Дидори сафири Тоҷикистон бо дабири кулли Сандуқи сармоягузории умумии Арабистон

Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз бо Саъд Ал-Круд, дабири кулли Сандуқи сармоягузории умумии Арабистони Саудӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Сафири Тоҷикистон бо дабири кулли Сандуқи сармоягузории умумии Арабистони Саудӣ дидор карда ва мавзуи ҷазби сармоягузорӣ ба иқтисоди ин кишварро баррасӣ карданд.

Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз бо Саъд Ал-Круд, дабири кулли Сандуқи сармоягузории умумии Арабистони Саудӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор мавзуъҳои мавриди алоқаи тарафайн аз ҷумла ҷазби сармоягузории Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар заминаи энергетикаи сабз ва маъдан мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Сандуқи сармоягузории умумии Арабистони Саудӣ яке аз бузургтарин сандуқҳои сарвати миллӣ дар ҷаҳон аст, ки дороии кулли он ҳаддиақал 620 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Ин сандуқ дар соли 1971 бо ҳадафи сармоядорӣ аз тарафи давлати Арабистони Саудӣ эҷод шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад