Идомаи ҳамалоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба нуқоти мухталифи Ғазза

Низомиёни режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳамалоти ҳамаҷонибаи худ алайҳи шаҳрвандони мазлуми Ғаззаро идома медиҳанд

Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, ки ба ҳеҷ як аз усул ва мабонии инсонӣ ва қавонини байналмилалӣ пойбанд нест дар сояи ҳимояти Амрико ва сукути ҳақиронаи давлатҳои исломӣ ва ҳуккоми арабӣ ҳамалоти ваҳшиёна ва бераҳмонаи худро алайҳи мардуми бедифоъ ва мазлуми Навори Ғазза идома медиҳад.

Ҳамос эълом кард артиши саҳюнистӣ ба 14 бемористон ба таври мустақим ҳамла кардааст

Дафтари расонаии Ҳамос дар Ғазза эълом кард, ки артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, аз ибтидои ҷанг ба 14 бемористон ба таври мустақим ва пайдарпай ҳамла кардааст.

Бар асоси гузоришот, дафтари расонаии давлати Ҳамос дар Ғазза зимни маҳкумияти ҳамалоти ваҳшиёнаи режими палиди саҳюнистӣ ба бемористони Камол Удвон дар шимоли Навори Ғазза таъкид кард, ки бомбаборони бемористони Камол Удвон тавассути артиши саҳюнистӣ нақзи ҷиддии қавонини байналмилалӣ ва башардӯстона аст.

Дафтари расонаии Ғазза изофа кард: бомбаборони бемористони Камол Удвон ҳокӣ аз вуҷуди тарҳи якпорчаи Исроил барои нобудии бахши дармонӣ ва беҳдоштии Ғазза аст.

Ин ниҳоди фаластинӣ дар Навори Ғазза мегӯяд, «артиши» ишғолгар беш аз 14 бемористонро дар устонҳои мухталифи Ғазза ва шимоли Ғазза ба таври мустақим  ва пайдарпай дорад бомбаборон мекунад.

Алҷазира низ шомгоҳи гузашта ба вақти маҳаллӣ аз даҳҳо шаҳид ва маҷрӯҳ дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба бемористони Камол Удвони Ғазза хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ наздики вуруди бемористони Камол Удвон дар Байтуллоҳия дар шимоли Навори Ғаззаро бомбаборон карданд, ки бар асари он даҳҳо нафар шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд, ки мутаассифона ҳанӯз омори дақиқе аз мизони талафоти ин ҳамлаи ҷинояткорона эълом нашудааст.

Бомбборони бераҳмонаи хонаҳои истиқоматӣ ва бемористонҳо дар Навори Ғазза

بمباران وحشیانه منازل مسکونی و بیمارستان‌های نوار غزه

Дар ҳамин робита шабакаи Фаластинии “Ал-Явм” гузориш дод, ки ҳамалоти ҷангандаҳои артиши режими кӯдаккуш ва хуношоми саҳюнистӣ тайи шаби гузашта ва аз нахустин соати субҳи имрӯз ҳамчунон идома дошта ва мутаваққиф нашудааст.

Ин ҷангандаҳо манозили маскунӣ ва истиқоматӣ дар маҳаллаи Ат-туффоҳ воқеъ дар шарқи шаҳри Ғаззаро бомбаборон карданд. Ҷангандаҳои режими палиди саҳюнистӣ ба шиддат минтақаи Ал-Қарора ва шаҳри Дайр – ул – Балах воқеъ дар маркази Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Дар ин ҳамалоти ҳавоӣ манозили маскунӣ ва истиқоматӣ дар наздикии масҷиди Ал-Водӣ воқеъ дар минтақаи Ал-Қарора дар шарқи Хон-Юнус бомбаборон шуданд.

Ҳамчунин атрофи бемористони Шаҳидони Ал-Ақсо барои дувумин бор тайи соатҳои гузашта бомбаборон шуд ва таркишҳои ин ҳамалот дар ҳавлии бемористон пахш шудааст. Вурудии бемористони Камол Удвон низ бо исобати як мушак ҳадаф қарор гирифт ва теъдоде шаҳид ва захмӣ барҷой гузошт.

Ҳамзамон бо зиёд шудани ҳамалоти ваҳшиёнаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ, тӯпхонаи артиши ин режими кӯдаккуш низ шарқи шаҳри Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дод.

بمباران وحشیانه منازل مسکونی و بیمارستان‌های نوار غزه

Неруҳои муқовимати исломии Фаластин низ бо гуруҳҳои мутаҷовизи саҳюнистӣ дар маҳаллаҳои шайхи Резвон ва Ан-Нусра воқеъ дар шимоли ғарби шаҳри Ғазза даргир шуда ва монеъи пешравии онҳо дар ин манотиқ шуданд.

Созмони дифои мадании Ғазза эълом кард, ки дасти кам се тан аз неруҳои ин созмон тайи соатҳои гузашта ба шаҳодат расида ва яке дигар аз неруҳо муваффақ шудааст. Аъзои боқӣ монда аз кодри кумакрасонии Созмони дифои мадании Ғазза, ки танҳо неруи кумакрасони боқимонда дар Ғазза ба шумор меравад захмӣ шудаанд.

Созмон мазкур эълом кард, ки неруҳои фаластинӣ дар ҷараёни бомбаборони минтақаи Ас-Санафур воқеъ дар шарқи шаҳри Ғазза ба шаҳодат расида ва ё захмӣ шудаанд.

Истодагии неруҳои муқовимат дар Ғазза

Аз сӯи дигар расонаҳои хабарӣ гузориш доданд, ки неруҳои муқовимати исломии Фаластин шадидан бо ишғолгарони саҳюнистӣ дар Навори Ғазза даргир шудаанд.

Бар асоси гузориши ин расонаҳо, даргирии неруҳои муқовимати исломии Фаластин бо мутаҷовизон мушаххасан дар атрофи меҳвари шайх Резвон ва хиёбони Ан-Нусра воқеъ дар Навори Ғазза дар ҷараён аст.

Мудири бемористони Аврупоӣ Ғазза ҳам эълом кардааст: бемористонҳои ҷануби Ғазза ҳам дигар тавони ироаи хадамоти пизишкӣ надоранд ва бахши хадамоти таъҷилии ин бемористон дигар наметавонад маҷрӯҳони бештареро пазириш кунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар гурдонҳои Қассом эълом кард, ки 70 дарсади неруҳои ишғолгари исроилӣ ба сабаби шикасти амалиёти худ дар шимоли Навори Ғазза ва зарботи сахт ва кории муқовимат, маҷбӯр ба ақибнишинӣ аз ин минтақа шуданд.

کشته شدن بیش از ۴۰۰ نظامی صهیونیست از آغاز نبرد طوفان الاقصی

Рӯзи гузашта ҳамчунин, як таҳлилгари исроилӣ дар изҳориназаре хитоб ба мақомоти Телавив гуфт, ки эҷоди камарбанди амниятӣ дар Навори Ғазза амниятро барои Исроил ба армағон намеовард.

Зои Бареил, нависандаи саршиноси исроилӣ ва таҳлилгари рӯзномаи исроилии “Haaretz” дар ин иртибот гуфт: «Исроил наметавонд ба амнияти мавриди назараш даст ёбад ва эҷоди камарбанди амниятӣ бо Навори Ғазза (минтақаи ҳоил) ҳаргиз амниятро барои Исроил ба армағон намеоварад ва ин кор тозае нест, дар таҷрибаҳои қаблӣ ҳам номувафақ будан ва шикасти он собит шудааст, ҳамонгуна, ки эҷоди камарбанди амниятӣ дар марзи бо Лубнон натавонист аҳдофи маддиназарро муҳаққақ кунад ва ин минтақа, ба минтақаи ҷангӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон табдил шуд.»

Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки ба таври шабонарӯзӣ дар таъқиби раҳбарони Ҳамос ва террори онҳо ҳастем. “Даниел Ҳагари”, гуфт, ки раҳбарони ҷунбиши исломии Ҳамос дар Ғаззаро зери назар дорем ва ҳадафи мо террори ҳамаи онҳо аз ҷумла Яҳё Санвар аст.

Артиши режими саҳюнистӣ аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза борҳо эълом карда, ки ба дунболи нобудии Ҳамос ва террори раҳбарони Ҳамос аст, аммо ончи токунун дар Ғазза иттифоқ афтода, бомбаборони манотиқи маскунӣ, бемористонҳо, мактабҳо ва масоҷид ва қатли омми ғайринизомиёни фаластинӣ ба вижа занон ва кӯдакон будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад