Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи Саратови Русия

Наҷотдиҳандагон одамонро аз мошинҳояшон берун карданд. Зарардидагон барои кумак ба муассисаҳои тиббии вилояти Саратов бурда шуданд.

Наҷотдиҳандагон одамонро аз мошинҳояшон берун карданд. Зарардидагон барои кумак ба муассисаҳои тиббии вилояти Саратов бурда шуданд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар шоҳроҳи вилояти Саратов садамаи бузурги нақлиётӣ рух дод.

Шоми 20 январ, тахминан соати 19-30 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии рустои Мунино дар ноҳияи Федоровский як мошини боркаш, як микроавтобуси “Хундай” ва як мошини боркаши “Газел” ба ҳам бархӯрд.

Бар асари садама, ки дар километри 423-юми шоҳроҳи федеролии А-298 Энгелс – сарҳади Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст, тибқи маълумоти пешакӣ, се нафар кушта шудаанд.

Онҳо ронанда ва ду мусофири микроавтобус буда, шаш мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳалокшуда ва маҷрӯҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, хабар медиҳад РИА “Новости” бо такя ба як манбаъ дар хадамоти изтирории минтақа.

Манбаъ мегӯяд, наҷотдиҳандагон одамонро аз мошинҳояшон берун бурданд.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти мурофиавӣ мебаранд. Прокуратураи ноҳия рафти кор ва натиҷаи онро ба зери назорат гирифт.

Ин микроавтобус зоҳиран муҳоҷиронро барои убури сарҳади Қазоқистон мебурд, ки масири маъмул аст.

Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон дар як садама дар вилояти Нижний Новгород дучори садама шуда буданд.

Автобуси ПАЗ, ки коргаронро ба кор мебурд бо як боркаш бархӯрд.

Дар ин ҳодиса 11 нафар ҷароҳат бардошта, як нафар (ронандаи мошини боркаш) ба ҳалокат расид.

Коргарони осебдида барои ёрии тиббӣ ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Актюбе дар робита ба марги чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба тафтишоти пешакӣ шурӯъ кардаанд.

Тибқи гузоришҳо, чаҳор нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаи тиббии наздиктарин бистарӣ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 21-уми июн тақрибан соати 8-и субҳ дар километри 631-уми шоҳроҳи Самара-Шимкент дар наздикии рустои Кобда рух додааст.

Дар Хабарҳо зикр шудааст: “Ронандаи мошини тамғаи “Hyundai Starex”, шаҳрванди Тоҷикистон, идораро аз даст дода, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷаи садама ду мусофир, аз ҷумла як духтари 15-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Дар ин бора, дафтари матбуоти идораи пулиси вилояти Актюбе хабар додааст.

Баъдан маълум шуд, ки боз ду ҷабрдида, аз ҷумла як ноболиғ дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони марказии ноҳияи Кобдинск ба ҳалокат расидаанд.

Вазъи ду нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

Тибқи таҳқиқи пешакӣ, ронанда дар ҳолати хастагӣ сари чанбарак будааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад