Тоҷикистон ба Қатар: ҷинояткоронро истирдод кунед!

Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Қатар хост, ки шаҳрвандонеро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар пайгард ҳастанд, боздошт ва ба Душанбе истирдод кунад.

Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Қатар хост, ки шаҳрвандонеро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар пайгард ҳастанд, боздошт ва ба Душанбе истирдод кунад.

Ин гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти давлати Қатар зимни сафари Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ба Давҳа рӯзҳои 17-18-уми феврал сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Юсуф Раҳмон бо ҳамтои қатарияш Исса бин Саад ал-Ҷафалӣ зимни мулоқот масоили марбут ба “татбиқи амалии шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, ки соли 2023 ба имзо расонида шуда буданд”-ро, баррасӣ карданд.

Дар хабари додситонӣ зикр гардида, ки ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории мақомоти ду кишвар дар бораи муқовимат бо терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар навъҳои ҷинояткориро муҳокима карда, тақвияти ҳамкориҳоро таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни Тоҷикистон ва Қатар дар мавриди истирдоди шаҳрвандони ҳамдигарро тасвиб карда буд.

Парлумони Тоҷикистон дар он ҷаласаи худ ҳамчунин Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои идомаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар ва Созишнома дар бораи ёрии дуҷонибаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатарро низ ба тасвиб расонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад