ДИИШ масъулияти инфиҷори террористӣ дар Кирмонро ба уҳда гирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷори террористӣ дар Кирмони Эронро ба уҳда гирифт.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти содир намудани таркишҳоро дар шаҳри Кирмони Эрон дар паҳлӯи мазори генерал Қосим Сулаймонӣ, ки бар асари он зиёда аз 80 нафар ба ҳалокат расиданд, ба дӯш гирифт.

Тавре ки Медуза менависад, дар ин бора Reuters ва Al Arabiya  бо истинод ба изҳороти ДИИШ дар Телеграм хабар медиҳанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, амали террористӣ дар оромгоҳ аз ҷониби ду маргталаб, ки камарбандҳояшонро бо маводи тарканда байни издиҳоми мардуми ҷамъомада дар маросими ёдбуди шаҳодати Сулаймонӣ тарконданд, содир шудааст.

Дар бораи бар асари амали маргталаб рух додани таркиши аввал ҳадди ақалл қаблан хабаргузории давлатии IRNA низ бо истинод ба манбаи номбарнашуда иттилоъ дода буд.

Ду таркиш дар назди мазори фармондеҳи Неруҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ рӯзи 3 январ дар маросими ёдбуди солгарди шаҳодати Ӯ рух доданд.

Бар асари он дастикам 84 кас шаҳид шуда, зиёда аз 200 нафар осеб диданд. Ин амали террористӣ бузургитарин дар таърихи Эрон аз соли 1979 маҳсуб меёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад