Афзоиши исломҳаросӣ дар Аврупо пас аз ҷанги Ғазза

 Пас аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза, мусулмонон дар кишварҳои мухталифи аврупоӣ бо афзоиши нажодпарастӣ алайҳ худ мувоҷеҳ шудаанд.

Пас аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза, мусулмонон дар кишварҳои мухталифи аврупоӣ бо афзоиши нажодпарастӣ алайҳ худ мувоҷеҳ шудаанд.

Беҳурматӣ ба қабрҳои мусулмонон, ҳамла ба масҷидҳо, паёмҳо ва тамосҳо бо лафзҳои таҳдидомез ва тавҳинҳои нажодпарастона бахше аз рафторҳои нажодпарастона аст, ки пас аз оғоз ҷанг дар Навори Ғазза дар чанд ҳафтаи гузашта, алайҳи мусулмонон Аврупо рӯй додааст.

 Таҳдид ба ҳазфи физикӣ

Аз оғози ҷанг дар Ғазза, иқдомот зидди мусулмонон дар теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ афзоиш ёфтааст. Дар Фаронса, ки шаш миллион мусулмон дар он кишвар зиндагӣ мекунанд, бештарин дарсади мусулмонон дар Аврупо, иқдомоти хасмонаву муғризона ва рафторҳои нажодпарастона алайҳи мусулмонон афзоиш ёфтааст. Мусулмонони фаронсавӣ аз дарёфти паёмҳои савтӣ ва мактуб хабар додаанд, ки дар он ба таври ошкор таҳдид ба марг шудаанд. Ба гуфтаи раиси Анҷумани мусулмонони шаҳр Ҳунфлур, таҳдидкунандагон гуфтаанд, ки дар ҳоли барномарезӣ барои поксозии мусулмонон ҳастанд ва силоҳи шикории худро омода кардаанд.

 Афзоиши нафрат дар дунёи воқеӣ ва маҷозӣ

Бар асоси баёнияи вазири хориҷаи Фаронса, вазоратхонаи матбуи ӯ беш аз 140 иқдому ҳаракатҳои нажодпарастонаро аз ибтидои соли ҷорӣ ба сабт расондааст. Рақаме, ки ба гуфтаи ин мақоми масъул, нишондиҳандани ташдиди иқдомот зидди мусулмонон аст. Агарчи рафторҳои нажодпарастона алайҳи мусулмонон дар тӯли сол мутаваққиф намешавад, аммо ҷанги ахир дар Ғазза сабаби ташдиди ин иқдомот шудааст. Дар ин миён шабакаҳои иҷтимоӣ нақши муҳиме дар густариши суханони нафратангез алайҳи мусулмонон ва ахбори ҷаълӣ сохтагӣ барои басиҷ намудани эҳсосҳо доштаанд.

Дар натиҷаи нафратпароканиҳои анҷомёфта, бисёре аз масҷидҳо ва анҷуманҳои исломӣ мавриди ҳадаф қарор мегиранд, ки вазири кишвари Фаронса ҳам вуқуи ин ҳамлаҳоро таъйид кардааст. Мусулмонони Фаронса низ монанди мусулмонони дигар кишварҳо мегӯянд, ки аз сӯи аҳзоби рости ифротӣ ҳадафи нафратпароканӣ қарор гирифтаанд.

Дар Олмон, ҷое, ки ҳудуди чаҳору ним миллион мусулмон дар он зиндагӣ мекунанд, бисёре аз онҳо дар гурӯҳҳои хусусии худ дар Фейсбук баён кардаанд, ки дар Олмон ба таври физояндае эҳсоси бегонагӣ мекунанд, ҳатто агар Олмон кишвари онҳо бошад. Ба ақидаи бисёре, пас аз ҷанг дар Навор Ғазза, рафторҳои нажодпарастона ва зидди мусулмонон дубора ташдид шудааст. Ба гуфтаи бархе коршиносон, эълони ҳамбастагии мусулмонон бо мардуми мазлум ва бепаноҳи Фаластин ва баргузории тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо дар эълони ин ҳамбастагӣ аз сӯи аҳзоби ростгарои ифротӣ мавриди суистифода қарор мегирад, чароки исломҳаросӣ бахше аз асос ва омӯзаҳои ин аҳзоб аст.

Бар асоси омори Вазорати кишвари Олмон, теъдоди ҷурмҳои зидди исломӣ дар соли ҷорӣ афзоиш ёфта ва дар се фасли аввал ба 686 маврид расидааст, ки аз маҷмӯи тамоми фаслҳои соли пеш бештар аст. Бо ин ҳол, коршиносони ин арса бар ин бовар ҳастанд, ки теъдоди бахшҳо ва қисматҳои гузоришнашуда дар Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бисёр бештар аз ин аст.

Ёфтаҳо нишон медиҳанд, ки аз замони оғози ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин дар моҳи октябр, рӯйдодҳои яҳудситезӣ ва исломҳаросӣ дар ҳоли афзоиш будааст. Тазоҳурот дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар сари ин ҷанг боиси таниш шуда ва ба вижа дар фазои донишгоҳҳо ва созмонҳое, ки намояндаи яҳудиёни амрикӣӣ ва мусулмонони амрикоӣ ҳастанд, афзоиши азияту озорҳо гузориш шудааст.

Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, ки як гурӯҳи мудофеи мусулмонон аст, мегӯяд, ки 774 шикоят аз ҳафтум то бистучаҳорми октябр дарёфт кардааст, ки тақрибан се баробари омори сабтшуда дар тӯли ду ҳафта ба таври миёнгин дар соли гузашта аст. Як марди аҳли Элиной ҳам чанде пеш як писарбачаи мусулмони 6 соларо бо зарбаҳои маргбори корд аз пой дароварда ва модари ӯро ҳам захмӣ ва равонаи бемористон кардааст ва полис ҳам ангезаи ин ҷинояти вайро ҷанги Ғазза донист.

Агарчи аксарияти рафторҳои нажодпарастона алайҳи мусулмонон ба бузургсолон, зану мард (ба вижа занони боҳиҷоб ва сатрдор) осеб мерасонад, аммо кӯдакон низ аз ин ҳамлаҳо дар амон набудаанд, бисёре аз волидайн шикоят доранд, ки фарзандонашон дар мадраса бо рафторҳои нажодпарастонаи ҳамсинфҳои худ мувоҷеҳ шудаанд.

 Ҷанги Ғазза дар хидмати барномаҳои сиёсӣ алайҳи мусулмонон

Дар Нидерланд, ҷое, ки ҳамлаҳои нажодпарастона алайҳи мусулмонон дар ин кишвар ҳам сабт шудааст, Хайрт Вилдерс, чеҳраи машҳури ифротӣ дар ин кишвар аз ҷанги ахири Ғазза дар ҷиҳати барномаи сиёсии ҳизби худ баҳра мебарад. Бисёре аз мусулмонони Нидерланд, дар гуфтугӯ бо матбуоти олмонӣ ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар ин бовар ҳастанд, ки “Нидерланд ба сӯи ростгароии ифротӣ пеш меравад” ба гуфтаи мусулмонони ин кишвар хушунат ҳамеша физикӣ нест, балки бо бадгумониҳо ва пайванд додани яҳудиситезӣ ба кулли мусулмонон, метавонад як масъалаи намодин ҳам бошад.

Иттиҳоми яҳудситезӣ ба мусулмонон ҳамвора яке аз иттиҳомҳои роиҷ аз сӯи ростгароёни ифротӣ дар кишварҳои аврупоӣ аст. Ҳайратовар онки бахши аслии бисёре аз ин аҳзобро нозиҳо ташкил медиҳанд, ки омилони аслии ҷиноятҳо алайҳи яҳудиён дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон будаанд.

Комиссияи Аврупо ҳам афзоиши яҳудситезӣ ва нафрат алайҳи мусулмононро таъйид кардааст. Маргаритс Шинос, муовини раиси ин комиссия гуфт, ки Аврупо бо вазъияти нигаронкунандае мувоҷеҳ аст ва бояд аз вахимтар шудани он ҷилавгирӣ шавад. Вай аз ихтисоси 30 миллион евро будҷаи иловагӣ барои ҳифозат аз маконҳои умумӣ ва ибодатгоҳҳои мусулмонон ва масеҳиён хабар дод.

Ба гуфта ин мансабдори олирутбаи Иттиҳоди Аврупо, қарор аст ки моҳи феврал оинномаи рафторӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳадафи баррасии таҳдидҳои онлайн ва мубориза бо суханони ғайриқонунии нафратангез танзим карда шавад.

Ногуфта намонад, ки ин рӯзҳо мардуми ҷаҳон, мусулмону ғайри мусулмон ҷиноятҳои режими палиди саҳюнистӣ изҳори андӯҳи шадид мекунанд ва тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои зиёде дар маркази шаҳрҳои ҷаҳон баргузор мекунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам аз ин бистар барои иттилоърасонӣ ва ҳаракатҳои зидди саҳюнистӣ истифода мекунанд. Намунаи ошкори он ҳам чунин буд, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаракате ба роҳ афтод, ки корбарони зиёде ба дини Ислом гаравидаанд ва ё бо Қуръони Карим ва дини Ислом ошно шудаанд ва ин хабарро дар сафҳаҳои шахсии худ эълон карданд; ин ҳаракати интернетӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дида шуд ва бисёре корбарон ҳам ба ин ҳаракат пайвастаанд.

Сабр, оромиш, яқин ва эътимоди мардуми Ғазза, ки бо мушкилҳо ва маусибаҳои аз даст азизони ва хонаҳояшон дасту панҷа нарм мекунанд, ин саволро дар зеҳну андешаи мардуми ҷаҳон ва шаҳрвандони аврупӣ ва бахусус ғайримусалмонҳо ба вуҷуд овардааст, ки омили ин ҳама оромиш ва сабр дар чист?! Ва онҳо посухи саволашонро дар дини Ислом ва Қуръони Карим пайдо кардаанд.

Агар ғайри мусулмонҳо, ки ҳоло бо ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ бо Ислому Қуръон ошно шудаанд ва ҳатто ба дини Ислом ҳам гаравидаанд, инчунин аз Фаластин дифоъ мекунанд, барои мардуми мусулмон дар саросари ҷаҳон ҳам бояд бистар омода шавад, то бо хотири осудатар роҳу андешаи чанддаҳсолаи худро дар пеш гиранд, озодии баён дошта бошанд ва аз ҳаргуна таҳдиду фишоре дар амон бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад