Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Бадахшони Афғонистон+тафсилот

Идораи ҳавонавардии шаҳрвандии Афғонистон эълом кард, ки як ҳавопаймои хусусии Русия бо мусофирон ва сарнишинон дар вилояти Бадахшон ба иллати фаннӣ суқут кардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, идораи авиатсионии шаҳрвандии Афғонистон эълом кард, ки тибқи иттилои пешакӣ як ҳавопаймои хусусии русии FALCON-10, ки аз Ҳиндустон ба Тошканд парвоз мекард, шоми гузашта тақрибан соати 19:00 ба далели мушкилоти фаннӣ масири худро тарк карда ва дар минтақаи Зибоки Бадахшон аз радар хориҷ шудааст.

Бар асоси ин огоҳӣ, масири ҳавопаймои зикршуда дар ҳарими ҳавоии Афғонистон тарҳрезӣ нашуда буд, аз ин рӯ шояд ин парвоз ба далели нуқсони фаннӣ аз масири худ берун шуда бошад.

Аз сӯйи дигар, хабаргузории “ТАСС” бо такя ба мақомоти давлатии Русия хабар додааст, ки ду мусофири ҳавопаймои нопадидшуда дар Бадахшон шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд.

Тавре аз Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ хабар доданд, ҳавопаймои Falcon, ки дар Афғонистон нопадид шуд, дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия сабти ном шуда, дар он пешакӣ 6 нафар: 4 узви ҳайати халабон ва 2 мусофир будаанд.

Оҷонси федеролии нақлиёти ҳавоӣ дар робита ба ҳавопаймои гумшуда бо мақомоти авиатсионии Афғонистон ва Тоҷикистон дар тамос буда, ҷустуҷӯи он идома дорад.

Тафтишот аз ҷониби гурӯҳи техникии Вазорати нақлиёт ва авиатсия идома дорад ва тафсилоти пурра дертар мубодила карда мешавад, илова карда мешавад дар изҳорот.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба РИА “Новости” гуфт, ки сафорати Русия бо ҷониби Афғонистон ҳамкорӣ дорад.

Қабл аз ин расонаҳо дар гузоришҳои зиддунақиз эълом карда буданд, ки ҳавопаймои суқут карда ба Ҳинд ё Марокаш тааллуқ дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад