Путин: Украина барои мо масъалаи маргу зиндагӣ аст

Раисҷумҳури Русия бо баёни инки масъалаи Украина барои ғарб танҳо марбут ба тақвияти мавозеи тактикӣ мебошад гуфт, барои Русия, аммо ин мавзӯи маргу зиндагӣ аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мусоҳиба бо радио ва телевизиони давлатии ин кишвар гуфт, ки масъалаи Украина барои Маскав масъалаи маргу зиндагӣ аст.

Путин афзуд, “ин бисёр муҳим буд, ки ба мухотабони русӣ ва хориҷӣ фаҳмонем, ки Русия чигуна ба ҳар чизе, ки наздик ба Украина рух диҳад аҳамият медиҳад. Раисҷумҳури Русия масъалаи Украина барои ғарбро кам аҳамияту масъалае марбут ба тақвияти мавозеи тактикӣ хонду таъкид кард, ки “аммо барои мо ин масъала бисёр мутафовит аст, марбут ба сарнавишти мост; масъалаи маргу зиндагӣ аст…”

Раисҷумҳури Русия ҳафтаи гузашта дар мусоҳиба бо як хабарнигори амрикоӣ аз нақши Амрико дар ҷанги Украина интиқод карду гуфт: “Кори беҳтаре надоред, ки анҷом диҳед? Шумо масоиле дар хусуси марзҳоятон доред, масъалаи муҳоҷират доред, масъалаи рӯшан доред, ки беш аз 33 триллион доллар аст. Кори беҳтаре надоред, ки бояд дар Украина биҷангед?”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад