Талош барои барпоии “инқилоби рангӣ” дар Сербия

Гурӯҳҳои ғарбгарои мухолифи давлат дар Сербия, ки ба натиҷаи интихоботи ахир эътироз доштанд. нимашаби якшанбе ба Маҷлиси миллии Сербия ҳамла карда ва саъй карданд баъд аз шикастани дарҳо вориди бино шаванд. Гурӯҳҳои ғургаро муддаӣ ҳастанд, ки дар интихоботи порлумонӣ ва интихоби шӯрои шаҳри Белград тақаллуб сӯрат гирифтааст. Онҳо дар ҷараёни таҷаммуъи якшанбешаб плокордҳое дар даст доштанд, ки рӯи он шиори “дузд, дузд“ навишта шуда буд.

Эътирозоти зидди давлатии ахир пас аз он дар Сербия оғоз шуд, ки оппозисон “Ҳизби ҳокими пешрави Сербия“-ро ба

“сирқати оро” дар ҷараёни интихоботи порлумонии ҳафтаи гузашта муттаҳам кард. Ин интихобот мунҷар ба пирӯзии ҳизби ҳоким бар эътилофи “Сербия алайҳи хушунат” шуд, ки тарафдори Иттиҳоди Аврупо аст.

Давлати Сербия дар моҳҳои ахир ба сабаби тақобул миёни Русия ва Ғарб бар сари як ду роҳии бузург қарор гирифтааст. Сербия хостори узвият дар Иттиҳоди Аврупо аст, ки ин мусталзими танзими сиёсати хориҷии Белград бо Брюссел аст. Бо вуҷӯди ин, Вучич дар баробари фишорҳои кишварҳои ғарбӣ барои қатъи робита бо Русия ва мулҳақ шудан ба корзори таҳримҳои амрикоӣ алайҳи Маскав муқовимат кардааст.

Ғарбиҳо хоҳони тағйири рӯйкарди Сербия дар қиболи Русия буда ва дар айни ҳол шарти муҳимме барои узвият дар Иттиҳодия Аврупо яъне сарфи назар кардани Белград аз минтақаи Козово ва ба расмият шинохтани истиқлоли ин минтақаро матраҳ кардаанд. Акнун ба назар мерасад Ғарб талош мекунад, то бо истифодаи абзорӣ аз оппозисюни Сербия ба вижа муътаризон ба натоиҷи интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳо давлати Сербияро дар чорчӯби як “инқилоби рангӣ” сарнагун созад. Аз нигоҳи ғарбиҳо шаклгирии “инқилоби рангӣ” дар Сербия дар минтақаи Болкани ғарбӣ боиси рӯи кор омадани низоми ғарбгаро дар ин кишвар хоҳад шуд.

Русия ба унвони кишвари наздик ба Сербия, ки равобити дӯстона бо Белград дорад ҳамвора дар бораи вуқуъи инқилобҳои рангӣ ба вижа дар кишварҳои ҳавзаи ИДМ ва низ кишварҳои дӯсти худ ҳушдор додааст. Русҳо таҷрибаҳои талхе аз вуқуъи инқилобҳои рангин дар кишварҳои ИДА яъне “Инқилоби норанҷӣ” дар Украина, “инқилоби гули руз(садбар)” дар Гурҷистон ва “инқилоби лолаӣ” дар Қирғизистон ва низ талоши мустамари ғарбиҳо барои ба роҳ андохтани як инқилоби рангин дар Русия доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад