Зеленский барои гадоӣ ба Амрико рафтааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи сафари раисҷумҳури Украина ба Амрико гуфт, ки Владимир Зеленский, фақат барои ҳифзи бақои худаш, ба тарафи амрикоӣ илтимос хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутаник”, “Мария Захарова” сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи сафари раисҷумҳури Украина ба Амрико гуфт, ки Владимир Зеленский, дар сафар ба Иёлоти Муттаҳида, сирфан барои ҳифзи бақои худаш, ба тарафи амрикоӣ илтимос хоҳад кард, ки будҷаи бештареро барои ҳимоят аз Киев ихтисос диҳад.

Захарова дар суханонаш афзуд, ки Зеленский боз ҳам барои гадоӣ ба Амрико рафта то ҳимояти молӣ аз «намоишаш» қатъ нашавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар нишасти хабарии худ гуфт: Зеленский, раисҷмҳури Украина талош хоҳад кард то Вашингтонро барои идомаи кумакҳои молӣ ба Украина дар сафараш ба Амрико мутақоид кунад.

Ин дипломати рус хотирнишон кард: дар ҳоле, ки баҳсҳои доғ дар Конгресси Амрико дар ҷараён аст, Зеленский бори дигар аз арбобони худ – дар воқеъ, таҳия кунандагони намоиши трагедӣки ӯ – илтимос мекунад, ки ба будҷаи саховатмандонаи худ барои Киев поён надиҳанд.

Захарова хотирнишон кард: Зеленский медонад, ки Украина дигар ҳаргиз мисли собиқ нахоҳад буд. Ӯ фақат ба ояндаи сиёсии худ ва дар воқеъ бақои худ аҳамият медиҳад, ки бидуни пул ва ҳимояти Иёлоти Муттаҳида ғайримумкин аст.

Захарова идома дод, ки далели дигаре пушти сафари Зеленский вуҷуд дорад ва каналҳои Телеграмии Украина гузориш медиҳанд, ки дар изои кумакҳои Амрико ба Киев дар дарёфти кумакҳои низомӣ, лозим аст то тамоми ширкатҳо, заминҳо ва манобеи маъдании Украина таҳти мудирияти ширкати чандмлиятии “Black Rock” мунтақил шавад.

Пеш аз сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия низ, “Дмитрий Песков”, сухангӯи Кохи Кремл бо таъкид бар расади нишасти Ҷо Байден ва Зеленский, руасои ҷумҳури Амрико ва Украина дар Вашингтон, гуфт, ки Маскав «иттилооти дақиқе дар бораи ҷойгузинии эҳтимолии Зеленский дар ихтиёр дорад.»

Песков бо ишора ба инки натиҷаи ҷаласаи Зеленский бо Байден тағйире дар шароити хатти муқаддам ва пешрафти амалиёти низомии Русия эҷод намекунад, гуфт: дар бораи ин (ҷаласа) бояд гуфт, муҳим аст, ки ҳамаи бидонанд даҳҳо миллиард долларе, ки ба Украина тазриқ шуда, ҳеҷ кумаке ба муваффақияти онҳо дар майдони набард накардааст.

Вай афзуд: даҳҳо миллиард долларе, ки Украина хостори тазриқ ба иқтисодаш шуда ҳам ба сарнавишти мушобеҳ дучор хоҳад шуд ва роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

Песков ҳамчунин таъкид кард, ки нокомиҳо ва шикастҳои Украина «дод мардумро дароварда ва қудрати мақомоти ин кишварро мутазалзил кардааст.»

Дипломати рус дар идомаи ин изҳорот, бо ишора ба «иттилооти дақиқ», гуфт, ки сервиси иттилооти хориҷии Маскав ба ин натиҷа расидааст, ки Ғарб дар ҳоли тадорук барои ҷойгузинии Зеленский аст. Ӯ ҷузъиёт ва иттилооти дигаре дар бораи ин масъала ироя накард.

Аз сӯи дигар, вазорати дифои Русия рӯзи душанбе бо судури баёнияе эълом кард: фаъолитҳои биологики- низомии Иёлоти Муттаҳида дар Украина ҳатто дар миёни наздиктарин муттаҳидонаш низ саволбарангез аст.

Дар баёнияи содира аз сӯи вазорати дифои Русия дар ин хусус омадааст: дар ҷараёни амалиёти вижа, асноде дол бар моҳияти хатарноки озмоишҳои Пентагон дар Украина ба даст омадааст.

Баёнияи мазкур изофа мекунад: ба далели шикасти зидди ҳамла, неруҳои мусаллаҳи Украина мумкин аст аз силоҳҳои химявӣ ва биологикӣ (алайҳи неруҳои Русия) истифода кунанд.

Ин баёния изофа мекунад: сервисҳои иттилоотии Украина дар ҳоли омодасозии иқдоми таҳрикомез алайҳи Русия бо истифода аз маводди саммӣ ҳастанд. Украина дар ростои анҷоми иқдомоти таҳрикомез алайҳи Русия, дар моҳҳои октябр то ноябр маводи химиёвӣ аз Олмон харидорӣ кардааст. Маскав дар ин хусус ҳушдор медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад