Таъкиди Путин бар хости Ғарб барои поён ёфтани ҷанги Украина

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар дидор бо низомиёни ин кишвар гуфт, лаффозиҳо дар Ғарб дар ҳоли тағйир аст ва онҳо ба дунболи чигунагии поён додан ба ҷанги Русия ва Украина ҳастанд. Вай таъкид кард, ки Русия мехоҳад ба даргирӣ дар Украина бо шурути маддиназари худ поён диҳад.

Раисиҷумҳури Русия бо ишора ба инки Ғарб душман мо аст ва саъй мекунад ба воситаи Украина масоилро ҳал кунад. Таъкид намуд, ки Украина душмани мо нест, аммо он касоне, ки ба дунболи шикасти роҳбурдии мо ҳастанд, душмани мо маҳсуб мешаванд, бархе дар Ғарб ошкоро менависанд, ки мехоҳанд Русияро ба панҷ қисмат тақсим кунанд.

Ин барои нахустинбор аст, ки Путин ба хостаи Ғарб барои поён додан ба ҷанги Украина ишора мекунад. Зимни инки вай муътақид аст, ки Ғарб ва на Украина душмани Русия аст. Дар моҳҳои ахир бавижа пас аз шикасти зидди ҳамалоти неруҳои украинаӣ алайҳи мавозеъи артиши Русия дар устонҳои чаҳоргонаи Луҳанск, Донетск, Запороже ва Херсон, ки бо талафоту хисороти бисёр зиёде барои артиши Украина ҳамроҳ буд, замзамаи барқарории оташбас байни Русия ва Украина ва инъиқоди қарордоди сулҳ байни ин ду кишвар дар кишварҳои ғарбӣ боло гирифтааст. Далели ин амр дар ваҳлаи нахуст ноумедии ғарбиҳо аз натоиҷи зидди ҳамалоти Украина ба рағми ирсоли чандин миллиарддоллар анвоъи таслеҳоту таҷҳизоти низомӣ барои Украина ва дар ваҳлаи дувум ба далели чашмандози поён ва ё коҳиши шадиди кумакҳои Ғарб ба хусуси Амрико ба Украина аст.

Дар ин росто бо тадовуми ҷидол байни ҷумҳурихоҳон ва Кохи Сафед бар сари тасвиби кумакҳои ҷадид ба Украина ва низ таваҷҷуҳи Вашингтон ба ҷанги Ғазза ва дар натиҷа ба ҳошия рафтани ҷанги Украина, давлати Байден ҳушдори ниҳоиро ба Киев дар бораи имкони қатъ ё коҳиши шадиди кумакҳои низомӣ ба Украина додааст. Рузномаи Телегроф навишт: Мақомҳои Кохи Сафед шаби соли навро ба унвони охирин муҳлати тасвиби бастаи ҷадиде аз кумакҳои низомӣ ба Украина тавассути Конгресс таъйин карда буданд, аммо ҷумҳурихоҳон бо ин истидлол, ки манобеи молии Амрико бояд дар авлавиятҳои дохилӣ, аз ҷумла амнияти марзҳо ҳазина шавад, бо дархости давлат мувофиқат накарданд.

Зимни инки кишварҳои аврупоӣ, ки аз ҳомиёни Киев дар ҷанги алайҳи Русия будаанд, акнун дигар на тавон ва на тамоюле барои тадовуми ироаи кумакҳои низомӣ ба Украина надоранд ва шикоф дар байни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина ошкор шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Украина низ ба интиқод аз коҳиши раванди кумакҳо ба ин кишвар аз ҷониби Ғарб пардохта ва дар ин бора ҳушдорҳои мутаъаддиде додааст. Дар охирин мавзеъгирӣ дар ин замина Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина гуфт: Даргирӣ дар Ховари Миёна ҳавоси ҷаҳонро аз Украина парт ва таваҷҷуҳ ба Киевро кам ва ба Исроил маътуф кард, ба тавре, ки бисёре аз кишварҳои ғарбӣ акнун дар ироаи кумак ба Киев ё Тел Авив тардид доранд. Владимир Путин низ рӯзи душанбе бо ризоятбахш хондани амалиёти низомии Русия дар Украина таъкид кард, ки силоҳҳои ғарбии Украина ба зуддӣ таҳ хоҳад кашид.

Бо ин ҳол, ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии ахири Русия алайҳи Украина, ки бо вусъати бесобиқае сурат гирифт, вокуниши мустақими Амрикоро муҷиб шудааст. Дар ин росто Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, дар сурати муваффақ шудани Маскав дар ҷанг бо Украина хатар кашида шудани Вашингтон ба ҷанги мустақим бо Русия вуҷуд хоҳад дошт.

Ба рағми ин лаффозиҳо аз ҷониби Байден, аммо акнун мушаххас шуда, ки Вашингтон ба далели машғул шудан ба ҷанги Ғазза дигар таваҷҷуҳи собиқро ба ҷанги Украина надорад ва дар айни ҳол ба пирӯзии Украина дар ҷанг бо Русия низ умеде надорад. Лизо Амрико ба ҳамроҳи бархе кишварҳои ғарбӣ ба дунболи оташбаси қарордоди сулҳ байни Русия ва Украина албатта бо шурути маддиназари Киев ҳастанд. Ин амр мусалламан дар ростои манофеи Маскав нест ва таъкиди ахири Путин ба инки Русия мехоҳад ҷанг бо Украинаро бо шурути маддиназари худ поён диҳад таъкиде бар ин муддао аст.

Дар ин миён мавзеи Украина низ қолиби таваҷҷуҳ аст. Раисиҷумҳури Украина гуфт, ки ҳеҷ нишонаи воқеӣ аз алоқаи Маскав ба сулҳ вуҷуд надорад.Ӯ бо ишора ба инки таслеҳоту сарбозони Русия дар ҳоли кам шудан аст, таъкид кард, ки ин зеҳният, ки Маскав дар ҳоли пирузӣ дар ҷанг аст, сирфан як «эҳсос» аст ва Русия ҳамчунон дар майдони набард мутаҳаммили хисороти сангин мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба мавзеэгирии Киев, ки аз ҷониби Зеленский баён шуда, метавон гуфт, ки зеҳнияти сарони Украина ҳамчунон бар идомаи ҷанг устувор аст. Бо ин ҳол бо коҳиши маҳсуси ҳимоятҳои низомӣ ва таслеҳотии Ғарб аз Украина ин амр ба сурати маҳсус ва иҷтинобнопазир таъсири худро дар ҷабҳаҳои набард ба зарари Украина ба намоиш хоҳад гузошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад