудаанд, дар худ ҷой додааст.

Ин Созмони байналмилалии вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир як миллион ва 300 ҳазор нафар дар Рафаҳ ҳузур доранд, ки бояд мавриди ҳимоят қарор бигиранд.

ЮНИСЕФ афзуд: Фаластиниҳои ҳозир дар Рафаҳ ҳеҷ макони амне надоранд, ки ба он ҷо паноҳ бибранд.

Лаҳза ба лаҳза марг мардуми ин минтақаро таҳдид мекунад. Рӯзҳои сахте дар Ғазза мегузард ва маргҳое, ки мунҷар ба аз даст додани кӯдакон ва ё волидайн мегардад, ки фарзандонашон ҳанӯз навзод ҳастанд. Рехтани оташ бар сари мардуми мазлуми ин минтақа ва истифода аз бомбаҳои фасфорӣ дар канори набуди об ва барқ ва сӯхт, мисдоқи наслкушӣ ва нобудӣ мафҳуми ҳуқуқи башар аст.

Мутаассифона мафоҳими инсонӣ дар ҷаҳони сиёсат ҳамвора дастовези амёл ва аҳдофи сиёсиюн будааст ба гунае, ки ҳатто ҷони афрод абзори дасти ҷараёнҳои сиёсӣ ва қудратҳо қарор мегирад то аз он абзори фишор дуруст кунанд.

Дарҳоли ҳозир вазъияти ғайри инсонӣ дар Ғазза фоҷиаи башариро дарҳоли рақам задан аст ва кишварҳои ғарбӣ ҳаққро ба Исроил медиҳанд то ба баҳонаи дифоъ аз худ наслкушӣ ба роҳ андозад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад