Майли Арабистони Саудӣ барои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи “Роғун”

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Подшоҳии Арабистони Саудиро яке аз муҳимтарин шарикони Душанбе дар ҷаҳони араб ва ислом арзёбӣ кард.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Подшоҳии Арабистони Саудиро яке аз муҳимтарин шарикони Душанбе дар ҷаҳони араб ва ислом арзёбӣ кард.

Ба гузориши манбаъ:

Арабистони Саудӣ омодагияшро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба Тоҷикистон баён доштаст.

Ин нукта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад баён шудаст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Душанбе омодагии ҷониби Арабистони Саудиро барои сармоягузорӣ ба инфрасохтор, аз ҷумла ба нерӯгоҳи “Роғун” баланд арзёбӣ кардаст.

Дар иттилоия омадааст:

“Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон неругоҳи барқи обии “Роғун” баланд арзёбӣ менамояд”.

Инчунин Рустами Эмомалӣ аз нақши Фонди саудии рушд дар раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд ва барномаҳои иҷтимоӣ дар бахшҳои инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Таъкид гардидааст, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз муҳимтарин шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва ислом ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандияшонро ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасмандии хешро баён доштаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ахиран бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилоят дар Хатлон ва ширкати “Тревел Эйр”- Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар бинои мақомоти вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят, Сулаймонзода Акрам Раҳим мулоқоти ширкатҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои коркарди пахтаи вилоят ва намояндагони ширкати “Каян”-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва содироти маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем. ки чанде пеш Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон бо роҳбари ширкати “Каян”-и Арабистони Саудӣ ҷаноби Шайх Туркӣ Абдул Раҳмон Ал-Сайлонро дидору гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқот ҷониби Арабистони Саудӣ мақсади ташриф овараданашонро ба вилоят гуфтанд.

Намояндагони ширкат таъкид карданд, “Мақсади ташрифи мо ба вилояти Хатлон аз ҳамин иборат буд, ки мо оиди ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ бештар маълумот пайдо намоем ва ҳамкориҳоро бозҳам ривоҷу равнақ бахшида ин ёдгорию мавзеъҳои таърихиро дар давлатҳои хеш ва ҷаҳон муаррифӣ намуда, ҷалби сайёҳонро ба ин минтақа бештар намоем.”

Ҳамзамон онҳо таъкид карданд, ки ин ширкат метавонад робитаҳои тиҷоратиро дар самти маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷумла пиёз, пахта ва дигар маҳсулотҳо ба роҳ монад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад