Мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири Қатар

 Дар дидори раиси Маҷлиси миллии кишвар бо сафири Қатар дар Душанбе масоили мухталифи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Дар дидори раиси Маҷлиси миллии кишвар бо сафири Қатар дар Душанбе масоили мухталифи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо Муборак ибни Абдурраҳмон Наср, сафири Қатар дидор ва гуфтугӯ карданд. Раис Маҷлис дар ибтидои ин дидор, ки ба дархости тарафи Қатар сурат гирифт, интисоби сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро табрик гуфт ва барои вай орзуи муваффақият кард.

Ду тараф дар ин дидор зимни ибрози ризоят аз сатҳи кунунии равобит байни Тоҷикистон ва Қатар дар қолабҳои дуҷониба ва чандҷониба бо таъкид изҳор доштанд, ки дар натиҷаи гуфтугӯҳои сиёсӣ дар сатҳҳои боло, равобити самарабахш ба таври муназзам дар ҳоли тавсеа буда ва пояи ҳуқуқии равобит байни ду кишвари дӯст тақвият мешавад.

Тайи ин дидор ҳамчунин дар мавриди вазъияти равобит дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ, густариши сохтори тиҷорати дуҷониба ва ҷазби бештари сармоягузорони қатарӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон табодули назар карданд.

Раис Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз Қатар барои мизбонии мусобиқоти футболи Ҷоми Осиё-2023 дар сатҳи боло ва ҳамчунин истиқболи самимона ва эҷоди шароити матлуб барои тими миллии футболи Тоҷикистон ташаккур кард.

Дар ҷараёни ин дидор ҳамчунин дар бораи вазъияти сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ баҳс ва табодули назар сурат гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад