Эътирофи Амрико ба набуди роҳи ҳалли низомӣ барои ҷанги Украина

Генерал Чарлз Браун Ҷуниор (Charles Brown Jr), раиси Ситоди муштараки артиши Амрико бо баёни ин ки ҷангҳо ҳамеша бо як тавофуқи дипломатӣ ба поён мерасанд, таъкид кард: Ҳеҷ роҳи ҳали низомӣ барои даргирии Украина вуҷуд надорад.

Браун дар посух ба ин пурсиш, ки оё ҷанг дар Украина бо бозпасгирии ҳамаи он чӣ ки Украина мехоҳад аз Русия пас бигирад, ба поён хоҳад расид? гуфт: Ҳеҷ даргирии низомӣ ба таври комил бо абзори низомӣ ҳаллу фасл нахоҳад шуд, балки дар ниҳоят як роҳи ҳалли дипломатӣ ба поёни даргирӣ хоҳад анҷомид.

Вай бо баёни ин ки ман наметавонам ояндаро пешбинӣ кунам, афзуд: Аммо фикр мекунам Вашингтон метавонад бо идомаи ҳимоят аз Украина ва ирсоли таслеҳоту муҳиммоти мавриди ниёзи Киев дар ба поён расидани ин ҷанг нақш ифо кунад.

Тозатарин мавзеи Вашингтон дар қиболи ҷанги Украина, ки аз забони раиси Ситоди муштараки артиши ин кишвар баён шуда, нишонгари ин масъала аст, ки Иёлоти Муттаҳида ба унвони бузургтарин ва муҳимтарин ҳомии Украина дар ҷанг бо Русия низ ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки ҷанги Украина роҳи ҳалли низомӣ надошта ва дар ниҳоят бояд аз тариқи дипломатӣ поён ёбад. Ин амр ба вижа бо тавваҷуҳ ба нокомиҳои Украина дар зидди ҳамалоти артиши ин кишвар алайҳи мавозеи неруҳои Русия дар устонҳои шарқу ҷануби шарқи Украина ва талафоти бисёр сангину хисороти таҷҳизотии бисёр сангин маъно пайдо мекунад.

Алексей Арестович, муовини собиқи раисиҷумҳури Украина гуфтааст, ки Украина дар ҷараёни ҷанг бо Русия 300 ҳазор низомии худро аз даст додааст.

Ба вуҷуди умедҳои зиёде, ки НАТО ва Амрико ба ин зидди ҳамалот барои шикасти неруҳои русӣ ва ақибнишинии онҳо аз заминҳои Украина доштанд, аммо дар амал русҳо бо пеш гирифтани тактикаҳову таҷҳизоти муносиб тавонистанд бо ин зиддиҳамалот муқобила намуда ва ҳатто бархе заминҳои ҷадидро низ тасарруф намоянд.

Акнун Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии ғарбгарои Украина бо ин воқеият ва низ ин масъала, ки ба далели ҷанги Ғазза тавваҷуҳи ғарбиҳо ва дар раъси онҳо Амрико маътуф ба мунозиаи байни режими саҳюнистӣ ва гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ шуда, мувоҷеҳ шудааст.

Бо вуҷуди интиқодҳоу гилаҳои Зеленский аммо зоҳиран гӯши шунавое барои дархостҳои вай барои идома ва ҳатто афзоиши кумакҳои низомиву таслеҳотӣ аз ҷониби Ғарб ба Украина вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин ки генерал Браун дар суханони худ ваъдаи идомаи ирсоли таслеҳоту муҳиммоти мавриди ниёзи Украинаро дода, аммо бо тавваҷуҳ ба афзоиши мухолифатҳо дар дохили Амрико, ба вижа аз сӯи ҷумҳурихоҳон, идомаи кумакҳои Вашингтон ба Киев ба риволи собиқ дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад.

Нуктаи муҳиме ки раиси Ситоди муштараки артиши Амрико низ ба он эътироф карда, моҳияти абзории Украина барои Вашингтон дар ростои тақобул бо Русия, ба вижа дар саҳнаи Аврупост.

Чарлз Браун Ҷуниор бо таъкид бар ин ки ҳимояти Вашингтон аз Киев барои мо аҳамият дорад, гуфт: Кумак ба Украина бо дар назар гирифтани аҳдофи баландмуддати Вашингтон дар дастёбӣ ба бартарӣ дар муқобили Маскав таъриф мешавад.

Давлати Байден бар ин гумон аст, ки пирӯзии Маскав дар ҷанги Украина бо ҳифзи манотиқи тасарруфшудае ба мафҳуми густариши ҳар чӣ бештари нуфузу қудрати минтақаӣ ва байналмилалии Русия буда ва тавозуни низомиву муодилоти амниятиву низомӣ ва сиёсӣ дар Аврупоро ба зарари Амрико ва НАТО тағйир хоҳад дод. Лизо ба рағми фишорҳои зоҳирӣ ба Киев барои пазириши оташбас ва имзои тавофуқи сулҳ бо Русия аммо дар амал хоҳони идомаи ҷанги Украина ҳастанд.

Масъалаи дигаре ки бояд дар заминаи талоши Амрико барои идомаи ҷанги Украина ва ташдиди тақобули Русия бо Аврупо хотирнишон шавад, манофеи иқтисодиву тиҷории ҳосил аз тағйири улгӯҳои энержии Аврупо бо коҳиш ва ҳатто қатъи воридоти газ аз Русия ва аз сӯи дигар густариши воридоти рӯзафзуни гази мойеи табиӣ аз Амрикост. Дар ин замина бар асоси додаҳои Созмони омори Аврупо ширкатҳои амрикоӣ аз ҳангоми ҷанги Украина гази мойеи табииро ду баробари қимати қабл ва ба арзиши тақрибии 66. 7 миллиард евро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фурӯхтаанд. Албатта Маскав эълом кард, ки бо вуҷуди бархе таҳримҳо аврупоиҳо ҳамчунон ба хариди нафту гази Русия аз тариқи воситаҳо, аммо бо қимати болотар идома медиҳанд.

Дар воқеъ Вашингтон умедвор аст, ки бо идомаи равобити газии ҷадиди ду сӯи уқёнуси Атлас, аврупоиҳо ба муштарии доимӣ ва аслии гази мойеи табиии Амрико табдил шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад