Муфтии Тоҷикистон: Роҳи наҷоти Фаластин ваҳдати ҷаҳони Ислом аст

Саидмукаррам Абдулқодирзода, Фаластин барои наҷот аз зулм ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ба ваҳдати Ислом ниёз дорад.

ИКНА – Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон ва раиси маркази Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таъкид бар ин ки ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ аз сӯи ҳар инсони бовиҷдон ва фитрати инсонӣ ғайри қобили қабул аст, тасреҳ кард: Фаластин, имрӯз, барои наҷот аз ишғолгарӣ ва зулм ва бедод беш аз ҳар замони дигаре ба ваҳдати ҷаҳони Ислом ниёз дорад.

Дар ҳамин иртибот хабаргузории ИКНА гуфтугӯе бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ва раиси маркази Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод. Аз назари вай роҳи муқобила ба ин ситамгарӣ зидди Фаластин ва ҳамчунин мусулмонон дар дигар кишварҳои ҷаҳон, иттиҳоди мусулмонон бо вуҷуди тафовути мазоҳиб аст. Ба гуфтаи ишон ваҳдати исломӣ мунҷар ба қудрате хоҳад шуд, ки аз назари ахлоқӣ афсоргусехта нест ва ғайри мусулмонон низ метавонанд дар партави он ҷаҳони беҳтареро таҷриба кунанд. Машруҳи ин гуфтугӯ тақдими шумо мешавад.

ИКНА – Чаро ҷаҳони Ислом то кунун иқдоми муассире надоштааст?

Дар бораи вазъияти кунунии фаластиниҳо ва дар дигар манотиқе, ки бар мусулмонон зулм ва ситам мешавад, ман омили асосии онро дар заъфи уммати исломӣ медонам, ки ношӣ аз ихтилоф ва тафриқа миёни онҳост. Он чи раисҷумҳури Эрон ахиран дар конфронси Теҳрон гуфтанд, комилан мантиқӣ аст. Агар уммати исломӣ бо тамоми ихтилофоти мавҷуд дар миёни мазоҳиб, иттифоқи назар дошта бошанд ва ҳамдигарро ҳимоят кунанд дар гӯша ва канори дунё ҳеҷ зулме бар мусулмонон намешавад, чун мусулмонон дар ин ҳолат қудрати зиёде хоҳанд дошт, аммо имрӯз мутаассифона ихтилофоти сиёсӣ ва баъзе низоъҳо миёни уммати исломӣ вуҷуд дорад.

Лизо қудратҳои шар ва бадхоҳ аз ин ихтилоф сӯиистифода мекунанд ва бар уммати исломӣ ва ба вижа гурӯҳе аз мусулмонон зулм ва ситам карда ва ранҷи зиёде бар онҳо таҳмил мекунанд

Чунончи шоҳиди беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим ва Паёмбари Акрам (с) ва интишори карикатураҳои тавҳиномез ба соҳати муқаддаси Паёмбари Ислом (с) ҳастем. Агар мусулмонон муттаҳид бошанд, ҳеҷ кас ҷуръат намекунад ба муқаддасоти мусулмонон тавҳин кунад ва ин бадбахтиҳо аз адами иттифоқ ва иттиҳоди мусулмонон аст. Агар мусулмонон муттаҳид буданд ва қудрати воҳиде доштанд, касе наметавонист ингуна ба мусулмонон иҳонат кунад.

ИКНА – Нақши уламо ва рӯҳониёни мусулмон дар ғалаба бар ин мушкилот чист?

Уламо ва рӯҳониён, ки хидматгузорони Ислом ҳастанд ва аз сӯе сиёсатмадорон ва ҷомеашиносон бояд рӯи ин мавзуъ кор кунанд то уммати исломӣ бо вуҷуди ихтилофи назар, роҳи иттиҳод ва ҳамбастагиро пеш бигиранд, зеро вуҷуди ихтилоф дар миёни инсонҳо амри оддӣ аст. Ҳеҷ ҷомеаи инсонӣ бе ихтилофи назар вуҷуд надорад, аммо бо дар назардошти ин ихтилофот бояд аз ҳамдигар дифоъ карда ва муттаҳид бошем. Ин иттиҳод мунҷар ба қудрати мусулмонон мешавад, аммо ин қудрат ҷанбаи ахлоқӣ хоҳад дошт ва ба маънои ситам ба дигарон нахоҳад буд. Дар ин ҳолат ҳатто ғайрмслмонон низ зиндагии беҳтаре дошта ва дар сояи адл ва инсоф ҳамзистӣ хоҳанд дошт ва шафақат ва раъфат дар ҷаҳон ҳукмфармо хоҳад буд.

ИКНА – Сайри андешаҳои исломӣ мубтанӣ бар муқобила бо тафриқаҳо дар ҷаҳони Ислом дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна будааст?

Ба сароҳат бояд гуфт, ки дар даврони собиқ дар замони сайтараи Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати коммунистӣ, ин иттиҳод, монеи расидани оро ва омӯзаҳои Инқилоби Исломӣ ба мусулмонон дар ин ҷумҳуриҳо мешуд. Лизо метавон гуфт, ки сухан аз Инқилоби Исломӣ, имом Хумайнӣ (рҳ) ва андешаҳои мубтанӣ бар ваҳдати мусулмонон бо вуҷуди ихтилофи назарҳо бисёр кам ва нодир буд, аммо аз манзари андешаи исломӣ метавон гуфт, даъвати имом Хумайнӣ (рҳ) ва дигар шахсиятҳои исломӣ ба бародарӣ, ухувват ва ваҳдат, иқдоми нек ва омӯзаи мубтанӣ бар Қуръони Карим аст, чунончи дар ояти 92 сураи муборакаи Анбиё ба сароҳат мефармояд: «إِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ». Лизо бо таваҷҷуҳ ба ин ояти муборака метавон гуфт, ки мусулмонон уммати воҳиде ҳастанд ва бояд бо вуҷуди тамоми ихтилофот дар имон ва ақидаи хеш, муттаҳид бошанд.

Таваҷҷуҳ: “ИКНА” ихтисоршудаи “Хабаргузории Байналмилалии Қуръони Карим” аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад