Коршинос: Тарҳи ду давлатӣ хиёнат ба Фаластин аст

Аз соли 1917 мелодӣ то имрӯз саҳми фаластиниҳо аз сарзаминашон ба 12% расидааст. Албатта саҳюнистҳо қасд доранд бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ва ҳамкории бархе аз кишварҳои исломӣ ва араби минтақа, боқимондаи соҳибони ин сарзаминро аз минтақаи Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ҳам берун ва овора кунанд, то яҳудиҳоро ҷойгузини онон намоянд. Амалиёти сарнавиштсози Тӯфони Ал-Ақсо дар 7 октябри 2023 тамоми нақшаи ишғолгарон ва ҳомиёнашонро барҳам зад.

 Саъдуллоҳ Зореӣ коршинос ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, тарҳи ду давлати Исроил ва Фаластин дар сарзаминҳои ишғолиро хиёнат ба мардуми Фаластин медонад. Ӯ нигоҳи мухтасаре ба гузаштаи ин масъала карда ва мақсад аз тарҳи онро баён кардааст. Ин коршинос, ки дуюми декабри 2023 дар барномаи “Ба уфуқи Фаластин” аз шабакаи Уфуқи ҶИЭ суҳбат мекард, асл ва ҳадаф аз тарҳи ин масъаларо шарҳ дод.

Тарҳи ду давлатӣ

Як баҳсе бо номи “ду давлатӣ” матраҳ аст, ки амрикоиҳо зиёд аз он суҳбат мекунанд ва бархе аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ ҳам аз он тарафдорӣ мекунанд. Ин тарҳ чист ва чӣ ҳадафе аз баёни он дунбол мешавад? Тарҳи ду давлатӣ тарҳи Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва араби дунболарави Амрико мисли Арабистони Саудӣ, Миср ва Урдун аст, то масъалаи Фаластинро ба нафъи Исроил ба поён бирасонанд ва вазъияти амниятии режими саҳюнистиро мустаҳкам кунанд.

Соли 1917

Ин тарҳ ҷадид нест, чун аз соли 1917 мелодӣ вазири вақти хориҷаи Англис Артур Балфор (Balfour) эъломияе содир ва дар он ба ин масъала ишора карда буд. Бар асоси тарҳи Балфор як кишваре бо номи Фаластин ҳаст, ки дар даруни худ – монанди кишвари Ватикан дар даруни Италия – як давлати яҳудӣ ҳам дорад. Дар он замон беш аз 90% мардуми Фаластин яҳудӣ набуданд. Ин хиёнате буд, ки англисиҳо дар даврони қаймумият нисбат ба Фаластин анҷом доданд. Бинобар ин ҷарақаи ду давлатӣ дар беш 105 сол пеш аз тарафи англисиҳо зада шуд.

Соли 1948

Соли 1948 мелодӣ соли таъсиси режими манҳуси Исроил аст. Дар моҳи ноябри соли 1947 қатъномаи 181-и Созмони Милали Муттаҳид бо унвони қатъномаи “Тақсим” барои таъсиси режими ғосиби Исроил дар Фаластин тасвиб шуд.  Дар ин қатънома баъд аз гузари ҳудуди чиҳилсола Фаластин ба ду бахш тақсим мешавад, ки 57% ба яҳудиҳо ба унвони давлати Исроил ва 42% ба фаластиниҳо дода мешавад ва 1% ҳам барои идораи байналмилалии минтақаи Қудс дар назар гирифта мешавад. То ин замон Фаластинро хеле тарошида ва ба 42% расонданд.

Соли 1993

Баъд ба марҳилаи паймони Осло мерасем, ки дар фосилаи солҳои 1948 то 1993 мелодӣ дар як давраи беш аз чиҳилсола саҳми Фаластин ба 22% коҳиш меёбад. Дар ин паймон (13 сентябри 1993) тавофуқ мекунанд, ки ба фаластиниҳо 22% дода шавад ва бақия аз они Исроил бошад.

Соли 2023

Имрӯз ин 22% саҳми фаластиниҳо дар чӣ вазъияте ҳаст? Дар ин муддат режими ишғолгар бо пешравӣ ва шаҳраксозиҳо бо сокин кардани 600 то 800 ҳазор шаҳракнишини яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ амалан ин минтақаро ба 20 ҷазира тақсим карда ва дар миёни ин ҷазираҳо девор кашида ва неруи низомӣ гузоштааст. Имрӯз саҳми фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза дар маҷмуъ 12% шудааст. Суҳбатҳое, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ мешавад, ин аст, ки биёед ба фаластиниҳо саҳми 12% бидиҳед, то як давлате дар зери нуфузи давлати 88% ба номи Исроил дошта бошанд.

Ҳадафи аслӣ аз тарҳи ду давлатӣ

Ҳадафи аслии бониёни ин тарҳ ин аст, ки ин 12% ҳам минтақаи комилан ғайри мусаллаҳ бошад ва номашро ҳам кишвари ғайринизомии Фаластин гузоштаанд. Бинобар ин муқовимати Фаластин бояд барчида шавад ва фаластиниҳо ҳаққи доштани силоҳро надоранд ва бояд зиндагии сахте мисли вазъияти оворагон дар урдугоҳҳо мисли оворагон дар урдугоҳҳои паноҳандагони фаластинӣ дар Урдун, Сурия ва Лубнон доранд, зери нуфузи Исроил дошта бошанд.

Воқеияти майдонии имрӯз

Аммо воқеият ин аст, ки он давроне, ки дигарон дар конфронсҳо дар СММ, Вашингтон, Аммон, Риёз ё Қоҳира бинишинанд ва барои миллати Фаластин, ки зинда аст, тасмим бигиранд, гузашта ва тамом шудааст.

Имрӯз теъдоди фаластиниҳои ҳозир дар ҳамин манотиқи маҳдуди Фаластин аз яҳудиҳо бештар аст. Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 6-7 миллион фаластинӣ берун аз ватани худашон овора ва мунтазири бозгашт ҳастанд. Агар фақат ҳамин фаластиниҳои дохилро дар назар бигирем, ки бинобар омори худи режими саҳюнистӣ дар соли 2022 ҳафт миллиону дусад ҳазор нафар ҳастанд ва теъдоди яҳудиҳо ҳафт миллиону саду шаст ҳазор нафар ҳастанд, пас чиҳил ҳазор нафар теъдоди арабҳои фаластинӣ дар соли гузашта аз яҳудиҳо бештар будааст. Мутаассифона аз берун дар ҳаққи фаластиниён хиёнат мешавад. Тарҳи ду давлатӣ дар дохили Фаластин бо монеи ҷиддӣ ва мухолифати мардумӣ рӯбарӯ аст. Оё ин аксарияти фаластинии ҳозир дар Фаластин ва сарзаминҳои ишғолӣ иҷозаи амалӣ шудани ин тарҳи хиффатборро хоҳанд дод? Ин хиёнате, ки аз соли 1917 аз тарафи англисиҳо дар ҳаққи мардуми Фаластин оғоз ва то имрӯз раво дошта шуд, ба назар мерасад аслан наметавонад дар Фаластин амалӣ шавад.

Бояд ёдовар шуд, ки амалиёти сарнавиштсози муқовимати исломии Фаластин бо унвони “Тӯфони Ал-Ақсо” дар 7 октябри 2023 ва сабру муқовимат ва таваккули фаластиниҳо ва ҳимояти ҷаҳонӣ аз онҳо ва нафрати ҷаҳонӣ аз ғосибони наслкуши хуношом тамоми нақшаи ишғолгарон ва ҳомиёнашонро барҳам зад. Ба назари огоҳон ин амалиёт зарбаи тармимнопазир ба Исроил задааст ва то пирӯзӣ аз баҳр то наҳр хомӯш нахоҳад шуд. Мақомоти исроилӣ ҳам эътироф кардаанд, ки дигар Исроил ҷои амне нахоҳад буд ва дар ин ҷанг ҳам пирӯз нахоҳад шуд.  Ба умеди рӯзе, ки сарзамини Фаластин ба соҳибони аслии он баргардад ва дигар аз ишғолгарони ҷинояткори хуношоми наслкуш хабаре набошад.

Соҳибназар

4 декабри 2023

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад