Ҳамалоти ҳамаҷонибаи муқовимати исломии Фаластин ба режими саҳюнистӣ

Гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин дар меҳварҳои мухталифи набард дар Навори Ғазза низомиёни артиши режими кӯдаккуши саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд.

Гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсо вобаста ба ҷунбиши Фатҳ эълом кард: муборизони мо даргириҳои шадиде бо неруҳои ишғолгар дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза доранд ва онҳоро бо тарбор ва ракетаҳои зидди зиреҳ ҳадаф қарор медиҳанд.

Сараё Алқудс шохаи низомии ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ эълом кард, ки бо гулӯлаҳои “RPG” ду танки артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аз навъи «Меркава» ва як булдузери ин режим аз навъи «D9»-ро дар ҷануби ғарби шаҳри Хон Юнус ҳадаф қарор додааст.

Гурдонҳои Муҷоҳидин низ эълом кард: муборизони мо бо ракетаҳои кӯтоҳ бурд таҷаммӯъи низомиёни палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар шарқи Ал- Бурайҷ дар маркази Навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.

Зарбаи мӯҳлики Қассом ба низомиёни саҳюнистӣ

Гурдонҳои Қассом эълом карданд: як нафарбари низомиёни режими ҷинояткори саҳюнистиро бо мушаки Ёсин 105 дар минтақаи Ал-Ҷавозот дар шаҳри Ғазза ҳадаф қарор додем.

Қассом ҳамчунин баён кард: муборизони мо 15 низомии саҳюнистиро аз масофати сифр дар минтақаи Ал-Ҷавозот дар ғарби шаҳри Ғазза аз по дароварданд.

Ҳамчунин гурдонҳои Қассом эълом кард, ки муборизонаш маркази таҷаммӯъи ишғолгаронро дар минтақаи Ал-Ҷавозот ғарби шаҳри Ғазза бо хумпора ҳадаф қарор додаанд.

Ҳамлаҳои мушакии ҷадиди Ҳизбуллоҳи Лубнон ба саҳюнистҳо

Идораи иттилоъ расонии ҷангии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард: дар ростои ҳимоят аз миллати устувори Фаластин дар Ғазза ва ёрии муқовимати шуҷоъ ва шарифи он, размндагони муқовимат дар соати 3:50 асри дирӯз ҷумъа ба вақти маҳаллӣ маркази низомии Рувисотул Алам дар баландиҳои Кафаршибо ва мазореи ишғолии Шабъоро бо мушакҳои худ ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияи дигаре баён кард: дар ростои ҳимоят аз миллати устувори Фаластин дар Навори Ғазза ва муқовимати шуҷоъ ва шарифи он, размндагони муқовимати исломии Фаластин дар соати 4:40 асри ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дувуми феврали 2024, маркази таҷаммӯъи низомиёни режими ҷинояткори саҳюнистиро дар атрофи Рувисотул Алам бо мушак ҳадаф қарор доданд.

Ҳамлаи ҷадиди мушакии Яман ба режими саҳюнистӣ

Расонаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз шиллики мушак аз Яман ба арозии ишғолӣ хабар доданд.

Артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ муддаӣ шуд як мушаки баллистикро, ки аз Яман ба самти Фаластини ишғолӣ шиллик шуда буд, раҳгирӣ кардааст.

Шабакаи 12 телевизиони режими ғосиби саҳюнистӣ ҳам гузориш дод, ки ин мушаки баллистик бо сомонаи зидди мушакии баллистики «Ару» раҳгирӣ шудааст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз раҳгирии як мушак дар водии Урба аст.

Ин расонаҳо аз шиллики мушаки баллистик аз Яман ба самти Илот хабар доданд.

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин, ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгир кунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Навори Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеъи режими Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва Ҳамос оташбаси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфа барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими палиди Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа, аввали декабр 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Навори Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими ҷинояткор барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ваҳшиёна ва бераҳмонаи ин минтақа аст.

Бар асоси гузоришҳои Вазорати беҳдошт ва тандурустии Навори Ғазза бо гузашти 120 рӯз аз ҷанг дар ин минтақа, афзӯн бар 27 ҳазору 19 нафар фаластинӣ бар асари ҳамалоти ваҳшёнаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд ва теъдоди захмиҳо низ ба 66 ҳазору 139 нафар расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад