Ихроҷи ҳудуди сад муҳоҷири норозии тоҷик аз корхонаи дар Русия

Масъулони корхонаи кимиёии "Химпэк" дар шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон ҳудуди сад коргари норозии тоҷикро аз кор рондаанд.

Масъулони корхонаи кимиёии “Химпэк” дар шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон ҳудуди сад коргари норозии тоҷикро аз кор рондаанд.

Тақрибан сад муҳоҷир рӯзи 15-уми январ дар ин корхона ба нишони эътироз корпартоӣ карданд.

Онҳо гуфтанд, ки масъулони “Химпэк” музди корро боло набурда, дар охири сол рухсатипулӣ ҳам надоданд.

Яке аз муҳоҷирон рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз корпартоӣ онҳоро даъват карда, маоши ниммоҳаро доданду ҳамзамон аз кор ронданд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт:

“Чанд нафареро, ки дар навор дидед, ҷавоб доданд”.

Ин муҳоҷир афзуд, ҳатто ба онҳо иҷоза надодаанд, ки шабро дар хобгоҳи корхона рӯз кунанд.

Намояндагони корхона масъаларо шарҳ надоданд.

Сафорати Тоҷикистон ба зангҳои батакрори Радиои Озодӣ посух надод.

Корхонаи “Химпэк” халтаҳои пластикӣ истеҳсол мекунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мавзӯи муҳоҷирони корӣ баҳсбарангез аст: бархе мегӯянд, хориҷиҳо ҷойи кори русиягиҳоро мегиранду қисми дигар бовар доранд, ки бе онҳо кор мушкил хоҳад буд.

Соҳаи муҳоҷират дар Русия хеле печида аст, зеро маълумоти дақиқ дар бораи чӣ қадар бояд шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба кор ҷалб шаванд, вуҷуд надорад.

Ин нуктаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон муовини раиси комиссияи равобити байнимиллӣ ва байнидинӣ ва муҳоҷирати Палатаи ҷамъиятии Русия, узви Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳои назди президент Маргарита Лянге баён дошт.

Коршинос ба маълумоти Вазорати меҳнат истинод кард, ки тибқи он Русия танҳо ба 140 ҳазор мутахассиси соҳибихтисос ниёз дорад.

Вай афзуд:  идомаи матлаб дар … 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад