Кумаки 40 миллион долларии БОР ба Тоҷикистон

Бонки Рушди Осиё барои беҳбуди омӯзиши улуми табиӣ ва фановариҳои нав ба Тоҷикистон 40 миллион доллар кумак мекунад.

Бонки Рушди Осиё барои беҳбуди омӯзиши улуми табиӣ ва фановариҳои нав ба Тоҷикистон 40 миллион доллар кумак мекунад.

Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё тавофуқномаеро имзо карданд, ки бар асоси он 40 миллион доллар кумаки бебозгашт барои беҳбуди системаи омӯзиши аз тарафи Бонки Рушди Осиё дар назар гирифта шудааст.

Ин санад, ки ба таври комил аз сӯи Бонки Рушди Осиё тахсис мешавад, иҷрои проекти «беҳбуди омӯзиши мутавассита дар заминаи улуми табиӣ, фаннӣ, муҳандисӣ ва риёзиёт»-ро пешбинӣ мекунад.

Ҳадафи ин проект эҷоди як пойгоҳи сармоя барои ҳимоят аз Тоҷикистон ба баҳраварии болои нерӯи кор, ташдиди маҳоратҳо бар асоси стандартҳои омӯзиши мутавасситаи давлатӣ, навсозии омӯзиш, беҳбуди муҳити омӯзишӣ, мудирияти мадрасаҳо ва ғайра аст.

Тибқи барнома, иҷрои проекти мазкур соли 2024 оғоз ва дар соли 2030 такмил мешавад.

Ин тавофуқома тавассути Файзуддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Шони Компбел, намояндаи доими Бонки Рушди Осиё дар қаламрави кишвар ба имзо расид.

Шоёни зикр аст, ки Бонки Рушди Осиё дар моҳи октябр сармоягузории 15 проекти давлатӣ, аз ҷумла дар заминаҳои ҳамлу нақл, муроқибатҳои беҳдоштӣ, омӯзиш, таъмини об ва муҳити зист ба арзиши куллии 922.8 миллион долларро дар Тоҷикистон бар ӯҳда гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад